Аз рӯйи ахбори оперативии Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2018 68 ноболиғ даст ба худкушӣ задааст, ки бо тарз ва сабабҳои гуногун анҷом ёфтаанд. Аз ин рақам 66 ҳолатро худовезӣ, 1 ҳолатро сӯзондан ва 1 ҳолатро ғарқ кардан ташкил медиҳад. Сабаби 7 ҳолати худкушӣ бемории рӯҳӣ маънидод гардидааст. Сабаби 61 ҳолати дигар то ҳанӯз номаълум боқӣ мондааст.
Дар соли 2017 62 наврас худкушӣ кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2018 6 ҳолат кам аст. Бояд гуфт, ки дар як моҳи соли 2019 дар ҷумҳурӣ 6 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо як моҳи соли 2018 ду рақам камтар аст (соли 2018-8 нафар). Ҳамаи 6 ҳолати худкушӣ бо роҳи худовезӣ анҷом ёфтааст.
Дар маълумотномаи раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон омори худкушӣ ва суиқасд ба он дар байни ноболиғон соли 2018 102 нафар нишон дода шудааст. Дар соли 2017 бошад, 90 ноболиғ худкушӣ кардаанд. Зимни муқоисаи рақамҳо маълум мегардад, ки мутаассифона, омори худкушии ноболиғон сол ба сол дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамчунин, тибқи гузориши маълумотномаҳое, ки аз тарафи ниҳодҳои дахлдор пешниҳод карданд, ҳолатҳои худкушӣ бештар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд. Мисол, агар дар соли 2017 дар вилоят 31 ноболиғ даст ба худкушӣ зада бошад, дар соли 2018 ин рақам 37 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷойи дуюм вилояти Хатлон меистад. Ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани кӯдакону наврасон дар вилоят соли 2017 27 нафар ва соли 2018 бошад, 32 нафарро ташкил медиҳад, ки ин вазъ аз тарафи коршиносон нигаронкунанда арзёбӣ мегардад.
Мувофиқи омори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, соли 2015 ҳодисаҳои худкушӣ дар байни наврасон яке аз сабабҳои аслии марги шахсони 15-29-сола нишон дода шудааст. Ин падидаи номатлуб, мутаассифона, дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, солҳои охир рӯ ба афзоиш овардааст.
Духтари наврасе дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ-имо бароям навишту хост, ки кумакаш кунам, зеро дар марҳалаи сахти зиндагӣ қарор гирифтааст. Талаби ёрию имдод кард. Наврас Ф. Л (ному насаб иваз шудааст), хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд гуфт, ки муддатест, падараш дубора зан гирифтаасту дар шаҳри Душанбе зиндагиро ихтиёр кардааст. «Баъди издивоҷ падар тамоман моро фаромӯш кардаасту кумак намерасонад. Имсол синфи 11-ро хатм мекунам. Аллакай хостгорҳо омада истодаанд. Аз ояндаам нигаронам, маро чӣ мегӯянд? Бепадар, падараш онҳоро партофтагӣ», - мегӯянд? Аз шарм байни ҳамсолону ҳамдеҳагон сар бардошта наметавонам. Мехоҳам дору хӯрам, худамро ба дарё партоям ё … Дигар наметавонам ин шармандагиро тоқат карда. Мешавад, ки шумо бо падари ман гуфтугӯ карда, ҳолати вазнини маро фаҳмонед? Як мақолаи калон нависед, ки ба дасташон расад ва аз дарди дили ман огоҳ шавад. Аҳволи модарамро бинам, дилам оташ мегирад. Ба мо ёрӣ расонед, муаллима».
Баъди хондани ин сатрҳо худамро дар ҷойи он духтар тасаввур кардам. Наврас аз фишори ҳодисаҳо ба ҷон омадаасту роҳи ҳалро мустақилона пайдо карда натавониста истодааст. Модар низ ба ҳоли худ овора асту ба фишорҳои рӯҳии духтараш бепарво. Ноболиғ танҳо мондааст. Фикр мекунад, ки дар ин олами бузург дигар ба касе даркор нест. Ва ба ҳамин хулоса омадааст, ки ин ҷаҳонро тарк кунад.
Баъди суҳбатҳои зиёд ва то ҳадде оромтар шудани вазъаш иловатан ба ӯ тавсия додам, ки ба намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Суғд ҳатман муроҷиат намояд (рақамҳои телефони намояндагиро додам) ва маслиҳату машварат гирад. Баъди чанд рӯзи суҳбату машваратдиҳӣ ҳоли духтарак беҳтар шудааст. Ин ҳодиса яке аз сабабҳои худкушии наврасон аст. Дар кулл сабабу омилҳои ин амали номатлуб гуногун ва хеле зиёд аст. Аз тариқи шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ намоиш додани филмҳои хориҷӣ ба қавле таблиғи худкушӣ ба шумор меравад. Мо мебинем, ки аксари қаҳрамонони ҷавони ин силсилафилмҳо бо пеш омадани андаке мушкилӣ даст ба худкушӣ мезананд. Онҳо фикр мекунанд, ки роҳи халосӣ аз бунбаст ҳамин аст. Дар филмҳо асосан қаҳрамононро аз марг наҷот медиҳанд ё бо кадом роҳу муъҷизае зинда мемонанд. Аммо дар ҳаёти воқеӣ кор ранги дигар дорад. Нафареро, ки мехоҳад бо ҳаёт падруд гӯяд, касе наҷот намедиҳад. Ҳарчанд ӯ то охирин лаҳза умедвор аст, ки ҳамин ҳоло касе мисли «фариштаи наҷот» меояду аз ин ҳолати асафбор халосаш мекунад. Аммо филм дигар асту воқеияти зиндагӣ чизи дигар! Дар филму наворҳои видеоӣ аксари вақт худкушӣ ба гунае таблиғ мешавад. Ё дар васоити ахбори омма ин мавзӯи ногуворро бо сарлавҳаҳои диққатҷалбкунанда навишта, мавзӯъро ба қавле «романтизироват» мекунанд. Ба ақидаи равоншиносон, дар сарлавҳаҳои нашрияҳо навиштани худи калимаи «худкушӣ» ҷоиз нест, зеро бо дидани ин калима одам хоҳ-нохоҳ дар ин мавзӯъ фикр мекунад. Наврасон агар ингуна «маводҳои доғ»-ро бинанд, ба гунае орзу мекунанд, ки қаҳрамони ин қисса ман бошам. Баъзе кӯдакон ҳангоме ки яке аз волидон каме сарзанишашон кунанд, даст ба худкушӣ мезананд ва бо ин роҳ мехоҳанд падару модарро ҷазо диҳанд. Кӯдак кӯдак асту ҷаҳонбинии васеъ надорад, меандешад, ки волидонро «танбеҳ»-и хуб медиҳад, то дар оянда дигар ба хостаҳояш сар фароранду эрод нагиранд, аммо намедонад, ки аз он дунё дигар роҳи баргашт нест.
Чанде пеш аз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ гардидем, ки наврасе аз вилояти Суғд ба ин кор даст задааст. Ашхоси огоҳ аз қазия гуфтанд, ки модари ин писарбача муддати зиёд аз Ватан дур будаасту писарбача дар хонаи бобои модарияш тарбия мегирифтааст. Баъди чандин муддат модар аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегардад. Бо аҳли хонавода маслиҳат мекунанд, ки бозор рафта, харид кунанд. Писарбача ҳам хоҳиш мекунад, ки ӯро ҳамроҳ гиранд, зеро мехоҳад бо модараш бошад. Ӯ солҳои зиёд аз дидору меҳру навозиши модар маҳрум буд, вале инро касе ба инобат гирифтан намехоҳад. Бобои писарбача зиддият нишон медиҳад ва ӯро дар хона мемонанд. Вақте бузургтарони хонавода ба бозор мераванд, писарча аз алам худкушӣ мекунад. Яъне, ба хостаи калонсолони хонавода эътироз баён мекунад. Шояд ӯ фақат мехост, ки ба онҳо як «эркагӣ ё ноз» кунад, фикр намекард, ки худ аз ҳаёт маҳрум мешавад. Сари эҳсос ба ин хулоса мерасад, аммо аз оқибатҳояш фикр намекунад. Аммо анҷоми ин қиссаи писараки ормонӣ фоҷиабор буд. Аз ин рӯ, пайваста бо кӯдак бояд кор кард. Дар ин росто, нақши падару модар ниҳоят муҳим ва калидист. Мо бояд бачаҳоро аз худ дур накунем, доимо бо онҳо наздик ва аз фикру андеша, проблемаҳояшон огоҳ бошем, дарди дилашонро пурсем, хабардор бошем. Бо фарзандони худ мисли дӯсту рафиқ бошем, то онҳо бе мулоҳизаву худдорӣ ҳама розу ниёзашонро бароямон гуфта тавонанд, дар байни мову ҷигарбандонамон бояд садде вуҷуд надошта бошад. Агар фарзанд рози дилашро ба волидонаш гуфта натавонад, дармемонад, зеро худаш қобилияти мустақилона ҳал кардани мушкилоташро айни замон надорад.
Баъзе волидоне ҳастанд, ки худашон дар гирдоби мушкилоти зиндагии хеш ғарқ гашта, ба кумаки равонӣ ва як ҳамдиле ниёз доранд, аз ин рӯ, фарзандашон аз мадди назар дур мондааст. Даргири мушкилоти хеш, нофаҳмиҳои зиндагии занушавҳарӣ шуда, ба тарбияи дурусти фарзанд таваҷҷуҳ намекунанд, ба мушкилоту дармондагиҳои ҷигаргӯшаашон бетафовутанд.
Дар ин росто мисолҳо зиёданд. Ҳодисае нохуше, ки чанде пеш дар сархати расонаҳо қарор гирифт, худкушии хонандаи синфи 8-и мактаби рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фурқат Алимов буд. Ӯ субҳи барвақти 25-уми июн аз бинои баландошёнае, ки дар он бо аҳли оила зиндагӣ мекард, худро партофт. Ин ҳодиса дар ҳудуди фурудгоҳ рух дод. Модари Фурқат дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки рӯзи 27-уми май байни писараш ва ду хонандаи синфи 7-и мактаби номбурда баҳсу ҷанҷол шудааст, ки дар натиҷа модарро ба шуъбаи милитсия даъват карда, мегӯянд, ки 120 сомонӣ ҷарима мекунем. Фурқат ҳамон рӯз ба модараш гӯё гуфтааст, ки дар ин ҷанг гуноҳ надорад, гунаҳкор асосан он ду наврас мебошанд. Директори мактаб Назира Назарова ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигорон ҷанги байни Фурқат ва дигаронро рад карда мегӯяд, ки ин хонанда бо баҳои хубу аъло таҳсил мекарду дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буд. Дар мактаб ягон проблема надошт. Аз оилаи онҳо 3 нафар дар мактаби №-16 таҳсил мекунанд.
Аз давоми суҳбати Н. Назарова бармеояд, ки вазъи иқтисодии оилаи Фурқат бисёр бад буда, ин се нафар ҳар се моҳ як маротиба аз тарафи давлат кумакпулӣ мегирифтанд. Ҳамсояҳо низ ин фарзияро тасдиқ карда, мегӯянд, ки аҳволи иқтисодии хонаводаи онҳо хеле бад будааст. Падари хонавода даргузаштаву тарбияашон бар дӯши модар афтодааст. Коршиноси масоили иҷтимоӣ, ҳамзамон ҳамсояи ин хонавода Шаҳноз Комилзода бар ин назар аст, ки модар вазифадор аст, ки барои фарзандони ноболиғаш одитарин шароитро фароҳам орад. Аммо дар ин оила вазъият ин гуна набуд, ки ин, албатта, бемасъулияти модарро нишон медод. Муҳити хонаводаашон бисёр мудҳиш буд, ҳуҷраҳо ифлосу валангор ва пур аз асбобу анҷоми куҳнаву фарсуда. Модари Фурқат аз партовгоҳҳо асбобу анҷоми куҳнаро ҷамъ мекард ва бо фарзандонаш ба куҳнабозор бурда, мефурӯхт. Дар хонаи дуҳуҷрагӣ ҳеҷ шароити мусоидеро барои фарзандонаш фароҳам наовардааст.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар худкушии ин писарак нақши оила низ амиқ аст. Агар ӯ дар оилае ба воя мерасид, ки ба хостаҳояш, дунёи ботинияш таваҷҷуҳ мекарданд, қасд ба ҷони худ намекард. Аз тарафи оила-модар ягон таваҷҷуҳ барояш зоҳир намешуд, рӯйи меҳру навозиши модаронаро шояд моҳҳову солҳо намедид. Ӯ зиндагӣ намекард, кӯдакӣ надошт, танҳо вуҷуд дошт. Фурқат дар баробари мушкилоти зиндагӣ худро яккаву танҳо эҳсос кард ва роҳи ягонаи халосиро дар худкушӣ дид. Шояд модараш барои ҳамин метарсад, ки барои бемасъулиятӣ ниҳодҳои дахлдор аз ҳаққи модарӣ маҳрумаш кунанд. Аз ин рӯ, милитсия ва мактабро гунаҳкор мекунаду ягон зарра худро дар худкушии писар гунаҳкор намедонад.
Коршиносону мутахассисоне, ки ҳамроҳашон дар ин мавзӯъ суҳбат оростам, андешаву назарҳои мухталиферо бароям баён доштанд. Аз ҳама ҷолибаш ин аст, ки аксари онҳо дар суҳбатҳои инфиродӣ (пас аз анҷоми суҳбати расмӣ) изҳор медоштанд, ки ҳар кадомашон дар тӯли зиндагӣ ҳадди ақал як бор дар ин бора-падруд гуфтан бо ҳаёт андешидаанд. Вақте ҳолати сахти зиндагӣ пеш меояд, инсон зуд ба фикри мурдан меафтад. Дар ин миён танҳо ҳамонҳое наҷот меёбанд, ки рӯҳияи солиму қавӣ доранд.
Муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев иброз дошт, ки дар кишварамон солҳои охир зиёдшавии ин ҳодиса ба қайд гирифта шуд, ки боиси нигаронист. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдори он, аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми баҳри пешгирӣ намудани паҳншавӣ ва аз байн бурдани сабабҳои даст задани наврасону ҷавонон ба ин амал чораҷӯӣ карда истодаанд. Барои муайян намудани сабабу омилҳои ҷойдошта бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2011 бо ҷалби мутахассисони Донишгоҳи Колумбияи ИМА ва равоншиносони ватанӣ дар ҳудуди вилояти Суғд омӯзиши ҷомеашиносӣ-равоншиносӣ дар мавзӯи «Тадқиқи паҳншавӣ ва динамикаи худкушиҳо дар байни кӯдакону ҷавонон» баргузор карда шуд. Мувофиқи ҳисобҳо паҳншавии чунин амалҳо дар вилояти Суғд дар солҳои 2009-2010 тақрибан 12,2 ҳолат ба 100 000 ҷавонро ( аз 12-сола то 24-сола) ташкил дод. Маълум гардид, ки ҳодисаҳои худкушӣ дар байни духтарон нисбат ба писарон бештар аст. Дар бисёр ҳолатҳо сабаби ин падидаро бемориҳои равонӣ ташкил медиҳанд, вале он дар байни ашхоси аз нигоҳи равонӣ солим низ зиёд ба чашм мерасанд. Натиҷаҳои ин омӯзишу тадқиқот ва хулосаи коршиносон нишон дод, ки наврасону ҷавонон бо сабабҳои бемориҳои рӯҳӣ ва косташавии ҳолати равонӣ, мушкилот бо аъзои оила ва ё ҳамсолон, шуурнокии пасти дарки мафҳуми муҳаббат, зӯроварӣ дар оила ва муносибати бераҳмона аз ҷониби калонсолон, мушкилоти молиявии оила, муҳоҷирати волидайн, беназоратӣ ва меҳнати маҷбурии наврасон, ҳодисаи осебовари азсаргузаронида, аз ҷумла, зӯроварии шаҳвонӣ, маҳдудкунии иҷбории наврасдухтарон ва никоҳи барвақтии маҷбурӣ, мушкилоти саломатӣ, хусусан, бемориҳои музмин ва маъюбият даст ба ин амали номатлуб мезананд.
Ба андешаи ман, яке аз сабабҳои зиёд будани чунин амалҳо дар кишвар ба камшумор будани мутахассисон ва марказҳои ёрии равоншиносӣ алоқаманд аст. Дар ин самт Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби мутахассисон ва хатмкардагони ихтисоси равоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷиҳати кор дар вазифаи равоншиноси мактаб чораҳо андешида истодааст. Сабаби дигар набудани низоми ҳамкорӣ ва бозравонасозии наврасони дорои мушкилот ба мутахасисони соҳаҳои дахлдор мебошад. Дар ин самт айни замон санади муайянкунандаи чунин ҳамкориҳо – «Механизми миллии бозравонасозӣ» таҳия шуда, мавриди омӯзиши коршиносон қарор дорад.
(Давом дорад)
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр