Бемории ВНМО /СПИД/ то имрӯз миллионҳо нафар одамро ба ҳалокат расондаасту ба ҷони миллионҳо нафари дигар таҳдид дорад. Аз рӯи таҳлилҳои муҳаққиқони соҳа дар ҳар дақиқа дар ҷаҳон сад нафар мубталои ин беморӣ мешаванд.
Чунин беморӣ оё дар ҷумҳурии мо низ ба қайд гирифта шудааст? Сабабҳои гирифтор шудан ба он аз чӣ иборат аст? Оё гирифторони ин беморӣ роҳҳои табобат ва муолиҷаи худ-ро доранд? Роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ кадом аст? Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шарикони хориҷӣ барои бартараф кардани ВНМО кадом корҳоро ба анҷом мерасонанд?
Муовини директори муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО Дилшод Сайбурҳонов дар суҳбат ба мо чунин иброз дошт:
- ВНМО масунияти одамро, ки муҳофизаткунандаи организм аз ҳама гуна бемориҳо мебошад, суст менамояд. ВНМО ба ҳуҷайраҳои махсуси системаи масуният (СД4- ҳуҷайраҳо) зарар мерасонад. Аз рӯйи паст шудани миқдори СД4 ҳуҷайраҳо дар бораи давраи беморӣ хулоса мебароранд. Агар сари вақт шахси сироятёфта аз ташхис нагузарад ва ба табобати зидди ин вирус фаро гирифта нашавад, шахс ба бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ ё ВНМО) гирифтор мешавад. БПНМ бошад, бемории пайдошудаи норасоии масуният аст. Дар ҳолати суст шудани системаи масуният, организми инсон қобилияти муқовимат ба ҳамагуна бемориҳо, махсусан, бемориҳои сирояткунанда (масалан, сил)-ро гум мекунад. Айни замон доруҳое, ки барои боздоштани афзоиши сирояти ВНМО дар бадан равона карда шудаанд, мавҷуданд. Яъне, одами ВНМО+ метавонад, умри дароз бинад. ВНМО бори нахуст соли 1981 дар ИМА ва пайдоиши вируси он соли 1983 дар Фаронса ба қайд гирифта шудааст.
Таъсири манфии ВНМО на танҳо ба соҳаи тандурустӣ, балки ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои ҷаҳон хисороти зиёд ворид мекунад. Тибқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии танду-рустӣ ва Барномаи махсуси СММ оид ба пешгирии ВНМО дар дунё айни замон зиёда аз 36 миллион нафар сироятёфтагони ВНМО зиндагӣ карда истодаанд. Аз оғози эпидемия то имрӯз ин сироят сабаби фавти тақрибан 40 миллион нафар одами сайёра гардидааст.
Мутаассифона, шумораи сироятёфтагони ВНМО дар ҳамаи давлатҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон низ шомили он мебошад, рӯ ба афзоиш аст. Аз ҷониби дигар, хурсандиовар аст, ки дар байни давлатҳои минтақа ҳолати эпидемикии сирояти ВНМО дар кишвари мо нисбатан муътадил буда, паҳншавии он ба 100 ҳазор нафар аҳолии кишвар ба 115, 7 нафар баробар аст. Ин дар ҳолест, ки ин нишондод дар Федератсияи Россия 751, 8 нафар, дар ҷумҳуриҳои Украина 729, 1, Қазоқистон 145, 4, Қирғизистон 131, 2 ва дар Ӯзбекистон 127, 5 нафарро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, дар ҷумҳурии мо низ гирифторони ин беморӣ ба мушоҳида мерасад. Аз соли 1991 то 30 июни соли ҷорӣ теъдоди онҳо 11367 нафарро ташкил медод. Аз ин 3059 нафарашон бо мурури солҳо фавтиданд. Ҳоло 8308 нафар дар қайди муассисаи мо мебошанд, ки бо ин вирус зиндагӣ карда истодаанд. Аз ин миқдор 6400 нафарашон (77%) табобат гирифта истодаанд. Бояд гуфт, ки табобат ройгон ва ихтиёрӣ буда, сатҳу сифати он нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардидааст. Аз миқдори умумии номбаршудаҳо (8308 нафар) 1948 нафарашон дар шаҳри Душанбе, 1834 нафар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 2341 нафар дар вилояти Хатлон, 1807 нафар дар вилояти Суғд ва 378 нафар дар ВМКБ зиндагӣ доранд. Ҳамаи онҳо зери назорати доимии мутахассисон ҳастанд.
Тақрибан 24 фоизи дигар худро аз табобат дур гирифтаанд. Яке аз сабабҳо ин аст, ки онҳо худро тандуруст ҳис мекунанд, аз бемориашон шикоят надоранд. Қисми дигар кӯч баста, аз як минтақа ба минтақаи дигар ё ба хориҷа ба мардикорӣ мераванду табобатро идома дода наметавонанд ва ҳамин тавр муолиҷаро мавқуф мегузоранд. Гурӯҳи дигар аз табобат рӯирост саркашӣ мекунанд. Чунонки гуфтем, табобат ихтиёрист, вале бояд зарурати онро таъкид кард.
Бубинед, агар касони гирифтори ин беморӣ табобатро муддати 2-3 моҳ идома диҳанд, шумораи вирусҳо то ҳадде кам мешавад, ки онҳо ҳангоми ташхиси лабораторӣ намоён намегарданд. Маризони зикршуда агар 1 – 2 моҳи дигар беаҳамиятӣ карда, табобат нагиранд, ҳаракати вирусҳо дар организм боз баланд мешавад. Дар ҳолати коҳиш ёфтани шиддати вирус тавассути хун ба каси дигар намегузарад, ба шарте ки табобатро бемор идома додан гирад. Нафароне, ки дидаву дониста табобат намегиранд, мувофиқи се кодекс – ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тандурустӣ ва ҷиноятӣ шахс дар шакли ҷарима муҷозот мешаванд. Зеро ҳолати саркашӣ аз муолиҷа хатари паҳнсозиро ба миён оварданаш мумкин аст. Ба онҳо, ки дар қайди муассисаи мо ҳастанд, ин масъалаҳоро фаҳмонида, имзояшонро мегирем.
Бемории ВНМО бо роҳҳои гуногун ба одамон сироят мекунад:
1. Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ: Шахси солим ҳангоми алоқаи ҷинсии бемуҳофизат (бе истифода аз рифола) бо шахсони тасодуфӣ метавонад ба ин беморӣ гирифтор шавад.
2. Бо роҳи хун ба хун: Шахси солим ба воситаи хуни сироятшуда ҳангоми хунгузаронӣ, истифодаи асбобу таҷҳизоти тиббӣ ва ғайритиббии бо ин вирус олудашуда метавонад сироят ёбад. Сироятёбӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад ба амал ояд: ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои як маротиба истифодашуда дар байни нашъамандон, истифодаи асбобҳои халандаву бурандаи безарарнашудаи ҷарроҳӣ ва стоматологӣ, асбобҳои хатнакунӣ дар шароити хона, дар утоқҳои косметологӣ (кошонаҳои ҳусн, салонҳои холкӯбӣ ва сӯзанзанӣ). Инчунин, амалиёти ғайримаъмулии хунгирӣ, колаку ҳиҷома, гӯшу бинисурохкунӣ дар шароити ғайрисанитарӣ сабаби паҳншавии ин сироят шуда метавонанд.
3. Аз модари сироятёфта ба кӯдак: Аз модари гирифтори ВНМО дар давраи ҳомилагияш, дар вақти таваллуд ва бо воситаи шири модар ба кӯдак ҳангоми макондан гузаштани ин сироят имкон дорад.
Имрӯз тибқи таҳқиқоти мутахассисони мо 64, 6 % мардон ва 35, 4 % занон гирифтори ин беморианд. Синну соли онҳое, ки ба ин беморӣ мубтало гардидаанд, аз 18 то 35 - соларо дарбар гирифтаанд, ки ин ҳам сабаб дорад, зеро дар ин синну сол дар байни онҳо алоқаи бетартибонаи ҷинсӣ ба назар мерасад. Ба ин гурӯҳ нашъамандон ҳам дохил мешаванд.
Ҳолати эпидемиологии ВНМО дар ҷумҳурии мо аз ҷониби мутахассисони соҳа ва мушовирони байналмилалӣ ҳамчун ҳолати «Эпидемияи ҷамъшаванда, яъне, марҳилаи консентратсионӣ» арзёбӣ гардида, паҳншавии он бештар дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба мушоҳида мерасад.
Муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба бемории ВНМО яке аз гурӯҳҳои осебпазир буда, ба болоравии сатҳи сироятёбии аҳолӣ бо ин беморӣ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи имрӯзаи инкишофи худ ҳамчун ҷумҳурии дорои сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ мегардад, ин бори гаронро низ бар дӯш дорад. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, сатҳи дарёфти сироят дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз соли 2008 аз 5, 5% то 14, 5 % дар соли 2018 баланд шудааст.
Ҷавонони мо бо мақсади беҳтар намудани вазъи иқтисодии оилавиашон ба дигар давлатҳо, ки ҳолати эпидемикии онҳо оид ба сирояти ВНМО дар муқоиса ба давлати мо ташвишовартар мебошад, сафар мекунанд. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, эҳтимолияти гирифторшавӣ ба мушкилиҳои иҷтимоӣ, ба мисли нашъамандӣ, майзадагӣ, сироятшавӣ бо бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ ва хун зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 90 фоизи шавҳарони занони ҳомилаи сироятёфтаи ВНМО, дар гузашта дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд ва алоқаи ҷинсии бемуҳофизатро инкор намекунанд. Ҳарчанд бо мақсади пешгирии ин сироят аз модар ба кӯдак аз ҷониби муассиса ва сохторҳои дахлдор тамоми чораҳои пешгирикунанда амалӣ карда шаванд ҳам, ҳолатҳои таваллуди фарзанд дар шароити хона кам нестанд. Аз ин рӯ, ин омил эҳтимолияти сироятнокшавии кӯдаконро дар батни модари сироятёфта, ҳангоми таваллуд ва ҳангоми маконидан зиёд мегардонад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун узви вобаста ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат ба эпидемияи ВНМО, бо давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фаъолона ҳамкорӣ карда истодааст ва дар фаъолияти хеш дар ин самт ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи генералии СММ, аз ҷумла, Эъломия оид ба пайравии фаъолият нисбат ба мубориза алайҳи ВНМО ва БПНМ аз соли 2011 – ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 боз як ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО барои солҳои 2016 – 2021, ки ба пурзӯр намудани фаъолиятҳо ҷиҳати барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 бахшида шудааст ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯби расидан ба ҳадафҳои рушди босубот мебошад, қабул намуд.
Ҳадафу вазифаҳои ин ҳуҷҷати муҳим бо ҳолати кунунии эпидемияи ВНМО дар ҷумҳурӣ ҳамоҳанг гардида, онҳо бевосита дар «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020» инъикос гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли 2018 таъкид намуданд, ки пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла, вируси норасоии масунияти одам кори дастҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд. Дар самти пешгирии ин сироят, ки таъсири манфии он ба оила, ҷомеа ва дар умум ба генофонди миллӣ мерасад, мусоидати тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, бахши ҷавонон, занон ва оила, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти қудратӣ, воситаҳои ахбори омма ҷамоатҳо ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хеле зарур аст. Дар баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, беҳтар намудани илму дониши кӯдакону наврасон, тарғиби зиндагии солим ва шоистаи ҷавонон ва дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб саҳми ҳар як сохтору мақомот муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр