Гузоришҳо аз марказҳои имтиҳонсупорӣ
Ҳафтаи дувум аст, ки дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, дар марказҳои имтиҳонии таъсисдодашуда имтиҳоноти дохилшавӣ тибқи низоми тестӣ идома доранд. Субҳи 3-юми июли соли равон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ноҳияи Сино довталабони зиёде ҷамъ омада буданд, ки онҳоро падару модарон ва пайвандонашон ҳамроҳӣ мекарданд. Соати 9:00 имтиҳон оғоз гардид ва чанде баъд волидон ба толори ҷаласаҳои мактаб баҳри мустақиман шинос ва огоҳ шудан аз ҷараёни имтиҳон пазироӣ карда шуданд. Дар маҷлисгоҳи васею барҳаво тавассути монитори барҷаста рафти баргузории имтиҳон намоиш дода мешуд.
Баҳри баргузории имтиҳон ба довталабон 30 синфхона ҷудо карда шудааст. Дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ барои довталабон шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
-Дар маҷлисгоҳ ба суолҳои волидони довталаб посух дода, баъзе масоили нозукро дар раванди имтиҳонот баён намудем,-мегӯяд корманди масъули ММТ П. Шаропова. - Аз ҷумла, суол шуд, ки довталаб бо забони ӯзбекӣ таҳсил кардаасту бо забони тоҷикӣ умуман ҳарф зада наметавонад. Дар ин ҳол, ҳангоми имтиҳонсупорӣ ӯ чӣ бояд кунад? Гуфта шуд, ки довталаб бояд ҳатман забони тоҷикиро донаду бо ин озодона ҳарф зада тавонад. Тибқи талаботи қонун, дар доираи низоми ИМД довталабон бо ду забони тоҷикӣ ва русӣ имтиҳон месупоранд. Забони имтиҳонсупориро худи довталаб дар вақти бақайдгирӣ интихоб мекунад. Дар доираи ихтисосҳои гурӯҳи «Б» агар довталаб ихтисоси забон ва адабиёти ӯзбекро интихоб карда бошад, субтести забон ва адабиёти ӯзбекро бо забони ӯзбекӣ супорида, боқимонда субтестҳоро бо забони русӣ ё тоҷикӣ месупорад.
5-уми июл мо ба мактаби рақами 100-и ноҳияи Шоҳмансур омадаем. Дар маҷлисгоҳи он директории маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ дар назди волилон суханронӣ мекард ва ба суолҳои эшон посухҳои қонеъкунанда медод. Ёвари маркази имтиҳонӣ Назима Камолова дар суҳбат иброз дошт, ки имрӯз дар имтиҳон, ки дар маркази имтиҳони 01/85 баргузор шуда истодааст, 392 нафар ҳозир шуда, 27 нафар бо сабабҳои номаълум иштирок намекунанд, Имтиҳон дар 28 синфхона баргузор шуда, 28 маъмури имтиҳонӣ, 8 маъмури калон, 4 нафар бақайдгиранда ва 2 маъмури имтиҳонӣ раванди имтиҳонро назорат мекунанд. Дар толори таълимгоҳ бо чанд нафар волидони довталабон ҳамсуҳбат гардидем. Аз ҷумла, сокини деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб, омӯзгори собиқадор Ҷумъа Арабов гуфт, духтараш Меҳрангезро, ки имрӯз аз гурӯҳи ихтисосҳои панҷум имтиҳон месупорад, ҳамроҳӣ мекунад. Меҳрангез хатмкардаи мактаби №94-и ноҳияи Сино буда, бо баҳоҳои хубу аъло таҳсил мекард. Номбурда ба гурӯҳи ихтисосҳои кластери панҷум ҳуҷҷат супорида, оянда духтур шуданист. Ба таъкиди Ҷ. Арабов, Меҳрангез дар машғулиятҳои иловагӣ, ки аз фанҳои химия, биология ва математика гузаронида мешуд, фаъолона иштирок мекард. Дар Ҷамоати деҳоти Зиддӣ мутахассисони соҳаи тиб намерасанд. Роҳ то пойтахт аз деҳоти ҷамоат дур буда, 65 км-ро ташкил медиҳад. Меҳрангез ба имтиҳоноти дохилшавӣ омодагии ҳаматарафа дида, бовар дорад, ки бо сарбаландӣ сазовори номи донишҷӯ мегардад. Сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Лутфия Абдухолиқзода ва муовини вазири маориф ва илми кишвар Сайфиддин Давлатзода бо раванди имтиҳон дар мактаби рақами 100 шинос гардиданд. Дар маркази имтиҳонии №01/07, ки дар мактаби рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансур ҷой гирифтааст, низ имтиҳонот аз рӯйи ихтисосҳои кластери панҷум идома дошт. Дар 24 синфхонаи имтиҳонӣ аз 360 нафар довталаб 319 нафар ба иҷрои саволу супоришҳои тестӣ машғул буданд. Ба иттилои роҳбари маркази имтиҳонӣ Абдулваҳҳоб Одинаев, имтиҳоноти дохилшавӣ дар марказ идома дошта, рӯзи аввал аз рӯйи ихтисосҳои гурӯҳи дуюм 431 нафар довталаб имтиҳон супурданд. Рӯзҳои дуюм аз рӯи ихтисосҳои гурӯҳи сеюм 379 нафар довталаб дар имтиҳонот иштирок доштанд. Дар умум, довталабон дар имтиҳоноти дохилшавӣ сари вақт ҳозир гардида, фаъолона иштирок намуданд.
***
Дар таълимгоҳи рақами 52 Маркази имтиҳонии №01/03 ҷойгир мебошад. Намояндаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳро Ғуломова ба мо аз вазъи баргузории имтиҳонҳо, ки дар 19 синфхонаи алоҳида сурат мегирифт, маълумот дод. Роҳбари маркази имтиҳонӣ Дилрабо Амонова иброз дошт, ки айни замон дар маркази имтиҳонии номбурда ба ҷойи 285 нафар довталаб 259 нафар (26 нафар бо сабабҳои номаълум иштирок надоранд) аз рӯйи компоненти «А» (кластери 4) имтиҳон супорида истодаанд. Назорат дар ин самт қатъӣ буда, дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ камераҳои мушоҳидавӣ гузошта шудааст. Маъмурони имтиҳонгиранда раванди имтиҳонро ба таври хеле ҷиддӣ назорат мекунанд.
Бояд гуфт, довталабон тибқи низоми тестӣ аз рӯйи саволу супоришҳое, ки ММТ пешниҳод кардааст, дар гурӯҳи ихтисос-ҳои «А» аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърих ва математика имтиҳон месупоранд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки пеш аз оғози имтиҳон бо дохилшавандагон аз ҷониби роҳбари маркази имтиҳонӣ ва кормандони ММТ суҳбат гузаронида шуд, ки муҳтавои онро тарзи дурусти дар китобчаи тестӣ кор карда баромадани супоришҳо ва ба варақаҳои имтиҳонӣ кӯчонидани ҷавобҳои довталабон ташкил медод. Баҳри боварию эътимод ҳосил кардани волидон ба одилонаю шаффоф гузаштани имтиҳонот ба онҳо имконият дода шуд, ки аз рафти имтиҳонсупории фарзандонашон дар толори маҷлисии мактаб тавассути мониторҳои калон бевосита мушоҳида намоянд.
Довталаб Дилноза Қаюмова- хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 13-и шаҳри Ваҳдат, ки навакак аз синфхонаи имтиҳонӣ баромада буд, таассуроташро аз имтиҳон чунин ифода кард:
- Ҳамааш хуб буд, хеле шаффоф, дар як синфхона 15 нафар ба таври алоҳида нишастем, касе ба касе халал намерасонд. Саволҳои тестӣ душвор набуданд. Масалан, аз сӣ савол оид ба таърих ва ҳукуқ буд, ки ба 27 – 28 саволи он, фикр мекунам, ҷавоби дуруст додам. Ман ҳуқуқшинос шуданиам, тағоям корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Бо ӯ саволу ҷавоб мекардем, худомӯзӣ ҳам кардам. Бовар дорам, ки донишҷӯ мешавам.
Андешаҳои ӯро ҳаммактабаш Манучеҳри Алишер низ тасдиқ кард: - Ман соли гузашта (ба ДМТ, факултаи физика) дастболо шуда будам, азбаски дар вақташ маблағи заруриро насупорида будам, ҳуқуқи донишҷӯ шуданро пайдо накардам. Акнун имсол боз такроран омадам. Падарам Камол Алихонов омӯзгори географияанд, ман ҳам мехоҳам, ки омӯзгор шавам.
Рӯзи панҷуми июл дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки дар мактаби рақами 24 – и ноҳияи Фирдавсӣ мегузашт, ширкат варзидем. Роҳбари маркази имтиҳонии 01/10 Шарофият Иззатова қайд кард, ки имтиҳонҳо аз рӯйи кластери панҷум сурат гирифта истодааст. Шароит барои дохилшавандагон ба пуррагӣ муҳайё карда шудаанд. Раванди имтиҳонро маъмурони имтиҳонгиранда назорат мекунанд.
Дар толори васеи муассисаи мазкур тавассути мониторҳо рафти имтиҳонот аз тарафи волидон мушоҳида мегардид. Сардори раёсати таҳияи маводи имтиҳонии ММТ- и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Азимов дар толори мазкур бо волидон вохӯрӣ намуда, ба саволҳои бешумори онҳо ҷавобҳои муфассал дод.
Мутаассифона, баъзе ҳолатҳое ҳам ба назар расиданд, ки аз бемасъулиятии довталабон дарак медоданд. Масалан, бо вуҷуди он, ки дар даъватнома тартиби ҳозиршавӣ ба имтиҳон нишон дода шудааст, баъзеҳо бе шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё бе ду дона ручкаи муқаррарии рангаш сиёҳ ҳозир шуда буданд. Чунин амал, албатта, ба ҷараёни имтиҳонсупорӣ халал расонда, боиси нофаҳмиҳо мегардад.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ пеш аз оғози имтиҳон ваколатдори Маркази милии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Ниёзов ба довталабон дар бораи талаботу қоидаҳои муқарраршуда маълумот дода, риоя шудани онҳоро тақозо намуд.
Дар баргузории имтиҳонҳои имсола навгонӣ ворид гардидааст. Тамоми марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе тариқи системаи ягона назорат карда мешаванд ва раванди имтиҳонҳо тавассути камераҳои назоратӣ дар «ҳолати бархат» (режим онлайн) пахш мегардад.
Падари довталаб аз ноҳияи Варзоб Хурсандмурод Мирзоев иброз дошт, ки айни замон писари чорумам аз тариқи Маркази миллии тестӣ дохил шуда истодааст. Се писарам дар донишгоҳҳои кишвар ройгон таҳсил карда истодаанд. Агар дар мактаб воқеан дарс хонда бошӣ, дохил шудан ба воситаи ММТ бисёр осон аст.
Ҳамшираи шафқат Муқаддас Ҳайдарова аз шаҳри Турсунзода гуфт, ки аз ҷорӣ гардидани ин низом розист. Солҳои аввал нофаҳмиҳо вуҷуд доштанд, аммо тайи чанд соли охир имтиҳонҳо дар сатҳи баланд мегузаранд.
Хатмкардаи мактаби №1-и ноҳияи Ёвон Исоҷон Холмирзозода гуфт, ки рафти баргузории имтиҳонҳо хуб буд. Касе халал намерасонд. Вақти ҷудошуда барои ҳалли тестҳо кофист. Маҳбуба Ҳалимова, хатмкардаи мактаби №5-и шаҳри Ҳисор, аз хурдӣ мехост, ки ҳуқуқшинос шавад. Хатмкардаи мактаби №1-и шаҳри Ваҳдат Нигора Гулямова низ бо азми қатъӣ ба имтиҳон омадааст. Ӯ мехоҳад соҳибихтисос гардида, ба халқу миллаташ хидмат намояд. Хатмкунандаи мактаби №40-и ноҳияи Рӯдакӣ Зикриоллоҳ Олимзода изҳор дошт, ки ба имтиҳонҳо тайёрии ҷиддӣ дида буд, бинобар ин, дар ҳалли тестҳо мушкилӣ накашид.
Дар коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ 4 июли соли равон имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус аз рӯйи ихтисоси меъморӣ (2690101) баргузор гардиданд, ки дар он 50 довталаб пас аз хатми синфи 11 ва 142 нафар баъди хатми синфи 9, дар умум, 192 довталаб иштирок карданд. Аз сабаби он, ки ба коллеҷи мазкур аз гӯшаю канорҳои дурдасти мамлакат ҳам ҳуҷҷат супурдаанд, имтиҳонҳои маҳорати махсус низ аз 1 то 14-уми июл давом мекунанд, то ҳамаи хоҳишмандон имкони ба пойтахти кишвар омада, бе мушкилӣ дар имтиҳонҳо ширкат варзиданро дошта бошанд. Нафароне, ки ихтисоси меъмории коллеҷи техникиро интихоб намудаанд, имтиҳонҳои маҳораташонро танҳо дар ҳамин муассиса месупоранд.
Имтиҳонҳо аз се бахш: расмкашии 1-ум, расмкашии 2-юм ва нақшакашӣ иборат буда, довталаб бояд дар маҷмӯъ 100 хол ба даст орад.
Котиби масъули комиссияи қабул, муовини декан оид ба тарбияи факултаи технологии коллеҷ Хуршед Абдураҳимов изҳор дошт, ки барои дар сатҳи баланд гузаштани имтиҳонҳо тамоми шароит дар коллеҷ муҳайё гардидааст, маводи зарурӣ аз тарафи муассиса ба довталабон пешниҳод мегардад. Аз ҳисоби омӯзгорони пуртаҷриба ва соҳибтахассуси коллеҷ комиссияи махсус ташкил гардидааст, ки корҳои довталабонро баҳогузорӣ мекунанд. Расмҳои намунавӣ аз тарафи комиссия пешниҳод мегардад, ки довталабон аз рӯйи онҳо расм кашида, ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд.
Шодӣ Раҷабзод,
Ҳотами ҲОМИД,
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр