Нашрияи Омӯзгор

Сатҳу сифати таълим боло меравад

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз соли 2017 дар ҳар шаш моҳ радабандии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро  мегузаронад.  Натиҷаи санҷиш ва баргузории рейтинг нишон дод, ки сатҳу сифати таълим дар мактабҳои олӣ сол аз сол боло гардидааст. Бо ин мақсад  соли таҳсили 2018-2019 ҷиҳати муайян намудани рейтинг аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба масъалаи мазкур гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби кормандони хадамот таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ  дар асоси маводи пешниҳодшуда маълумотро таҳлил ва холгузорӣ намуд.

Дар ҷамъбаст Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сазовори ҷойи дуюм, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷойи чорум ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сазовори ҷойи панҷум гардиданд, ки нисбат ба  рейтинги қаблӣ ҷойҳои онҳо бетағйир боқӣ мондааст. Роҳбарияти муассисаҳои зикргардида исбот намуданд, ки дар муддати 6 моҳи охир дар самти миқдори рисолаҳои номзадӣ ва доктории ҳимояшуда, миқдори мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) нашршуда,  теъдоди ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, миқдори монографияҳои илмии чопшуда, маърӯза дар конфронсу семинарҳои илмии байналмилалӣ, теъдоди омӯзгорони доимие, ки барои таълим додан ба дигар таълимгоҳҳои хориҷи кишвар даъват шудаанд, омӯзгорони хориҷие, ки барои таълим додан ба муассисаҳои таълимӣ даъват шудаанд, шумораи муассиса, ташкилоту идораҳо, ки ба муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ мекунанд, такмили ихтисоси омӯзгорони доимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, шумораи компютерҳое, ки танҳо барои истифодаи донишҷуён муайян карда шудаанд ва шумораи китобҳои дарсӣ вобаста ба теъдоди донишҷӯён  корҳои назаррасеро анҷом додаанд.

Дар рейтинги навбатӣ 31 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. Таҳлили натиҷаи рейтинг маълум намуд, ки дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вобаста ба нишондодҳо дар 6 моҳи охир, хусусан, дар самти омӯзгорони дорои унвон ва дараҷаи илмидори доимӣ, миқдори доктори илм-профессор, ҳимоя намудани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, миқдори ташрифоварандагон дар сомонаи таълимгоҳ, мавҷудияти технопаркҳо, шумораи компютерҳое, ки танҳо барои истифодаи донишҷӯён муайян карда шудаанд, номгӯи зиёди китобҳои дарсии электронӣ, мавҷудияти системаи дохилидонишгоҳии идора ва мониторинги сифати таълим, сатҳи сифати таҳсилот, шумора ва арзиши грантҳо, шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, ба ҷойи кор таъмин шудани хатмкардагон, ҷойи нишаст дар китобхонаи электронӣ, мавҷуд будани филиали кафедраҳо дар назди дигар муассисаҳо, ташкилотҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар пешравиҳо дида мешаванд.

Саъю талоши роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ дар ҷамъбасти рейтинг назаррас мебошад. Масалан, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар рейтинги гузашта ҷойи нуҳум ва дар ин рейтинг ҷойи шашум ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз ҷойи ёздаҳум ба даҳгона ворид шуд.

Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ, ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, миқдори монографияҳои илмии чопшуда, барномаҳои таълимие, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд, миқдори ҳайати омӯзгорони доимие, ки дар 6 моҳи охир дараҷаи илмии донишкада ва ё донишгоҳҳои хориҷи кишварро гирифтаанд, шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони доимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, маърӯза дар конфронсу семинарҳои илмии байналмилалӣ корҳои назаррасро ба анҷом нарасонидаанд.

Инчунин, дар давоми шаш моҳ баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи нишондоди дорандаи  аккредитатсияи байналмилалӣ аз рӯи ихтисосҳои алоҳида, шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, миқдори рисолаҳои номзадӣ ва доктории ҳимояшуда, миқдори ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, мавҷудияти институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, шумора ва арзиши грантҳо, миқдори омӯзгорони доимие, ки барои таълим додан ба дигар таълимгоҳҳои хориҷи кишвар даъват шудаанд, миқдори омӯзгорони хориҷие, ки барои таълим додан ба муассисаи таълимӣ даъват шудаанд, таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва омӯзгорон дар хориҷи кишвар умуман соҳиби хол нагардиданд.  

Аз рӯи нишондоди аккредитатсияи байналмилалӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дар доираи барномаҳои алоҳида аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд.

Дар шаш моҳи охир ҳимояи рисолаҳои номзадӣ (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино,  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба дигар мактабҳои олӣ беҳтар ба роҳ монда шудааст. Ин муассисаҳо дар тайёр ва аз нав тайёр намудани  кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар ин давра корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки аз рӯи 34 нишондоди рейтинг холи аз ҳама баланд мебоист 310 хол (100%) -ро ташкил диҳад, аммо натиҷаи баҳогузории радабандӣ муайян намуд, ки азхудкунии холҳо аз 65 хол (20,9%) то 224 (72,2%)- ро ташкил намуд.

Аз 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии дар рейтинг ширкат варзида, танҳо 12-тои он зиёда аз 50% нишондиҳандаҳои рейтингиро  ноил гаштанд, ки нисбат ба даври якуми гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 1 муассиса зиёд мебошад.  Холи баланди онҳо 162  аз 52,2% то 224 ё ин, ки 72,2%-ро ташкил кард. Дар ин радабандӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 72,2%-и холро ба даст оварда,  соҳиби мақоми аввал гардид.

Холгузории рейтингӣ муайян намуд, ки 19 муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар аз 65 хол (20,9%) то 162 хол (52,2%)  нишондодҳои рейтингиро аз худ намудаанд.

Қайд бояд намуд, ки дар муқоиса ба рейтинги гузашта, дар умум, ба даст овардани холҳо ба ҳисоби минималӣ  фарқ менамояд. Масалан, дар рейтинги гузашта аз ҳама холи паст (холи минималӣ) 61 хол (19,7%)-ро ташкил менамуд, дар ин рейтинг бошад, холи паст 65 хол (20,9%)-ро ташкил дод.  Инчунин, дар ин рейтинг холи аз ҳама баланд ба 224 хол (72,2%) расид, ки нисбат ба рейтинги гузашта 4 хол зиёд аст.  Холи пасти ин рейтинг дар муқоиса ба рейтинги гузашта 4 хол (1,2%)-ро ташкил намуд.

Гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тайи солҳои охир собит менамояд, ки барои баланд гардидани нишондодҳои рейтингӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ рақобат ба назар мерасад.

 

Рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойи ишғол-намуда

 

Номи муассиса

Ҷамъи холҳо

Холи умумӣ  бо % аз  310 хол

1

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

224

72,2

2

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

215

69,3

3

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

198

63,8

4

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

193

62,2

5

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

   190

61,2

6

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

187

60,3

7

Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон

182

58,7

8

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

178

57,4

9

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

176

56,7

10

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

167

53,8

11

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

164

52,9

12

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

162

52,2

13

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

149

48

14

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ

146

47

15

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

141

45,4

16

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

137

44,1

17

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

135

43,5

18

Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

128

41,2

19

Донишгоҳи давлатии Данғара

125

40,3

20

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

122

39,3

21

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

118

38

22

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

108

34,8

23

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

105

33,8

24

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

101

32,5

25

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

89

28,7

26

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

86

27,7

27

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов

79

25,4

28

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

74

23,8

29

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

70

22,5

30

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит

67

21,6

31

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

65

20,9

 

Хадамоти давлатии

назорат дар соҳаи маориф


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш