Нашрияи Омӯзгор

Об дар осори олимони Машриқзамин

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Таърихи илму фарҳанги форсизабонони асрҳои миёна, бешак, давраи тиллоӣ ба ҳисоб меравад. Дар асрҳои VII – XIV ин сарзамин як зумра олимони намоёнро ба арсаи илм овард, ки онҳо дар инкишофи тамаддуни башарӣ саҳми баҳснопазир гузоштаанд. Ҷобир ибни Хайён, Абӯмансури Муваффақ, Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Мусо ал – Хоразмӣ, Умари Хайём аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар рушди илмҳои тиб, кимиё, заминшиносӣ, риёзиёт ва ғайра кашфиёти онҳо назаррас аст.

Дар асарҳои олимони зикрёфта доир ба об, хосиятҳои он, зичӣ, усулҳои тозакунии об далелҳои зиёдро пайдо кардан мумкин аст, ки арзиши илмию амалии онҳо то кунун куҳна нагардидааст. Ақидае мавҷуд аст, ки маҳз бо шарофати асарҳои ин зумра олимон, ки баъдан ба забони лотинӣ тарҷума шудаанду баъзе аз мутафаккирони мо бо ному насабҳои аврупоӣ машҳуранд, дар Ғарб илм тараққӣ кард.

Яке аз мутафаккирони асримиёнагии халқҳои форсу тоҷик, ки дар инкишофи илми ҷаҳонӣ, бахусус, илмҳои тиб, кимиё, фалсафа саҳми босазо гузоштааст, Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳё ибни ар – Розӣ мебошад. Закариёи Розӣ доир ба омӯзиши об, хосиятҳои он ва маҳлулҳо таҳқиқоти пурарзишеро ба сомон расонидааст. Дар боби “Асли ранги об” дар китоби “Дастури тиб” ӯ рангҳои аслии обро ба чор навъ: зарду сурх ва сиёҳу сафед, ки ҳар кадоми онҳо дар навбати худ тобишҳои гуногун доранд, ҷудо намудааст. Розӣ мизоҷ ва ҳолати солимии инсонро бо ранги обҳои аз узвиёти одам хориҷшаванда алоқаманд медонад. Дар боби XVI – и ҳамин асар, ки “Дар тадбири обҳо” номгузорӣ шудааст, як қатор хосияти обҳо тасниф шудаанд. Масалан, Розӣ ба он ақида аст, ки обҳои ширинтамъ ва сабуку соф беҳтаранд.

Табиб, дорушинос ва растанишиноси маъруфи асри Х–и форсу тоҷик Ҳаким Абӯмансури Муваффақ ибни Алӣ ал – Ҳиравӣ яке аз донишмандони бузурги соҳаи тиб маҳсуб гардидааст. Китоби арзишманди ӯ “Ҳақоиқуладвия” асари илмии пурарзиш мебошад. Дар ин асар доир ба об, хосиятҳои он, нақши об дар узвиёти зинда фикрҳои ҷолиб баён гардидаанд. Абӯмансури Муваффақ мефармояд: “... ҳоҷат ба об аз ду манфиатро бувад. Яке он ки танро тар дорад ва ҳар ҷавҳаре, ки аз ӯ кушода шавад, бадал боз диҳад аз ҳар ҷавҳари тар. Ва дуюм ғизоро ба ҳама ақсои тан бирасонад ва тунук гардонад то ба ҷойҳои танг андар тавонад шуд”. Аз ин гуфтаҳои Абӯмансури Муваффақ метавон хулоса кард, ки об дар ҳамаи равандҳои ҳозимаи узвиёт, гардиши хун дар бадан, расонидани ғизо ба тамоми ҷойҳои ҷисми инсон бевосита ширкат меварзад.

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ба хосиятҳои об, усулҳои тозакунӣ, мавқеи хосаи он дар байни нахустунсурҳо (об, ҳаво, замин, оташ) ва истифодаи об аҳамияти калон додааст. Дар китоби аввали “Ал-қонун фит-тиб”-и Сино дар байни нахустунсурҳо мавқеи хосаи обро баррасӣ намуда, зикр мекунад, ки нисбат ба дигар унсурҳо фарқияти об дар он аст, ки ӯ ба таркиби ҳама чизҳо дохил аст. Моҳияти ба дарун қабул намудани обро ӯ фаҳмонида мегӯяд, ки об  ҳамаи моддаҳои ғизодиҳандаро ба узвҳои лозима мерасонад. Об ғизо намедиҳад, об моддаест, ки ба ҷоришавии моддаҳои ғизодиҳанда ва нармшавии онҳо мусоидат намуда, онҳоро ҳангоми гузариш ба рагҳо ва ҳангоми ҳаракаташон аз узви одам ихроҷ гардидан ҳамроҳӣ мекунад. Бе ин гуна ёридиҳӣ тамоми ҷараёни ғизодиҳӣ ғайриимкон аст. Обро Абӯалӣ ибни Сино ба мисли замин аз унсурҳои вазнин мешуморад. Абӯалӣ ибни Сино доир ба хосияти коагулятсиякунонии гил барои тозакунии обҳои нохуш, бухори об, фарқияти оби ҷӯшонидашуда, сифати обҳои мухталиф, фоида ва зарари оби ях ва барф, дуруст нӯшидани об ва дигар нӯшобаҳо изҳори назар кардааст. Ақидае ҳаст, ки дар дастхатҳои дар Париж маҳфузбудаи Абӯалӣ ибни Сино тарҳи берунӣ ва дохилии асбобе мавҷуд аст, ки бо он “оби шифо” ҳосил кардан мумкин аст.

Марҳамат

ШОНАЗАРОВА,

омӯзгори мактаби

миёнаи №67,

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш