Нашрияи Омӯзгор

Рӯзноманигорон ва масоили бонкдорӣ

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Академияи воситаҳои ахбор ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ баҳри  баланд бардоштани маърифати касбии рӯзноманигорон чорабиниҳои зиёдеро роҳандозӣ менамоянд. Ба    ин хотир, бо ташаббуси ин ду ниҳод ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон дар бинои БМТ дар мавзӯи «Низоми пуливу қарзӣ ва дигар масоили соҳаи бонкдорӣ» семинари омӯзишӣ барпо гардид. Директори ВАО Зиннатулло  Исмоилзода  иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории семинари мазкур дар робита бо ҳамкории масъулини БМТ он аст, ки рӯзноманигорон имкон пайдо намоянд, то маводи таҳиянамудаашонро дар сатҳи баланди касбӣ пешниҳоди аҳли ҷомеа гардонанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки на ҳар рӯзноманигор аз иҷрои рисолати хеш дар ин соҳа ба хубӣ мебарояд. Истифодаи нодурусти факту рақам аз ҷониби журналистон хонандаро ба иштибоҳ мегузорад. Ин аст, ки семинари номбурда маҳз барои баланд бардоштани донишҳои молиявӣ ва бонкдории рӯзноманигорон ташкил гардидааст.   

Лола Салимова, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар хусуси истифодаи дурусту ҷо баҷогузории истилоҳоти соҳаи бонкдорӣ ва тарзи мукаммали инъикоси он дар воситахои ахбори омма маълумоти батафсил ироа намуд. Сипас, мутахассисони масъули БМТ дар мавзӯъҳои «Пули миллӣ ва унсурҳои асосии ҳимоявии он», «Сиёсати қурбӣ – қисми таркибии сиёсати пулию қарзӣ», «Пардохти ғайринақдӣ - омили рушди иқтисодиёт», «Мафҳумҳои асосии низоми бонкӣ», «Баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ», «Сиёсати пулию молии Бонки миллии Тоҷикистон» ва ғайра андешаронӣ карданд.

Ҳ. ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш