Нашрияи Омӯзгор

Натиҷаҳо қаноатбахшанд

Сана: 2018-04-23        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

14 апрели соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100-и пойтахт ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласаи мушовара вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Сафолзода, муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Маъмурзода, намояндагони дигар вазорату кумитаҳо, аъзои мушовара, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорон ва мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва кормандони вазорат ва зерсохторҳои он иштирок доштанд.

Маърӯзаи ҳисоботии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев қироат кард. Таъкиди зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017) ҳусни оғози ҷаласа гардид: «Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем». Ҷавобан ба вазифагузориҳои саривақтии Сарвари маҳбубамон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли 2018 ба тарзи нав ба роҳ монда, натиҷаҳои назаррас ба даст овард. Аммо дар баъзе самтҳои фаъолият масъалаҳои ҳалношуда ҳоло ҳам ҳастанд.

Масъалаи фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз ҷумлаи онҳост. Дар мамлакат 136719 нафар дар чунин муассисаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак тарбия меёбанд, ки беш аз 12% -и фарогирии кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад. Ин моро қаноатманд намесозад, зеро тибқи нишондоди Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 бояд 30%-и кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шаванд.

Дуруст аст, ки дар мамлакат чанд барномаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти соҳаи маориф мавриди амал қарор доранд. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” ва “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” аз ҷумлаи онҳоянд. Аммо дар 4 моҳи татбиқи барнома дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав барои муассисаҳои таълимӣ кабинетҳои муҷаҳҳаз харидорӣ шуда бошад ҳам, дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои дигар кори назаррас ба анҷом расонда нашудааст.

Таҳлилу санҷишҳо нишон доданд, ки дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар таълими фанҳо ҷойҳои холӣ мавҷуданд, ин ба сифати таҳсил таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа вазъи таълими баъзе фанҳо, аз ҷумла, забонҳои русӣ, англисӣ, математика, физика, химия ва дигар фанҳои табиию риёзӣ ва техникӣ, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташвишовар гаштааст.

Санҷиши вазъи соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нишон дод, ки масъалаи бо мутахассисони соҳибкасб иваз намудани омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра ҳалли худро наёфтааст. Дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ 210 нафар, Вахш ва Хуросон 196, Ёвон ва Панҷ 167 нафарӣ, Ҷайҳун 139 нафар омӯзгори дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки ин ҳолат ба таълиму тарбияи хонандагон бетаъсир буда наметавонад. Масъалаи дигари ташвишовар натиҷаи ғайри қобили қабули натиҷаи бадастовардаи хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Масалан, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун ва Носири Хусрав давоми 4 соли охир соҳиби ягон ҷойи ифтихорӣ нагардиданд, ки ин боиси нигаронист.

Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, инчунин, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ ва бо нақлиёти шахсӣ ба дарс наомадани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуд. Бо вуҷуди ин, дар 2 моҳи соли 2018 аз тарафи ноболиғон 124 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта (2017-93) 31 ҳолат ё 33,3 % зиёд аст. Ин аз ҳисоби афзудани теъдоди ҷинояткорӣ дар соли ҷорӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 мебошад.

Яке аз комёбиҳои назаррас дар фаъолияти аҳли маориф марбут ба дарёфт ва тарбияи истеъдодҳо аст. Таъсиси марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ташкилу баргузории олимпиадаҳо дар сатҳи гуногун ва ба ин васила барои рушди захираҳои зеҳнӣ мусоидат намуд. Аз ҷумла, моҳҳои феврал-марти соли ҷорӣ олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (минтақавӣ) дар асоси муқаррароти Низомномаҳои олимпиадаҳои фаннӣ доир гардид. Он чун солҳои пешин натиҷаи хуб дод. Аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳрҳои Ҳисор сазовори 30 ҷой, Турсунзода -29, ноҳияҳои Рӯдакӣ -21, Шаҳринав -12, Файзобод ва Рашт -7 ҷойӣ, Варзоб 5 ҷойҳои ифтихорӣ  гардиданд. Вале аз сабаби бепарвоии баъзе шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо хонандагонашон натиҷаи назаррас ба даст наоварданд, чунончи, аз шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод аз шумораи умумии хонандагони пешниҳоднамуда ягон нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ нашуданд.

Натиҷаҳои бадастовардаи хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ чун солҳои қабл хурсандиовар аст. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2018 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ намояндагони мо соҳиби 11 ҷойи ифтихорӣ - 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба соли 2017 4 медал зиёд мебошад. Инчунин, дар олимпиадаи лоиҳавии байналмилалӣ ба номи У. Жалдосбеков дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро 15 нафар хонандагон бо пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ аз фанни математика, математика-механика ва математика-иқтисодиёт намояндагӣ карда, дар байни зиёда аз 200 нафар сазовори 15 медал - 2 медали тилло, 6 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд.

Бо мақсади ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои ҳунарӣ, касбомӯзӣ, донишандӯзӣ, инчунин, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар давраи таътили зимистонаи кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои варзишӣ-беҳдоштӣ ва маърифатӣ-фарҳангӣ, аз қабили ҷашни Сада, озмунҳои “Дӯзандаи беҳтарин”, “Дастони моҳир”, “Хаттоти беҳтарин”, “Асбобҳои зарбӣ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Ҳунарҳои мардумӣ”, бозии футболи хурд байни мактабҳои Президентӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Аз оғози соли 2018 дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолияти маҳфилҳои “Созтарош”, “Хӯрокҳои миллӣ”, инчунин дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватании “Рухом” ва “Армуғон” ду маҳфили ҳунарҳои мардумӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Мавриди зикр аст, ки имсол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03. 2018, №93 Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илм дар давраи ҳисоботӣ 8 семинар - машварати дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ бо фарогирии беш аз 500 нафар омӯзгорро доир намуда, рафти татбиқи муносибати босалоҳиятро дар мактаб ва литсейҳои Президентӣ, литсей барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе, Бохтар, Кӯшониён, Данғара, муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дод. Натиҷаи санҷиш собит намуд, ки татбиқи раванди муносибати босалоҳият дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ асосан дуруст ба роҳ монда шудааст.

Дар самти таҳсилоти олии касбӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мебошад. Бояд гуфт, ки давраи ниҳоии сессияи зимистона нишон дод, ки сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён каме коҳиш ёфтааст. Сабаби асосии ин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани мониторинги доимии ҷараёни таълим, ташкил нашудани машғулиятҳои иловагӣ, кам истифода шудани технологияҳои иттилоотӣ ва мултимедиявӣ ба ҳисоб меравад. Барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар аксар муассисаҳои таълимӣ насб гардида бошад ҳам, дар самти қабули имтиҳонҳои фосилавӣ ва ниҳоии донишҷӯён, муайян намудани рейтинги академӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, таҳия ва омода намудани маводи таълимии электронӣ барои ҳар як ихтисоси амалкунанда мушкилот ҷой доранд.

Вазорати маориф ва илм бо истифода аз ҳама имконот теъдоди ба таҳсил фиристодани шаҳрвандонро ба хориҷи кишвар ботадриҷ зиёд менамояд. Дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия 618 ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 187 бурсияи таҳсилӣ ҷудо гардида буд, барои интихоби довталабон озмун гузаронида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ намояндагони чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, донишгоҳҳои хешро муаррифӣ намуданд. Дар ин давра 6 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, ратификатсия карда шуданд.

Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ ба ибтидои соли таҳсили 2017-2018 2821 нафарро ташкил медод, ин нишондод ба ҳолати имрӯза ба 183 нафар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 46 нафар кам мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ эҳтиёҷ ба омӯзгорон дар ВМКБ 7 нафар, Хатлон-98, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-70 ва шаҳри Душанбе 8 нафарро ташкил медиҳад, муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд бо омӯзгорон таъминанд. Асосан аз фанҳои забонҳои русию англисӣ ва фанҳои дақиқ омӯзгорон намерасанд.  Аз 4425 нафар мутахассиси бо роҳхат ба кор фиристодашуда 3836 нафар (86,7%)-ашон ба кор ҳозир шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393 нафар зиёд мебошад. Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кору соатҳои дарсӣ дар асоси мактуби дастурии вазири маориф ва илм бо омӯзгороне, ки синнашон аз 75-сола боло мебошад, шартномаи меҳнатиро қатъ намуда, аз соли нави таҳсил ба ҷойи онҳо мутахассисони ҷавон ҷалб карда мешаванд.

Сипас, сардори раёсати маорифи ВМКБ Э. Ҷонмирзоев, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Истиқлол А. Мазамбекова, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Н. Шоҳиён, директори мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди ноҳияи Данғара Қ. Абдуллоев ба музокира баромада, аз дастоварду мушкилоти соҳа ҳарф зада, фаъолияти Вазорати маориф ва илми кишварро дар семоҳаи аввали соли равон қаноатбахш арзёбӣ карданд. Дар ҷаласаи мушовара, ҳамчунин, муовини сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Маъмурзода ба сухан баромада, аз фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла, хотиррасон намуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ бояд парчами фаъолияти аҳли маориф гардад.

Кори мушовараро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ҷамъбаст намуд. Вобаста ба дастуру супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳои ироашуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Эҳсон САФАРЗОДА,

Муҳаммадшариф

РУСТАМЗОДА,

кормандони Маркази

матбуоти  Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш