Ҳамаи тағйирёбиҳо дар зери таъсири ҷараёни об мегузаранд, чи геофизикӣ, биологӣ, чи геологӣ ва дигар равандҳо. Об ҳамчун модда аз ду пайвастагӣ, аз як атоми оксиген ва ду атоми гидроген ташаккул ёфта, хосиятҳои диполи дуқутбӣ дорад.
Дар ҳолатҳои гузариш дар се ҳолат обро дидан мумкин аст: моеъ, сахт ва газмонанд - бухор. Об дар ҳарорати то +4° С фишурда шуда, аз +4° С боло то ба 1000 кг/м3 зичиаш меафзояд. Дар ҳолати аз +4° С паст шудани ҳарорат фишурдашавӣ хотима ёфта, дар 0° С ях баста, зичиаш ба 910 кг/м3 баробар мешавад (сабаб ҳамин аст, ки ях дар болои об шино мекунад). Агар об чунин хосиятҳоро соҳиб намешуд, тамоми обҳои нӯшидании масоҳати сатҳи Замин дар ҳолатҳои сардии зиёд то ба зерашон ях мебастанд ва тамоми ҳуҷайраҳои зиндаи об нест мешуданд.
Яхҳо сатҳи оби дарёҳо, обанборҳо ва кӯлҳоро муҳофизат мекунанд.
Дар оби баҳру уқёнусҳо моддаҳои гуногуни химиявӣ ҳал ва ғализ шуда, зичиашон обҳоро зиёд гардондаанд. Аз сабаби ғализ шуданашон, яъне афзудани зичиашон, ин гуна обҳо дар ҳарорати 1,89° С то ба -3,8° С ях баста, зичиашон дар зери ях меафзояд, аз оксиген бой мегарданд ва ба зери дарё мераванд ва ҳашароти дар қаъри баҳру кӯлҳо мавҷудбударо бо оксиген таъмин менамоянд. Ин гуна обҳои ғализ дар 101,2°С ба ҷӯш меоянд.
Об нисбат ба дигар моддаҳо гармиғунҷоиши зиёдтар дорад - 4200 ҷ/кг° С. Аз ин рӯ, обро дар радиатори автомобилҳо ва барои гарм намудани хонаҳо истифода мебаранд.
Об ҳалкунандаи бузург ба ҳисоб меравад, дар об тамоми моддаҳо (ба ғайр аз чарб (равған), карбогидридҳо, кварс ва чанд моддаи дигар) ҳал мешаванд. Дар таркиби оби баҳру уқёнусҳо аксари элементҳои системаи давриро дидан мумкин аст. Об вайронкунандаи таркиби ҳама минералҳо буда, онҳоро ба баҳру уқёнусҳо мебарад ва мувозинатро дар Замин нигоҳ медорад.
Яке аз хусусиятҳои ҷолиби об дар он аст, ки дар вақти ҷорӣ шудан ва конденсатсия хосияти худтозашавиро мегирад. Агар тозашавии об аз ҳолати ифлосшавӣ зиёд бошад, обро нӯшидан мумкин аст.
Об сарчашмаи ҳаёт аст. Вазифаи об дар инкишофи олами зинда (инсон, наботот, ҳайвонот) ва пайдоиши олам хеле бузург аст. Якумин ҳуҷайраи зинда дар об ба вуҷуд омада ва дар ҳамон муҳити об инкишоф ёфтааст. Бе об раванди фотосинтез амалӣ шуда наметавонад.
Об барои организмҳои ҳаракаткунанда дар табдилёбиҳои биофизикавӣ ва биохимиявӣ лозим аст. Об ба бофтаҳо ва организм дохил шуда, боиси инкишоф ва ташакулёбии ҳуҷайра мегардад. Дигаргуншавии мураккабтарини организмҳо бе иштироки об имкон надорад. Ҳуҷайраи зиндае вуҷуд надорад, ки дар таркибаш об набошад.
Ҳоло оби тозаи гароннархтарин дар ҷаҳон дар Лос-Анҷелоси ИМА ба фурӯш бароварда мешавад, ки арзиши як литри он ба 90 доллари ИМА баробар аст. Оби кӯли Сарез (17 км3) (дар Тоҷикистон) яке аз обҳои тозатарин дар ҷаҳон мебошад.
Ҳаҷми умумии оби тоза дар гид-росфера ба 1386 млн км3 мерасад.
97,47 % оби қаъри замин ба баҳру уқёнусҳо меравад. Ва дар 1 литри он 35 грамм намак мавҷуд аст, бинобар ин, онро коркард карда, баъд истифода мебаранд. Оби нӯшиданӣ бояд дар як литр як грамм намак дошта бошад, барои обёрии заминҳо дар 1 литр об 2 грамм намак бояд бошад. Ҳар сол 55% энергияи Офтоб, ки ба сатҳи Замин мерасад, барои буғ намудани 577000 км3 об сарф мешавад. Аз давраи пайдоиши ҳаёт дар замин истеъмоли об рӯз ба рӯз афзуда истодааст.
Барои 100 грамм нон 150 литр, як табақ шавлаи биринҷӣ 500 литр, барои тайёр кардани 100 грамм сабзавоту мева 100 литр, барои сад грамм қанд 150 литр, барои сад грамм гӯшт 2-3 литр, барои коркарди як тонна нахи капрон 5600 литр, як тонна лавсан 4200 тонна об, нахи сунъӣ 400 км3 об лозим аст.
Дар чанде аз мамлакатҳои ҷаҳон, ба монанди Япония ва ИМА аз норасоии об, оби баҳрҳоро бо роҳи бухоркунӣ ба оби тоза табдил дода, истифода мебаранд. Дар Париж ва Брюссел (Белгия) як литр об 2-3 доллар, дар Италия 70 лир, Мавритания 4,4 доллар арзиш дорад. Давлатҳои ИМА, Канада, Олмон аз Шведсия, Арабистони Саудӣ ва аз Малайзия оби нӯшиданӣ мехаранд.
Сафаралӣ Маҳмадалиев,
омӯзгори мактаби №50-и
ноҳияи Муъминобод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр