Дар низоми таълими салоҳиятнок таваҷҷуҳи асосӣ ба ташаккул, такомул, тафаккури хонанда ва рушди зеҳнии ӯ нигаронида шудааст. Бахусус, ҳангоми гузарондани дарсҳои забони тоҷикӣ дар меҳвари асосӣ дарки маъно аз матни хондашуда барои хонанда муҳим ва асосӣ ба шумор меравад.
Воқеан, вазифаи хонанда танҳо аз хондану азбар кардани таърифу қоидаҳои ҳиссаҳои нутқ, аъзои пайрави ҷумла, овозу ҳарфҳо ва навъҳои ҷумла набуда, балки вай бояд огоҳмандона ба мантиқу моҳияти мафҳумҳои грамматика (морфология, синтаксис ва фонетика) сарфаҳм рафта тавонад, дар сохтани ҷумлаҳо ва баёни фикри дурусту комил саъю талош намояд.
Барои хонанда муҳим баёни озодонаи андеша, таҳлилу баррасии мавзӯъ, нигоҳи вижа ба ашё ва мавҷудоти муҳити атроф ва хулосаву натиҷагирӣ маҳсуб меёбад.
Аз ин лиҳоз, омӯзгор ба ҳайси назораткунанда бояд ба он диққат диҳад, ки шогирдон матнро амиқу огоҳона мутолиа кунанд, порчаи хондашударо бо фаҳмишу дарки худ нақл карда тавонанд.
Аз хондану нақли матн хулосаи мантиқӣ бароранд, озодандешу саҳеҳгуфтор бошанд. Ба таъкиди пажӯҳишгар Б. Боронов, мақсади таълими ибтидоӣ бунёдгузори асосии малакаи хониш дар шогирдон - сухан гуфтану сухан шунидан, хондану навиштанро ёд додан, тасаввуроти ахлоқию эстетикӣ, инкишоф додани ҳавасмандӣ ба китоб, нисбат ба забону хондан ҳаваси бачаҳоро бедор кардан мебошад. Аз ин рӯ, дар дарсҳои хонишу навиштан мушоҳидаҳои муҳит ва таҷрибаи ҳаётӣ, ҷаҳонфаҳмии талабагонро ташаккул дода, фикр ва нутқи онҳоро бой намудан, ба инкишофи ақлу хиради бачаҳо кумак расондан, муҳаббати онҳоро ба ватандӯстӣ бедор кардан, дар хонандагон маҳорат ё салоҳияти таҳлили маводи омӯхташуда муқоиса, хулосабарорӣ, ҷамъбаст ва дарёфт кардани чизи асосиро пайдо кунонидан лозим аст. Умуман, ба хонандагон омӯзонидани хониши дуруст, равон, ифоданок ва бошуурона яке аз вазифаҳои асосии мактаби ибтидоӣ ба шумор меравад. Дар ташаккулёбии малакаҳои хониш ҳамчунин, кор бо матн, масъалаҳои шавқмандкунӣ ба хониш, суръат ва тарзи хониш ба ҳам алоқаманд мебошанд.
Арзигул Хоҷамуллоева,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №25-и шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр