Нашрияи Омӯзгор

Мақсадҳои сиёҳ зери парчами сиёҳ

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Масъалаи густариш ёфтани ҳаракату амалиёти ҷинояткоронаю фоҷеабор, ки бевосита бо дасти неруҳои ҷангталаби  ба ном давлати исломии Ироқу ШОМ  роҳандозӣ мегардад, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш сохтааст.

Имрӯз чунин як андешаи хому иштибоҳангез, ки бо коҳиш ёфтани задухӯрду муқовиматҳо дар Сурия ва тадриҷан хомӯш гардидани оташи ҷангҳои хунину фалокатзо дар ин кишвар бо кӯшишу иқдомҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, созмонҳои байналмилалии мусоидгар ба сулҳи сартосарӣ дар минтақаи Шарқи наздик гӯё дастаҳои ҷангҷӯйи ДИИШ аз амалиёти террористию экстремистӣ ва тахрибкоронаю даҳшатангези худ даст кашида, аз кардаву омоли зиддибашарияшон пушаймон шуда, бо ҳамин ба ҷангу муқовиматҳои нав ба нав нуқта мегузошта бошанд, ҳаргиз қобили қабул ва мавриди эътимоду боварӣ нест.  Маҳз ба ҳамин раванди хатарзои ҷаҳонӣ ишора намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд – «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои малағгузории он, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» (17.05.2019) дар шаҳри Душанбе зикр карданд, ки: «Ҳамчунин мавриди таъкид аст, ки шумораи муайяни аъзои шабакаи байналмилалии террористӣ, аз ҷумла, созмони ба ном «Давлати исломӣ» бо мақсадҳои мушаххас ба қаламрави Афғонистон интиқол дода мешаванд. Ҳамаи онҳо дар амалиёти террористӣ дар Сурияву Ироқ иштирок карда, таҷрибаи ҷангӣ пайдо кардаанд ва нақшаи бо шаклҳои нави усуливу сохторӣ ноором кардани фазои минтақаро доранд. Дар чунин шароит мо тамоми чораҳои заруриро меандешем, то ки вазъ дар ин самт муътадил нигоҳ дошта шавад».

Дарвоқеъ, ҳадафҳои пасипардагии сарварони «Давлати исломӣ» аз роҳандозию ташкили ҷангу хунрезиҳо, таркишҳову бомбандозӣ дар маркази шаҳрҳои сернуфус, деҳу музофот ва қатлу бо азобҳои ваҳшиёна ҷисман нобуд кардани одамони бегуноҳ,  эҷод намудани муҳити тарсу воҳима ва бад – ин васила, тағйири низоми давлатдориҳои мавҷуда, табаддулоти ҳарбию хунрезона ва ба даст овардани  ҳокимият мебошад. Гурӯҳҳои мазкур ба ин мақсад аз ашхоси камсаводу орӣ аз тафаккуру ҷаҳонбинии пешрафта ва махсусан, ҷавонони камхонда осон ва бе  ҳеҷ мушкилӣ истифода мекунанд. Силоҳу воситаи маъмулу машҳури саркардагони гурӯҳҳои ҷангии муташаккили террористию экстремистӣ ва тундгароёни исломӣ ин ҳамоно таълимоти ислом  мебошад, ки аз он ба гунаи ҳилагаронаю авомфиребона бардоштҳои дархӯри манфиатҳои худро ба ҷавонони гумроҳ таҳмил мекунанд. Мутаассифона, бахши аъзами онҳое, ки аз Тоҷикистон дар ҷангу задухӯрдҳои бемоҳияти         Сурия иштирок кардаву аз амалҳои хеш пушаймон шуда, бо мусоидату талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ватан баргаштаанд, ошкоро изҳор медоранд, ки ба хотири дарёфти биҳишт  ба майдони ҷанг  раҳсипор гардидаанд. Аммо аз ин нафарони ба истилоҳ фанатик ва шодихӯрдагони ноумед пурсида мешавад, ки магар онҳо аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар пеши назари эшон ба вуқӯъ пайваста, боиси марги ҳазорон одами бегуноҳ ва ба кишвари Афғонистон фирор намудани нафарони зиёде гардид, ҳеҷ хабару иттилоъ надоштанд? Оё онҳо бо чашми сар надиданд, ки сарварони дастаҳои мусаллаҳи зери тобеияти ҳизби исломӣ қарордошта, дар деҳу музофот ва манотиқи ғасбкардаашон чӣ бедодгарию ваҳшониятеро анҷом дода, мардумро бо шиорҳои дурӯғин  ба зулму асорати асримиёнагӣ баргардонданӣ буданд? Ҳатто, ин бахтбаргаштагони хомхаёл бо ақлу тафаккури омиёнаи андаки худ парчами исломиро дар яке аз ноҳияҳои минтақаи Рашт баланд афрошта, иддаои ҷорӣ намудани низому тартиботи бар ҷаҳли мураккаб асосёфтаи хешро эълон ҳам намуда буданд. Насли калонсол (манзур онҳое, ки ба доми гумроҳӣ афтода, рӯ ҷониби Сурия овардаанд) мебоист аз он фоҷиаю тахрибкории неруҳои ба ном исломӣ дар солҳои 90-ум дар кишвар сабақ бардоштаю ҷавононро панду насиҳат ва ҳушдор медоданд, ки ҷаҳолату хурофот, таассубу мазҳабгароӣ, ки аз чашмаи донишу биниши андак ва пиндорҳои хатарзои намояндагони табақаи рӯҳониёни мутаассиб об мехӯрад, фоҷиаҳои тасаввурнопазиру гӯшношуниде дар пай дорад. Интиҳои он қатлу ғорат, хонахаробӣ ва сар ба кӯйи ғарибӣ кашидани мардуми заҳматкаши бечора асту халос. Ҳамин халои маънавӣ боис гардид, ки ҷавонони ҳардамхаёлу аз тарбияи муҳити солими оилавӣ дурмонда, ба гурӯҳу аҳзоби террористию тундгарои динӣ пайваст шаванд.

Ҷавононе, ки ба ин ҷодаи сарбаста ва кӯйи фиребу пушаймонӣ гом ниҳодаанд, аз кадом оилаю хонадонҳо мебошанд? Магар падару модар ва бародарҳои бузурги онҳо боре аз роҳи насиҳату андарз бо пайвандони хеш суҳбат оростаанд? Ҳамакнун ба ватан баргаштану назди қонун ҷавоб додани  фарзандон, падару модарони онҳо бо таассуф изҳор медоранд, ки гӯё тамоми чораҳоро андешида буданд, ки ҷигарбандонашон ба гурӯҳҳои ифротии «ДИИШ»  шомил нагарданд. Ин «худсафедкунӣ»-ро чӣ тавр метавон шарҳу тавзеҳ бахшид, дар сурате ки дар ҳамон деҳкада танҳо фарзанди ҳамин хонадон ба роҳи каҷ рафтанду аъзои гурӯҳҳои террористию тундгаро шудааст? Чаро фарзанди ҳамсояи дасти рост ва чапи ин оила фирефтаи дасисаю тарғиботи аҳриманони зархариди қотили башарият нагардиданду аммо писари онҳо ба ин «бало» гирифтор шуд? Ҳароина, аз қавли мардум «панҷ панҷа баробар нест», вале…

Масъулияту рисолати падарию модарӣ талқину тақозо мекунад, ки аз рафтору кирдори фарзанд ҳамеша, ба таври муттасил хабардору огоҳ бояд буд. Чунон ки мегӯянд, бояд ҳар як қадами фарзанд зери назорати волидон қарор дошта бошад. Дар ин росто, сабабу баҳонаҳоеро  аз қабили «дар насибаш будааст», «хости Худо ҳамин будааст» ва ғайра шафеъ овардан хатост. Фарзандро аз хурдӣ бояд ба ҷодаи дуруст ҳидоят карду тарбияи маънавии ӯро вазифаи ҷонию аввалиндараҷа ҳисобид. «Оҳанро дар гармияш мекӯбанд». Имрӯз низ боястӣ аҳли ҷомеа, устодону омӯзгорон, зиёиён, аҳли тақво ва хусусан, падару модарон дар пешгирии насли наврас аз аъмоли хатарзою ташвишовар, аз тамоми шеваю роҳҳои тарбиявию ахлоқӣ истифода намоянд. Мутаассифона, мушоҳидаҳо баёнгари онанд, ки сабабу омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, бо таъсиру нуфузи рӯҳониёни мутаассиб ва иртиҷоии тундгаро доман паҳн кардани муборизаю муқовиматҳо, тарғибу ташвиқи идеологияи динию мазҳабӣ ва дар вартаи нобудӣ қарор гирифтани кишвар аз ҷониби устодону омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ сатҳию умумӣ ба хонандагон фаҳмонида мешавад. Ба андешаи мо, ҷиҳати пешгирии насли наврас ва ҷавонон аз амалҳои ҷинояткорона ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористию тундгарои динӣ омӯзиши амиқ, таҳлилу натиҷагириҳо ва чун сабақи таърихӣ дар меҳвар қарор додани сабабу омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва аҳзобу ҳаракатҳои сиёсии мусоидгар ба ин ҷангро бояд муҳим донист. Ҳақ бар ҷониби Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ (17.05.2019) изҳор доштанд: «Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгаронро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст. Мо ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯроварию мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем…

Сарфи назар аз ин, Ҳукумати кишвар дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллиро ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намоянд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шурӯъ намоем».

Омӯзгорону устодонро зарур аст, ки ба ҷуз машғулиятҳои таълимӣ, дар дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ ҷузъиёту сабаб ва омилону гунаҳкорони  ҷанги дохилиро ба таври мушаххас шарҳ диҳанд.  Таҳлилу натиҷагириҳо ва таъкиду хотиррасон намуданҳои сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ, оқибатҳои вазнину харобовари он аз ҷониби устодону омӯзгорон бо истифода аз намоиши наворҳои мустанад, осори бадеии марбут ба ин мавзӯъ, як идда филмҳои бадеие, ки солҳои охир рӯйи навор омадаву ҳақиқати он ҷангро то андозае инъикос намудаанд, ба манфиати бештари кор хоҳад буд. Таъбири машҳури халқист: «Кӯр дар чоҳ як бор меафтад». Насли наврасро бояд тавре тарбия намуд, ки бо шинохти маърифатии воқеаҳои рӯйдодаи солҳои 90-ум, азобҳои гӯшношуниду тасаввурнопазири гуруснагии мардум, аз хонаю дари хеш фирор намудану дар орзуи рӯзҳои неку саодатбор дар мулки ғайр ҷон бохтани бархе аз онон ва сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар ба умқи он ҳаводис бирасанд. Зеро ҳеҷ падару модар хоҳони он нест, ки фарзандаш пой ба роҳи каҷ гузораду фирефтаи душманони миллат гардида, умри ҷавонияшро бар боди фано диҳад. Аз ин лиҳоз, ба қадри сулҳу ваҳдат ва рӯзгори боамну осоишта бояд расид.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»                       

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш