Ватан барои ҳар як шахс чун хонаи умед азизу муқаддас, бузургтарин макон ва пояндатарин маскан аст, ки инсонро дар оғӯши худ мепарварад. Шукрона аз он мекунам, ки кишвари маҳбуб ва меҳрофарину дилрабо бо номи Тоҷикистон дорам. Сарзамине, ки фарзандони абармардаш чун модари ҷон дӯсташ медоранд. Адибонро Ватан сарчашмаи илҳом аст.
Агар аз нигоҳи адибони классики форсу тоҷик Фирдавсиву Камол, Хайёму Сино Ватан марзу буми кишвари паҳновар бошад, ба андешаи Мирзо Турсунзода, Лоиқу Бозор Собир, Ҳабиб Юсуфӣ, Муъмин Қаноат, Камол Насрулло ва дигар адибони муосири тоҷик мафҳуми Ватан аз сангу гулу гиёҳ, аз остонаи хона, аз шири поки модар, аз таворае, ки модар сохтааст, ибтидо мегирад. Ба ин маънӣ Лоиқ фармудааст:
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ба андешаи шоирон, сарзамини Тоҷикистон кучак бошад ҳам, хоки он ба воситаи шахсиятҳои барҷастааш ба тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Ватан аз нигоҳи Бозор Собир аз кулбаи падарӣ оғоз шуда, саросари кишвари Тоҷикистонро фарогир аст:
Ман Ватанро аз қафои пода тахсис
кардаам,
Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиям ҳис
кардаам.
Ватандор бо ҳазор риштаи аёну ноаён ба Ватан пайваст мешавад. Мирзо Турсунзода дар ашъори худ Тоҷикистони биҳиштосоро хонаи умеди халқ номидааст:
Ту зинда бош Ватан – хонаи умеди халқ,
Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳаргиз.
Даме ки мешумурам пурбаҳо суханҳоро,
Баландтар зи Ватан нест дар забон
ҳаргиз.
Ватан барои Ҳабиб Юсуфӣ хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст. Шоири тоҷик аз он ифтихор дорад, ки дар Ватани паҳновари ӯ тамоми фаслҳои сол мушоҳида мешаванд:
Ман аҷаб, бас аҷаб Ватан дорам,
Як сӯяш офтобу як сӯяш барф.
Офтобаш дур(р) асту барфаш сим,
Баҳри тавсифи ӯ надорам ҳарф.
Сарзамини шоирпарвари мо – Тоҷикистон имрӯз соҳибистиқлол аст. Ифтихор аз он дорам, ки сокини ин кишвари маҳбубу бахтофаринам. Шукрона аз он мекунам, ки кабутари сулҳ дар фазояш болафшон асту дар васфаш суруд мехонем. Сухани шоири зиндаёд Ғаффор Мирзоро шиори рӯзмарраи зиндагӣ мешуморам:
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам,
кӣ мекунад?
Тан ба раҳи Ватан фигор ман накунам,
Воқеан, адибе, ки имрӯз ба арсаи адабиёт қадам мениҳад, нахустин чакомаи хомаи ӯ васфи Ватан аст.
Фирӯза ҒОЗИЕВА,
омӯзгори забон ва
адабиёти тоҷик
Иловакунӣ
Иловакунии фикр