Дар раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти шиори «Санои Ватан» озмуни «Беҳтарин ровӣ» ҷамъбаст шуд.
Дар он довталабони то 30 - сола, бахусус толибилмон, донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва ҷавонони бешуғл қувваозмоӣ намуданд. Озмун нахуст дар ҷамоатҳои деҳот, баъдан дар ноҳия ва даври ҷамъбастии он дар вилоят баргузор шуд. Ба даври ниҳоӣ 32 нафар довталаб аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят роҳ ёфтанд.
Ҷои аввалро хонандаи муассисаи таҳсилоти умумии рақами 6-и ноҳияи Дарвоз Амирҳайдар Давлатов, сокини шаҳри Хоруғ Давлатбегим Назаршоева ва намояндаи ноҳияи Рӯшон Давлатманд Чоршанбиев соҳиб шуданд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр