Нашрияи Омӯзгор

Созандагӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Дар шаҳри Душанбе бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз ҷумла, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе бунёд мешаванд, шинос гардид.

Ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши кӯчаи «Дӯстии халқҳо» то майдони Ғалаба дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, давоми ду сол биноҳои баландошёнаи  истиқоматӣ ва маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд.

Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12 ошёна буда, дар онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои  бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ  ва   шабакаи  обу корез ба нақша гирифта  шудаанд.

Ҳамчунин, дар ҳамин кӯча биноҳои нави маъмурии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд. Тибқи дурнамо сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст.

Рустами Эмомалӣ ба масъулин ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии атроф, инчунин, ба инобат гирифтани инфрасохтори зарурӣ, аз қабили хатҳои обу корез, барқу гармидиҳӣ, низоми муосири партовпартоӣ, воситаҳои хизматрасонии дохили биноҳо супоришҳои мушаххас дод.

9 меҳмонхонаи замонавӣ

сохта мешавад

Дар шаҳри Душанбе давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1000 нафар дар як вақт пешбинӣ  шудааст.

Ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо рӯнамоӣ гардид, бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5 - ситорадор сохта мешаванд.

То таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.

Ибтикороти соҳибкорони Истаравшан

Соҳибкорони шаҳри Истаравшан омодаанд, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ якчанд иншооти иҷтимоӣ сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд. Ин матлабро  соҳибкорони шаҳри Истаравшан, ки дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Красноярски Федератсияи Россия фаъолият доранд, дар мулоқот бо иҷрокунандаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода изҳор доштанд.

Таъкид гардид, ки мақсади вохӯрӣ амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020», инкишоф додани робитаҳо бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади ҷалб намудани онҳо барои мусоидат намудан ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр мебошад.

Зикр гардид, ки бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан баҳри ободу зебо гардидани шаҳр 450 адад иншоот ба нақша гирифта шудаанд. Аллакай соли равон аз ҷониби соҳибкорон, саховатмандон ва аҳли ҷамоат 152 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд.

Аз ҷумла, соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Гули Сурх омодагии худро барои бунёди  як бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизот ва майдончаи варзишӣ дар деҳаҳои Боғи калон ва Сари Мазор иброз намуданд.

Инчунин, соҳибкор Хайём Ҷамолов, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Гули Сурх, деҳаи Боғи Калон иқдом гирифт, ки бо мақсади ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ дар шаҳраки навбунёди «Баҳористон» маҷмааи савдо ва хизматрасонӣ бо маркази фароғатиро ба истифода диҳад.

Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Қал-ъачаи Калон тасмим гирифтанд, ки бо мақсади ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани 40 нафар боную зани хонашин коргоҳи дӯзандагӣ бунёд намоянд.

Дӯстӣ:  бунёди ду бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ

Ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва агентии мазкур  дар деҳаҳои Нуробод ва Найсони ноҳия ду адад бунгоҳи тиббии замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоту воситаҳои зарурӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ, ки ҳар кадоми онҳо бо харҷи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдасти мамлакат ба хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ва таъсиси ҷойҳои хатнаи кӯдакон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бунгоҳҳои тиббии мазкур бо ҷалби қувваи кории сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, дар онҳо 10 нафар мутахассиси соҳаи тиб бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Инчунин, дар маркази ноҳияи Дӯстӣ як майдончаи варзишии замонавии пӯшида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Майдончаи мазкур аз ҷониби соҳибкори саховатманди ноҳия бо харҷи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, барои бозии футболи хурд дар ҳамаи фасли сол пешбинӣ гардидааст.

Таҳияи

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш