Нашрияи Омӯзгор

ММТ: даври иловагии имтиҳонҳо баргузор мегардад

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Маркази миллии тес-тии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳони умумӣ) ва (ё) қисми Б (имтиҳони ихтисос) ва (ё) қисми АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) иштирок карда натавонистанд, мерасонад, ки даври иловагии имтиҳонҳо 18- 19-уми июл гузаронида мешавад.

Довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон (имтиҳонҳо) иштирок карда натавониста, дар даври иловагии имтиҳонҳо иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро, ки Маркази миллии тестӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пардохта, ба марказ ариза пешниҳод намояд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2019 барои як довталаби дар даври иловагии имтиҳон (имтиҳонҳо) иштироккунанда чунин муқаррар карда шудааст:

1) 130 сомонӣ – барои иштироки як довталаб дар ду қисм: А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос);

2) 65 сомонӣ – барои иштироки як довталаб танҳо дар яке аз қисмҳо: А (имтиҳони умумӣ) ё Б (имтиҳони ихтисос) ё АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос).

Варақаи аризаро довталаб аз Маркази миллии тестӣ ё бахши минтақавӣ ё сомонаи он дастрас карда метавонад. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирии довталаб ва расиди бонкӣ дар бораи пардохти маблағи иловагии муқарраргардида илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ ва расиди бонкӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд.

 Даври иловагии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳони умумӣ) рӯзи 18-уми июл, қисмҳои Б(имтиҳони ихтисос) ва АБ-9 (имтиҳони умумию ихтисос) рӯзи 19-уми июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур аз 8-ум то 15-уми июл муқаррар гардидааст.Онҳое, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ ё марҳалаи иловагии бақайдгирӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро дар даври иловагии имтиҳонҳо надоранд, - хабар доданд аз Маркази миллии тестӣ.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш