Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур намояндагони муассисаҳои илмии кишвар ширкат варзида, дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти хешро муаррифӣ карданд. Доктори илмҳои химия, мудири лабораторияи Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ Зайниддин Муҳиддинов барои 14 ихтирои дар истеҳсолот татбиқшуда, доктори илмҳои биологӣ, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи АИ ҶТ Қурбоналӣ Партоев барои 10 ихтирои дар истеҳсолот татбиқшуда ва устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Парвиз Солиев барои 21 шаҳодатномаи навоварӣ, ки ҳамаи онҳо дар соҳаи маориф татбиқ шудаанд, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон» гардида, бо Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки озмун аз рӯйи се номинатсия - «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи патент ё нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, аз рӯйи патенти авруосиёгӣ ё патенти дигар давлати бо ишораи Тоҷикистон ҳифзшаванда, «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтироъ, «Навовари беҳтарини Тоҷикистон» аз рӯйи санадҳои тасдиқкунандаи навоварӣ гузаронида шуд. Дар озмун 60 нафар ихтироъкору навовар аз муассисаҳои илмии мамлакат иштирок карданд. Дар ҷамъбаст як зумра олимон бо дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр