Ҳашт сол қабл дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташкилоти ҷамъиятӣ – хайриявии «Бобуна» таъсис ёфт. Фаъолияти ин ташкилот асосан маърифатӣ – амалӣ буда, ҳадафи асосиаш мубориза алайҳи бемории сил дар ноҳия, вилоят ва тамоми кишвар аст.
«Бобуна» таблиғгару татбиқгари давои «Бемории сил табобатшаванда аст!» мебошад. Инсон метавонад, ки тавассути иродаи қавӣ ва ҳамбастагӣ бо ҷомеа аз ҳама гуна беморӣ халосӣ ёбад. На танҳо халосӣ ёбад, балки дигаронро низ аз ин маризии тазйиқбахш наҷот диҳад.
Роҳбари ин ташкилоти ҷамъиятӣ соҳибкори маҳаллӣ Сайидислом Мирзоев, ки худ табиби ҳозиқ аст, бар замми духтури дандон будан ин иқдоми наҷибро пеш гирифта, бо ҳамдастии ҳаммаслакони хеш дар тӯли 8 соли фаъолият аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш соле як ё ду маротиба дар ин ё он мавзеи осебпазири бемории сил аксияҳои хайриявӣ мегузаронад. Аз ҷумла, ба муносибати Рӯзи байналмилалии муборизаи зидди бемории сил ҳамасола аз 24 март то 30 март дар ҳудуди тамоми ҷамоатҳои ноҳия, аз қабили Ҷамоати шаҳраки “Москва», ҷамоатҳои деҳоти «Даштигуло», «Чубек», «Панҷрӯд»… аксияҳои зиддисилӣ гузаронида мешавад. Тибқи ин чорабинӣ вохӯриҳо бо фаъолони ноҳия, раисони маҳаллаи ҷамоатҳо ва вакилони ҷамоатҳои деҳот ва аҳолӣ дар мавзӯи «Бемории сил табобатшаванда аст!» гузаронида шуда, инчунин, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳудуди ин ҷамоатҳо дар мавзӯи фавқуззикр озмун баргузор карда мешавад. Озмун дар шаклҳои гуногун: барои синфҳои ибтидоӣ - диктант, синфҳои миёна- нақли хаттӣ ва синфҳои болоӣ иншо ҷараён меёбад. Ғолибони озмун ҳамасола аз ҷониби ТҶХ “БОБУНА” бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар ҳамкорӣ бо маркази ҷумҳуриявии муҳофизати аҳолӣ аз бемории сил ва маркази зиддисилии ноҳия бо ташаббуси ин ҷамъияти хайриявӣ автомошинаи флюорографии рақамӣ дастрас гардида, 1151 нафар шахсони мубталои беморони сил ва шахсони хоҳишманд аз ташхиси рентгении рақамӣ гузаронида шуданд. Инчунин, 93 нафар кӯдакони аз 7 то 14-солаи гирифтори бемории сил аз ташхиси туберкулинӣ баҳравар гардиданд.
Соли равон низ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятӣ - хайриявии «Бобуна» иқдоми хайриявӣ ва ҳамоише бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва 24 март - Рӯзи байналмилалии мубориза зидди бемории сил гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат иштирок ва суханронӣ намуд. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятӣ - хайриявии «Бобуна» С.Мирзоев оид ба татбиқи назарияи солимгардонии беморони сил, ба таҳсилоти тиббӣ ҷалб намудани онҳо ва ҳамчун ихтиёрӣ (волонтёр) фаро гирифтани онҳо дар мубориза бар зидди бемории сил бо мисолҳои дақиқ ва боварибахш сухан гуфт.
Дар фарҷоми иқдоми хайриявӣ ба 45 нафар бемори сил, ки дар қайди диспансерианд ва 5 нафар корманди маркази зиддисилии нохия (патронажхо) кумаки яквақтаи моддӣ расонида шуд. Бо ташаббус ва саҳми бевоситаи роҳбари ин ташкилот ба аҳолии деҳаҳои баландкӯҳи Қарағоч ва Бӯзахонаи ноҳия зарфҳои калонҳаҷми обгирӣ(систернаҳо) туҳфа гардида, ба як зумра беморони сили дар қайди диспансерӣ буда низ ёрии яквақтаи моддӣ расонида шудааст.
Ба наздикӣ С.Мирзоев ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҳисоби бойгонии китобхонаи шахсии худ 400 адад китобҳои адибони рус ва хориҷиро тақдим намуд, ки аз зумраи китобҳои нодир маҳсуб меёбанд.
Нурмуҳаммад Сироҷӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр