Нашрияи Омӯзгор

Соҳибмактаб

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Барои ноил шудан ба эҳтироми мардум омӯзгорро  мебояд, ки пурдон, соҳибмаърифат, нуктадону нуктасанҷ ва сабуру меҳрубон бошад.

Яке аз чунин шахсони  равшанзамиру дилогоҳ,  олим ва устоди варзида Раҳматшо Диловаров мебошад,   ки тавассути заҳмату ғайрат дар дилу дидаи аҳли назар ҷой гирифта, бо хислатҳои ҳамидаи худ дар байни ҳамкорону шогирдон соҳибэҳтиром гардидааст.   

Мавсуф солҳои 1962-1966 дар факултаи табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) таҳсил намуда, баъди хатми донишкада солҳои 1966-1967 фаъолияти худро ба ҳайси лаборанти кафедра оғоз карда, ҳамзамон то соли 1972 вазифаи котиби комитети комсомоли донишкадаро ба зимма дошт. Солҳои 1972-1975 унвонҷӯи ҳамин донишкада буд. Ӯ соли 1984 дар мавзӯи ”Истифодаи оқилонаи замин ва ташкили ҳудудии истеҳсолот” зери роҳбарии профессор В. А. Пуляркин дар назди Шӯрои дифоии Институти географияи Академияи илмҳои ИҶШС  дар шаҳри Москва рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илмҳои география гардидааст. Раҳматшо Диловаровро соли 1975 декани факултаи навтаъсиси географияи донишкадаи мазкур таъйин менамоянд, ки ӯ дар ин вазифа то соли 1991 кор мекунад. Дар давоми ин солҳо тавассути дасту дили пок, заҳматҳои пайваста, сахтгириву серталабӣ ва меҳрубонию ғамхорӣ нисбат ба ҳамкорону шогирдон соҳибэҳтиром гардид. Дар таъсису ташкил ва  фаъолияти минбаъдаи факултаи география саҳми арзандаи хешро гузошт. Бо ташаббуси ӯ дар заминаи факултаи география шуъбаҳои геоэкологияю ҳифзи муҳити зист ва туризм таъсис дода шудааст. Тӯли ин солҳо шогирдони зиёдеро тарбия намуд, ки имрӯз дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ баҳри ободиву гул-гулшукуфии Ватан саҳмгузоранд.

Устод солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, яъне, солҳои 1991-1995 вазифаи ноиби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраевро иҷро мекард. Ӯ, ки аз хурдӣ ба сахтиву мушкилоти зиндагӣ борҳо рӯ ба рӯ гаштаву одат карда буд, аз ин азобҳо рӯҳафтода  нагашт, баръакс, мутмаин буд, ки ин мушкилот рӯзе рафъ хоҳад шуд.

Минбаъд  фаъолияти  меҳнатии устод дар солҳои 1996-2005 ҳамчун декани факултаи география ва ҳамзамон, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии факулта идома ёфта, аз моҳи марти соли 2006 то  2011 ба ҳайси мудири кафедраи географияи иқтисодию иҷтимоӣ ва технологияи соҳаҳои факултаи иқтисодиёт ва молияи Донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст ва ҳоло бошад, ба сифати дотсенти кафедраи географияи иқтисодии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  фаъолият дорад.

Устод Раҳматшо Диловаров умри пурбаракати худро сарфи маориф ва илм, сарфи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон намуда, муаллифи зиёда аз 200 номгӯй корҳои илмӣ, илмию методӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва 5 рисолаи илмӣ аст. Дар рисолаҳои ин марди соҳибмактаб “Использование земель и типы территориальной организации сельского хозяйства в зоне тонковолокнистого хлопководство (Истифодабарии замин ва намудҳои ташкили ҳудудии истеҳсолоти кишоварзӣ дар минтақаи парвариши пахтаи навъи маҳиннах)”(1985) “Истифодабарии оқилонаи   фонди замин” (1991), “География сельского хозяйства Вахшской зон (Географияи хоҷагии қишлоқи минтақаи Вахш)” (1992), “Проблемы охраны и рациональное использования природных ресурсов верхнеого течения реки Амударьи (Проблемаҳои ҳифз ва самаранок истифодабарии сарватҳои табиии болооби Амударё)”, “Горы как объект изучения экономической и социальной  географии (Кӯҳҳо ҳамчун объекти омӯзиши географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ)” (1995), (бо ҳаммуалифӣ) “Проблемы устойчивого развития туристической отрасли (Проблемаҳои рушди устувори туризм)” (2012) масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Устод дар таълифу танзими корҳои методӣ ва таҳияи барномаю китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ  низ пешгом аст. Аз ҷумла, “Асосҳои туризм” барои донишӯёни мактабҳои олӣ (2014), “Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон” барои донишҷӯёни донишгоҳҳои  иқтисодӣ (дар ҳаммуаллифӣ, 2011), барнома ва китоби дарсии “Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он” барои донишҷӯёни макотиби олӣ, барнома ва китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 10-уми массисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ “География (мамлакат ва минтақаҳо)” (2016), Географияи табиии материкҳо ва уқёнусҳо барои хонандагони синфи 7-уми массисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва ғайра мебошанд. Мавсуф дар зиёда аз 60 симпозиуму конфронс ва ҳамоишҳои илмии байналмиллалӣ, ҷумҳуриявию байнидонишгоҳӣ маърӯзаҳои ҷолиб намудааст. Зери роҳбарии Р. Диловаров  4 нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.

Ӯ ҳамеша хоксору фурӯтан ва маслиҳатгару раҳнамои шогирдон буда, бо дарки эҳсосу масъулият ва меҳри беандоза шогирдонашро сабақ медиҳад. Бузургсолӣ, хушбахтона, заррае ҳам ба ҷисму рӯҳашон таъсире накардааст.

Раҳматшо Диловаров ҳамеша ғамхори шогирдон буда, намегузоранд, ки онҳо ғайр аз дастрасӣ ба илму пажӯҳиш ва дастовардҳои дигар ба кори ғайри қобили қабул машғул бошанд.

Устод аз зумраи шахсиятҳое маҳсуб меёбанд, ки фаъолияти омӯзгорӣ ва тадқиқотиашон барои насли оянда намунаи ибрату омӯзиш аст, то ки насли оянда аз меҳнату заҳмати фидокоронаашон биомӯзанду ибрат гиранд.

Раҳматшо Диловаров соҳиби унвони  “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1991) буда, барои хизматҳои арзандааш  бо медалҳои “Барои меҳнати шоён” (1970), “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (2002)   ва даҳҳо сипосномаю  ифтихорнома сарфароз  гардидааст.

Аз соли 2005  узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия  мебошад. 

Ин марди заҳматқарин ва сарбаланди ҷодаи илму амал, дар ҳақиқат, ба ҳама гуна подошу қадрдонӣ арзандаю сазовор мебошад.

Устоди гиромиқадр Раҳ-матшо Диловаров имрӯзҳо ба синни мубораки 80  мерасад.  Зодрӯз муборак, устоди азиз!

 

Шоҳсафар Акобиров,

муовини аввали  ректори

МД ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш