Нашрияи Омӯзгор

Ҳунар дорӣ, хазинаи зар дорӣ

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

Дар сарчашмаҳои таърихӣ, дар рисолаҳои этнографию мардумшиносӣ, дар асарҳои ёддоштӣ ва навиштаҳои  дигар омада, ки тоҷикон аз қадим халқе хушниҳоду накукор ва заҳматкашу хушрӯзгор будаанду ҳамеша баҳри ободонии муҳити худу зиндагии худ, баҳри тарғибу пайгирии аъмоли хуҷаста ва гуфтори дилпазир мекӯшидаанд.

Ин хусусиёти умдаи хешро тоҷикон то ба имрӯз ҳифз кардаанд. Дар қатори дигар хислатҳои ҳамидаашон тоҷикон табиатан ҳунардӯсту ҳунарпарваранд, ба ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ арҷ мегузоранд. Аз ин ҷост, ки миёни ин халқи вологуҳар зарбулмасалу мақолҳои фаровоне дар ситоиши  ҳунару ҳунардӯстиву ҳунарварӣ машҳуранд ва ин  маврид чанде аз онҳоро ёдовар мешавем:

Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст.

ххх   

Марди боҳунар хор намешавад,

Ба дӯсту душман зор намешавад.

ххх   

Ҳунар дорӣ, хазинаи зар дорӣ.

ххх  

Ҳунар беҳ аз мулку мероси падар

аст.

ххх  

Ҳама чиз гум мешаваду ҳунар не.

Адибони тоҷик низ ба ситоишу тарғибу тавсифи ҳунар дар эҷодиёти худ эътибори  ҷиддӣ додаанд. Аз навиштаҳои пурҳикмати онҳо аён мегардад, ки ҳунар дорои мақому мартабаи баланд аст, касро соҳибэҳтирому тавонманд мекунад, рӯзгоронашро  пурфайзу  баракат месозад. Аз ҳунар бандҳо кушода, роҳҳо  ҳамвор мешаванд, зиндагӣ обод мегардад. Чунончи, Фирдавсии Тӯсӣ таъкид карда, ки гавҳару хиради одам ҳунар аст ва ҳар каси соҳибҳунар зиндагии хушбахтонаву пуросоиш хоҳад дошт:

Туро бо ҳунар гавҳар асту хирад,

Равонат ҳаме бо ту ромиш барад.

Ба ин мазмун фармудаҳои ҳакимонаи Фирдавсиро шоирони дигари тоҷик дар давоми асрҳо ба ҳар гуна бозгӯиву доварӣ кардаанд ва ин мавзӯъро комилтару муассиртар бинмудаанд. Аз ҷумла, гуфтаҳои Саъдиву Ҳофизу Носири Хисрав ва Ҷалолиддини Балхиву Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомию Бедил дар арҷгузории ҳунару ҳунармандон дар сатҳи баланданд ва ҳамагонро ба ҳунаромӯзӣ ҳидоят мекунанд. Чанд далел:

Агар ҳаст мард аз ҳунар

 баҳравар,

Ҳунар худ бигӯяд, на соҳибҳунар.

Саъдӣ

Ҳунар пояи мард афзун кунад,

Сар аз ҷайби иқбол берун кунад.

Хисрави Деҳлавӣ

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,

З-иқбол даре ба рӯи кас боз нашуд.

Бедил

Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли равон далели барҷастаи ҳунарварию ҳунаргустарии халқи тоҷик аст ва ин тадбир моро даъват мекунад, ки ба ҳунарҳои  аҷдодии худ беэътибор набошем, онҳоро ҳифз намоему биомӯзем, гузашта аз ин, такмил бубахшем. Дар доираи ин сол аҳли таълиму тарбия бояд тарғиби ҳунарро дар байни хонандагон бештар ва муассиртар намоянд. Бо ин мақсад ташкили дарсҳои махсус, дарсҳои тарбиявӣ, ҳамоишу вохӯриҳо, саёҳат ба корхонаҳои гуногун ва амсоли инҳо хеле муфид хоҳад буд. Таъсиси гӯшаҳои махсус, суратномаҳо, намоши ҳунарҳои  мардумӣ низ аз омилҳои таъсиргузор ва ҳидоятгар аст. Бояд ҳар чӣ бештар дарсгоҳҳою долонҳо  ва саҳни мактабро бо овезаҳо дар ситоиши ҳунару ҳунармандон ороиш дод.

Насли наврас тавассути омӯхтани ҳунарҳо фардои хешро пурсаодату хушбахтона мекунад ва дар ободии Ватани маҳбуби худ ҳиссагузор мешавад.

 

Гулрухсор ШАРИФОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш