Кӯдак дар қолабҳои муҳит шакл мегирад. Аввал, падару модар, дувум, боғчае, ки ӯ ба он ҷо меравад, сониян, наздикону ақрабо, дониста ва ё надониста ба кӯдак бисер чизҳоро ёд медиҳанд. Кӯдак бо нигоҳҳои кунҷковона ва пурҳайраташ ҳар лаҳза аз ҳодисаҳои атрофаш маълумоту малакаҳои нав ба навро аз худ мекунад. Аз ин лиҳоз, кӯдакро тарбия намуда, барои ҳаёт омода сохтан санъат аст.
Аз хурдӣ фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон, дӯст доштани падару модар, меҳрубон будан бо мураббияҳо ва ҳурмати мардум тарбият бояд кард.
Вақте ки кӯдак ба боғча меравад, зеҳнаш кушода, нутқаш бурро ва фикррониаш озод мегардад, чунки ҳамсолонаш аз оилаҳои гуногунанд ва онҳо вобаста ба муҳити оилаи худ тарбия ёфтаанду дар зери назорати як мураббияи оқилу бомаърифат таълим мегиранд.
Дар навбати худ бояд қайд кард ки агар мураббия бо кӯдакон меҳрубон бошаду ба воситаи асбобҳои аёнӣ ва мусиқӣ ба онҳо дарс омӯзад, зеҳнашон кушоду андешарониашон озод мегардад.
Аз рӯи ақидаи равоншинос Марвин Симмер, мусиқӣ ба рӯҳияи кӯдак таъсири мусбат мерасонад. Савту наво метавонад воситаи беҳтарини тарбия бошад ва зеҳни кӯдакро тез гардонда, қобилияти дарккуниашро такмил бахшад.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки «карсак аз ду даст» аст: дар таълиму тарбияи фарзандон ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор нақши муҳим доранд.
Ба кӯдаконамон бояд ҳар чӣ бештар омӯзонем, зеро дуруст фармудаанд, ки дониш дар хурдӣ нақш дар санг аст.
Дилором Темирова,
мураббияи ширхоргоҳ - кӯдакистони
№126, «Бозича», ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр