Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи ватандӯстӣ аз чӣ оғоз мешавад?

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Дар бораи усулҳои гуногуни таълиму тадрис, омӯзиши фанҳои алоҳида ва омилҳои вобаста ба он дар матбуоти даврӣ ва маҷаллаҳои илмӣ пайваста навиштаҳо ба табъ мерасанд.

Аммо хеле кам дучор мешавем, ки дар бораи тарбияи худшиносиву ватандӯстии кӯдакону наврасон омӯзгорону мураббиён ба таври мушаххасу фаҳмо чизе иншо намоянд. Ин ҳукм қатъӣ нест ва дар доираи маводи академикии васеъ баъзе матолибро дучор омадан мумкин аст, ки дар онҳо бештар фикрҳои умумӣ мавқеи асосӣ доранд. Яъне тарғибу ташвиқ мақоми густурдатар доранд. Чунин мавод ба фаҳму дарки наврасон нисбатан душвор мебошад.  Манзури мо он аст, ки бояд барои кӯдакону наврасон роҳҳои содатари тарбияи худшиносиву ватандӯстиро дарёбем, ки яке аз ин роҳҳо усули амалӣ ва равонӣ мебошад.

Дар замони Шӯравӣ одати хубе ҷой дошт, ки дар ҳар як синфи таълимгоҳҳо дар як гӯшаи махсус сурат ва маълумотномаи қаҳрамони ҷангу меҳнатро аз ҳамон деҳа нигоҳ медоштанд. Гӯшаи синфиро ҳамарӯза толибилмон медиданд. Гурӯҳи пионерӣ ба номи ин қаҳрамон гузошта мешуд. Вобаста ба амали он қаҳрамон, шиори гурӯҳ вуҷуд дошт. Хонандагон орзу мекарданд, ки: «Кош ман низ мисли ин қаҳрамон мебудам». Агар он гурӯҳи пионерӣ дар байни дигар гурӯҳҳо дар хонишу таҳсил ғолиб меомад, давоми як моҳ байрақи пионерии мактабро соҳибӣ менамуд. Аҳли гурӯҳ мекӯшиданд, ки байрақро аз даст надиҳанд. Имрӯз мо зинаҳои махсуси тарбияро надорем. Чун октябряту пионеру комсомол ячейкаҳо вуҷуд надоранд. Албатта, имрӯз низ идеологияи давлатӣ вуҷуд дорад ва мо барои тарбияи худшиносии наврасону кӯдакон аз усулҳои мухталиф истифода мекунем. Аммо чӣ мешавад, ки чун гузашта чунин гурӯҳҳоро ташкилу номгузорӣ намоем ва сабқати ҳақиқиеро дар макотиб ба роҳ андозем. Гурӯҳҳоро бо номҳои Спитамен, Маздак, Темурмалик ва монанди инҳо вобаставу номгузорӣ намоем. Имрӯз дар ҷомеаи мо идеологияи ваҳдату дӯстӣ ҳамчун идеологияи созанда ҷойгоҳ пайдо кардааст. Мебояд, ки дар партави ҳамин идеология баъзе омилҳои тарбиявии мушаххасро ба роҳ гузорем. Мешавад, ки ба гурӯҳу созмонҳо номи шоирону адибони ваҳдатсаро ва сулҳдӯсту ватанпарварро гузорем. Ашъори онҳоро ба сифати шиори гурӯҳ қарор диҳем. Фикр мекунам, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ин омил як воситаи ҳифзи асолати миллӣ гардида метавонад.

                                                                             

Сулаймон Алиев,

 омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби  №71, шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш