Дар тарбияи фарзанд оила ҳиссаи муҳим мегузорад. Агар сатҳи тафаккур, худогоҳиву хештаншиносӣ ва ҳифзи ҳофизаи таърихиву фарҳангии падару модарон баланд бошад, фарзанд соҳиби саводу дониши мукаммал мегардад.
Мутафаккири бузург Муҳаммад Ғазолӣ фармудааст: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар ин сабаб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро бо олам гузорӣ ҳар чи хоҳад кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ. Пас, месазад, ки волидайн худро аз илми динию дунявӣ муҷаҳҳаз намуда, онро дар тарбияи фарзанд сарфа кунад. Дар таълиму тарбияи фарзанд волидайн бояд ҳаққи фарзандро бишносад ва онро ҳамарӯза риоя намоянд”. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст, ки волидайн фарзандро аз ҳама гуна хислатҳои ношоям, аз ҷумла, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор ва дигар рафторҳои ғайри қобили қабул манъ намояд. Падару модаронро зарур аст, ки фарзандонро аз тамошои наворҳои видеоие, ки ҳадафашон таблиғи нашъамандӣ, зӯровариву фаҳш аст, нигоҳ доранд. Мутаассифона, ҳамаи ин наворҳои фаҳшу зӯровариро дар телефонҳои мобилӣ низ тамошо кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки падару модар истифодаи телефонро аз тарафи фарзандашон ҷиддӣ назорат намоянд. Ин агар, аз як тараф, ба саломатии кӯдак зарар расонад, аз тарафи дигар, бо коста гардидани ахлоқаш мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, саъю талош бояд кард, ки дар ҳамбастагию иртибот бо муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа, падару модарон рисолати хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намоянд ва наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду тараққии кишвар саҳми созандаи худро гузошта тавонад. Чунон, ки шоир фармудааст:
Чу хоҳӣ , ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Чу фарҳангу рояш набошад басе,
Бимирию аз ту намонад касе.
Б.Ғиёсова,
омӯзгори мактаби № 49-и
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр