Таълиму тадриси фаъол истифодабарии ҳар гуна роҳу усулҳои дарсдиҳиро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳангоми таълими фанни математика дар синфҳои ибтидоӣ яке аз усулҳои самарабахшу бисёр муҳим интихоби истифодабарии усулҳои салоҳиятнокӣ ва гурӯҳбандӣ ва бозиҳои гуногуни математикӣ мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бозӣ диққати кӯдаконро бо маводи таълимӣ зиёд гардонида, дар онҳо нисбат ба фанҳои алоҳида шавқу рағбатро афзун мекунад. Ба зумраи ин гуна бозиҳо, масалан, бозии «Кӣ зуд себ мечинад?»-ро дохил кардан ба маврид аст. Омӯзгор пешакӣ ду асбоби аёнӣ омода мекунад, дарахтони пластмассии себ ё тасвири расми дарахти себ. Дар ҳар як шохча 5-6 донаи меваи себ мавҷуд буда, дар дохили онҳо мисолҳои математикӣ навишта шудаанд.
Омӯзгор дарахти пластмассиро ё расми дарахти себро дар тахтаи синф овезон карда, ду нафар хонандаро назди худ даъват менамояд ва ба ҳар кадоме мефармояд, ки себҳои дарахти худро чинанд. Барои чидан мисолҳои дар дохили себ овардашударо бояд ҳисоб намуд. Хонандае, ки пешакӣ мисолҳоро дуруст ҳал карда метавонад, ғолиб мебарояд, яъне ӯ себчиниро зуд ва дуруст ба охир расонидааст.
Бозии «Арчаи солинавиро кӣ зудтар оро медиҳад?». Омӯзгор дар ду варақи калони картон ё қоғаз расми арчаро мекашад ва дар як тараф овезон мекунад. Дар ду сутунча мисолҳо навишта мешаванд. Баъдан ду нафар хонанда даъват мешаванд, ки ҳар яки онҳо дар даст 7-8 - тоӣ бозича доранд. Бозичаҳои онҳо аз коғаз ё картон сохта шуда, ҳалқача низ дорад. Бо супориши устод хонандагон мисолҳоро ҳал намуда, бозичаҳоро ба арча меовезанд. Талабае, ки арчаи солинавиро хубтару пештар оро медиҳад, дар ин шарти бозӣ ғолиб маҳсуб меёбад.
Зимни гузаронидан ва ташкил кардани ин гуна бозиҳо ба аҳамияти тарбиявии онҳо низ диққат додан зарур мебошад. Дар рафти ҷараёни ин гуна бозиҳо хонандагон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, чустучолокӣ, масъулиятшиносӣ, муҳаббат ба зиндагӣ тарбия карда мешаванд.
Фирӯза Иброҳимова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №10-и
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр