Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таъмиру тармими синфхонаву дарсгоҳҳои фаннӣ, толорҳои варзишию маҷлисгоҳ, таълимгоҳҳо ва ба тартиб даровардани гирду атрофи таълимгоҳҳо вусъати тоза пайдо карда, ҳамчунин, ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ захира намудани ангишту ҳезум оғоз гардидааст. Дар байни 84 таълимгоҳи ҳудуди шаҳри Исфара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ нахустин шуда, таъмири ҷориро ба анҷом расонид. Тавре директори мактаби мазкур Исматулло Абдуллоев ба мо иттилоъ дод, мактаб соли 1971 бунёд гардида, аз се бинои дуошёна иборат мебошад. Синфхонаҳои озмоишии химия, физика, биология, кабинети омодагии дифои ҳарбӣ ва технологияи меҳнат пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуданд. Хотиррасон бояд кард, ки тайи 6 соли охир муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар қаламрави шаҳри Исфара аз аввалинҳо шуда, дар байни таълимгоҳҳои шаҳр таъмиру тармимро ба анҷом мерасонад. Ҳамасола падару модарони хонандагон иқдом нишон дода, ба тариқи ҳашар, якҷо бо омӯзгорони таълимгоҳ мактабро бо сифати баланд таъмир мекунанд.
Дар назди муассисаи таълимӣ лагери истироҳатии тобистона ташкил карда шудааст, ки дар даври аввал 70 нафар хонанда ба фароғат дар он фаро гирифта шуданд. Дар мактаб хонандагон пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр