Хонандагони ВМКБ дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ, ки дар ноҳияи Ҳисор доир шуд, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Аз ҷумла, Моҳинур Амонуллоева, хонандаи литсейи Оғохон, аз фанни забони англисӣ мақоми аввал, Ойиқанд Соҳибназарова аз ҳамин фан ҷои дуюм, Мисринамо Шобекова аз фанни география ҷои сеюмро соҳиб шуданд. Тамрис Дилдорбекова барои ширкати фаъолонааш дар олимпиада бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми кишвар қадрдонӣ гардид.
Меҳрона Саидалиева, хонандаи синфи 7-и Мактаби президентӣ, аз фанни забони русӣ ҷойи дуюм ва Амния Азорабекова, мактаби рақами 7-и шаҳри Хоруғ, аз фанни забони англисӣ, Мижгона Лутфишоева аз мактаби рақами 7-и ноҳияи Шуғнон аз фанни забони русӣ, Зиёратбегим Улфатшоева, мактаби рақами 11-и ноҳияи Шуғнон, Зубайри Иброҳим, мактаби рақами 36-и ноҳияи Ванҷ, Зуҳал Ошурмамадова, мактаби рақами 26 ноҳияи Ишкошим, аз фанни география соҳиби ҷойи сеюм шуданд.
Дар озмуни «SPELLING BEE» хонандаи синфи 7-и мактаби рақами 9 - и шаҳри Хоруғ Ҳавобегим Қурбонмамадова ҷои дуюм ва Адис Гулзорхонов хонандаи синфи 7-и мактаби рақами 25-и ноҳияи Шуғнон ҷои савумро ишғол намуданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр