Тибқи гузориши раёсати маорифи вилоят дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавсими истироҳати тобистонаи соли 2019 бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар мавзеи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, Зинги ноҳияи Ванҷ ва лагери «Насим»-и ноҳияи Шуғнон бо фарогирии 50-60 нафар хонанда дар ду баст лагерҳои истироҳатӣ ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин дар лагерҳои «Маърифат»-и ноҳияи Рӯшон, «Саодат»-и ноҳияи Шуғнон, «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа, «Нур»-и ноҳияи Ишкошим бо фарогирии 580 нафар хонанда ва бо дастгирии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ВМКБ дар ҳамкорӣ бо раёсати маорифи вилоят, дар лагери «Саодат»-и ноҳияи Шуғнон бо фарогирии 90 нафар дар се баст, дар назди муассисаи № 9-и шаҳри Хоруғ ва дар ду басти литсейи Оғохон бо фарогирии мутаносибан 100-300 нафарӣ хонанда барои кӯдакони 11-13 - сола низ лагерҳо ташкил карда мешавад.
Дар умум, дар лагерҳои рӯзона ва майдончаҳои солимгардонии наздимак-табӣ 480 нафар кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Тибқи нақшаи пешбинишуда 2140 нафар кӯдакону наврасон бояд дар лагерҳо истироҳати тобистонаи худро гузаронанд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр