Баъд аз чанд рӯзи ҳуҷуми артиши Германияи фашистӣ ба хоки собиқ Шӯравӣ гурӯҳе аз олимони шинохтаи соҳаи химия-академикҳо Бах, Зелинский, Фрумкин, аъзо-коррес-пондент Вольфкович бо мактуб ба раиси Кумитаи давлатии мудофиаи собиқ СССР муроҷиат ва пешниҳод намуданд, ки олимони мамлакат барои ҳалли масъалаҳои таъмини ғалаба ҷалб карда шаванд.
Пас як шабонарӯз имзокунандагони мактубро ба Кремл даъват намуданд. Онҳоро Молотов қабул кард. Якҷоя ба ин қарор расиданд, ки дар назди кумита Шӯрои илмӣ-техникӣ таъсис дода шавад. Роҳбарии ин шӯроро ба уҳдаи Сергей Васильевич Кафтанов, профессори Донишкадаи физика-химияи ба номи Л.Я.Карпов гузоштанд. Ба ғайр аз муаллифони мактуб, олимони шинохта Иоффе, Капитса, Семенов, Несмеянов низ ба ҳайати шӯро дохил гардиданд. Фаъолияти қаҳрамононаи онҳо зери шиори «Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба» оғоз ёфт. Дар ин давра ҳама қувваҳо ва энергияи эҷодии олимон баҳри ғалаба бар душман сафарбар карда шуд.
Барои ҷабҳа маводи тарконанда хеле зарур буданд, вале корхонаҳои истеҳсоли ин моддаҳои зарурӣ дар минтақаҳои забтнамудаи душман қарор доштанд. Чунин корхонаҳо дар Сибир ва Урал ҳам буданд, вале маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо барои ҳамаи артиш кофӣ набуд. Химикҳо пешниҳод намуданд, ки бо ин мақсад оксиликвити моеъ (омехтаи оксигени моеъ бо чӯбмайдаҳо) истифода бурда шавад. Оксиликвити моеъ яроқи хуб аст, вале бомбаҳои тайёри онро дарозмуддат нигоҳ доштан мумкин нест. Лозим омад, ки оксигени моеъро дар минтақаҳои наздик ба хатти фронт истеҳсол намоянд. Ин мушкилиро академик Капитса осон кард. Ӯ усулҳои нави истеҳсоли оксигени моеъро нишон дод ва ба ин васила истеҳсоли ин маводи муҳим дар ҷои дилхоҳ имконпазир гардид.
29 августи соли 1941 фашистон охирин роҳи оҳанеро, ки Ленинградро (Санкт-Петербурги имрӯза) бо марказ мепайваст, вайрон карданд. Онҳо мақсад доштанд, ки шаҳрро ба хок яксон кунанд. Дар болои боми хонаҳо бомбаҳои оташангез мепартофтанд. Ин бомбаҳо 1кг вазн дош-танд. Руйпӯши онҳоро аз хулаи зуддаргирандаи алюминию магний сохта буданд, ки баъди даргирӣ хосияти часпандагӣ пайдо мекарданд. Пораҳои онҳо ба чӯбу тахтаҳои биноҳо часпида, сӯхтори шадидро ба амал меоварданд. 8 сентябри соли 1941 дар болои шаҳри Ленинград 6327 бомбаҳои оташангез партофтанд, ки боиси 178 сӯхтор гардид. 14 сентябр нашрияи «Ленинградская правда» чунин навишт: «Оташзанҳои фашистӣ дар болои Ленинград садҳо бомбаҳои оташафкан партофтанд, вале шаҳр намесӯзад, сӯхторҳои алоҳида зуд хомӯш карда мешаванд. Гӯё шаҳр аз маводи ба сӯхтор тобовар сохта шуда бошад.…»
Олимон муайян карданд, ки агар чӯбро дар маҳлули суперфосфат тар карда, баъди хушконидан оташ зананд, намесӯзад. Дар ҳамон рӯзҳои пурдаҳшат дар анборҳои комбинати химиявии Нева қариб 40 000 тонна суперфосфат бекор мехобид. Бо маҳлули аз он тайёршуда дарахтони шаҳрро коркард намуданд ва онҳоро аз сӯхтан эмин доштанд.
Дар шаҳри Ленинград минаҳо, бомбаҳои авиатсионӣ… намерасиданд. Истеҳсоли онҳоро аз маводе, ки пештар бо ин мақсад истифода намешуданд, дар худи шаҳр ба роҳ монданд. Барои гудохтани металлҳо кокс намерасид, ба ҷои он усули истифодаи антратсит ва торфро дарёфтанд. Шаҳриён аз нарасидани маводи ғизоӣ азоб мекашиданд. Дар шаҳр як миқдор захираи рангҳои молиданӣ ёфтанд, ки аз равғани растанӣ тайёр шуда буд ва бо ёрии олимон аз он маводи ғизоӣ тайёр мекарданд. Профессор В. И. Шарков дар моҳи ноябри соли 1941 тарзи табдилдиҳии гидроцеллюлозаро ба маводи ғизоӣ кашф намуд.
Профессор Б.А. Кудряшов доруи манъи хунравӣ –тромбинро кашф кард, ки боиси пешгирии марги садҳо ҳазор маҷрӯҳ гардид. Профессор В.А. Энгелгардт тарзи истеҳсол намудани витамини С-ро аз чормағзи юнонӣ ихтироъ намуд. Барҷастатарин кашфиёти илмӣ кашфи пенитсилин буд, ки дар ин ҷода хизматҳои профессор З.В.Ермольева бузурганд. Тотористон ба маркази асосии илмию тадқиқотӣ табдил дода шуд. Қариб ҳама заводу фабрикаҳое, ки пештар барои аҳолӣ мавод истеҳсол мекарданд, ба заводу фабрикаҳои ҳарбӣ табдил дода шуданд. Доруҳои сулфазол, сулфидин, стрептотсид ва ғайраҳо маҳсули кашфи олимони ҳамон давра мебошанд. Дотсент А.Г.Репа усули нави истеҳсоли сементи дандонро кашф кард. Хулоса, донишмандони кишвари собиқ Шӯравӣ новобаста аз мушкилиҳои замони ҷанг тавонистанд беҳтарин намунаҳои техникаи ҳарбиро созанд ва ба воситаи онҳо дар ҳама ҷабҳаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ғалабаро бар фашизми гитлерӣ таъмин намоянд. Дар бораи кашфу истеҳсоли дигар техникаи ҳарбӣ ҳоҷати гуфтан нест. Тамоми мардуми Шӯравӣ дар истеҳсоли онҳо саҳмгузор буданд. Банда бар ин андешаам, ки аз мушкилиҳо, заҳматҳо ва қаҳрамониҳои мардуми даврони Шӯравӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳар як хонандаи муассисаҳои таълимии кишварро огоҳонидан зарур аст.
Музаффар ғафуров,
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
саромӯзгори коллеҷи омӯзгории
ДДқ ба номи
Носири Хусрав
Иловакунӣ
Иловакунии фикр