Нашрияи Омӯзгор

Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ меафзояд

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар оғози нишасти матбуотие, ки дар куҳантарин мактаби олии мамлакат – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гашт, ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори умум дар бораи ҷанбаҳои  асосии фаъолияти аҳли таълимгоҳ дар нимсолаи аввали соли равон ба таври фишурда маълумот ироа намуд.

Зикр гардид, ки дар донишгоҳ тамоми тадбирҷӯиҳо ба самти такмили раванди таълиму тарбия ва боло бурдани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён равона карда шудаанд. Дастовардҳои шогирдони донишгоҳ дар ҷараёни таҳсил, дар имтиҳоноту озмунҳо бозгӯву собитгари онанд, ки аз ин лиҳоз ҷидду ҷаҳд ва ибтикороти роҳбарияти донишгоҳ боровар гаштааст. Чунончи, донишҷӯён дар ду сабқати бонуфуз – олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён аз фанҳои гуногун бомуваффақият иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд ва дар ҳисоби даставӣ дар ҳар ду олимпиада мақоми дуюмро ишғол карданд.

Донишгоҳ дар иртибот ба ифтитоҳи шуъбаву марказҳои нав, таъсиси озмоишгоҳҳои илова, таҳияи барномаву дастурҳои таълимӣ, нашри китобҳои дарсиву бадеӣ ва илмӣ, такмили ҳайати устодон, густариши фаъолияти кафедраҳо, таҷҳизонидану тармими дарсгоҳҳо, дастрасӣ ба воситаҳои компютерӣ, ободонии атроф, ширкат дар тантанаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва амсоли инҳо ба комёбиҳои шоиста ноил гардидааст. Донишгоҳ тибқи барномаи идоракунии электронӣ амал намуда, ба ин васила дар танзими ҷараёни таълим, аз ҷумла, корбасти журнали электронӣ, таҳияи Бонки саволномаҳо ва тестҳои инфиродӣ, ташкили онлайн – табло, мониторинг ва таҳлили сифати дарсҳо, назорати раванди таълим… натиҷаҳои назаррас ва таҷрибаи судманд ба даст овардааст.

Дар донишгоҳ ба масоили марбут ба тарбияи босамари донишҷӯён диққати доимӣ дода мешавад ва вобаста ба ин маҷмӯи чорабиниҳои муҳтавоманд баргузор карда мешаванд, ки натиҷаи дилхоҳ бор меоваранд. Робитаҳои хориҷии донишгоҳ дар иртибот ба дарёфти грантҳо ва таҳияи лоиҳаҳо тақвият меёбад. Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар соли таҳсили равон хеле афзуда, ба 2734 нафар расидааст. Ҳамбаста ба ривоҷи муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Ӯзбекистон солҳои охир ҷавонони ҷумҳурии ҳамсоя бештар рӯ ба мактабҳои олии Тоҷикистон меоранд ва қисми зиёдашон Донишгоҳи омӯзгориро мепазиранд.

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ ва чанде аз масъулини дигар ба суолҳои зиёди рӯзноманигорон бо далелҳои муътамад ва бо истифода аз воситаҳои техникии иттилоърасонӣ посух гуфтанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш