Нашрияи Омӯзгор

Вусъати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар рӯйхати рейтинги мактабҳои олии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф барои нимсолаи аввали соли равон муқаррар гардид, дар мақоми панҷум қарор дорад.

Ректори донишгоҳи мазкур, профессор Ҳамидуллохон Фақиров нишасти матбуотиро бо намояндагони воситаҳои ахбори омма бо зикри ҳамин иттилоъ оғоз намуд. Сарвари таълимгоҳ дар идомаи суханрониаш аҳли нишастро бо муҳимтарин дастовардҳо ва рӯйдодҳо дар донишгоҳ дар давоми нимсолаи аввали соли равон ошоно намуд. Сипас, дар заминаи посух ба суолҳои рӯзноманигорон Ҳ.Фақиров муҳтавои суханрониашро боз ҳам такмил бахшид. Аз ҷумла, зикр гардид, ки аҳли донишгоҳ ҳамбаста бо корбасти усулҳои фаъоли таълим, такмили ихтисос, истифода аз воситаҳои техникии таълим ва навгониҳои инноватсинонӣ… ба комёбиҳои шоиста дастрасӣ пайдо карданд.

Сафи омӯзгорони унвондор ва ташаббускори донишгоҳ боз ҳам афзудааст. Дар давоми нимсола 2 нафар рисолаи докторӣ ва 7 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Шоистаи тазаккур аст, ки ДДТТ дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда ба низоми таҳсилоти фосилавӣ гузашт ва барои татбиқи ин низом тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва заминаи созгори моддии техникиро фароҳам овард. Ҳоло ба он тайёрӣ дида мешавад, ки аз соли нави таҳсил назорати донишгоҳ ва қисман ҳуҷҷатгузорӣ ба тариқи электронӣ амалӣ гардад. Устодони донишгоҳ ба табъу нашри мақолаҳо, дастурҳои гуногун ва китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд. Соли равон аз ҷониби устодони донишгоҳ 7 китоби дарсӣ, 22 комплекси таълимию методӣ ва 69 дастуру раҳнамои таълимӣ ба нашр расонда шуд. Ҳоло аҳли донишгоҳ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани 4 барномаи таҳсилотии бакалавр ва 2 барномаи магистрӣ омодагӣ мебинанд. Дар донишгоҳ ба тавсеаи корҳои тарбиявӣ диққати ҳамешагӣ дода меншавад ва аз ин ҷост, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 84 дарси кушоди тарбиявӣ, 34 чорабинии варзишӣ, 22 чорабинии фарҳангӣ, 46 чорабинӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 18 озмуни донишгоҳӣ ва 20 вохӯрӣ бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ баргузор карда шуданд. Яке аз ҳадафҳои меҳварии фаъолияти олимони донишгоҳ дар амал татбиқ намудани дастовардҳои назариявии илмӣ мебошад. Барои ин дар донишгоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Солҳои охир дар робита бо тақвияти Истиқлолияти  давлатии ҷумҳурӣ робитаҳои байналмилалии донишгоҳ пайваста вусъат пайдо мекунанд. Айни замон донишгоҳ бо 57 мактаби олии кишварҳои хориҷӣ робитаву ҳамкориҳои судманд дорад ва ҳамчунин дар татбиқи як силсила барномаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф фаъолона ширкат меварзад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки сол то сол теъдоди бештари шаҳрвандони мамлакатҳои хориҷӣ ба таҳсил дар ДДТТ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Ректори донишгоҳ дар ҳошияи яке аз суолҳои донишҷӯён зикр намуд, ки аҳли донишгоҳро лозим аст, то вобаста ба масоили боз ҳам боло бурдани сатҳи сифати таҳсилот, афзун намудани теъдоди аълохонҳо, таҳияи китобҳо оид ба махсусиятҳои тиҷорат ва ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ фаъолияти худро тақвият бахшанд.

 

А.Илёспур,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш