Соли ҷорӣ донишгоҳро 1493 нафар хатм намуданд. Дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 шумораи хамткардагони донишгоҳ 338 нафар камтар мебошанд, - изҳор дошт ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ҳайдар Одиназода зимни нишасти матбуотӣ, ки 12 июл баргузор гашт.
Раҳимҷон Саидзода, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, гуфт, ки дар муқоиса бо солҳои таҳсили 2017-2018 соли 2019 сифати таҳсилот дар донишгоҳ ба ҳисоби миёна 2,7 дарсад баланд шудааст. Парки технологии донишгоҳ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин хеле хуб кор бурда истодааст ва айни замон дар миёни паркҳои технологии кишвар пешсаф мебошад.
Дар идома қайд гардид, ки имсол 200 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар муассиса таҳсил мекунанд. Донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Ӯзбекистон, Покистон, Ҷопон, Беларус, Украина, Лаҳистон созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намудааст ва дар ин самт корҳои самарабахш анҷом ёфтаанд.
Дар охир ректори донишгоҳ Ҳайдар Одиназода ба суоли хабарнигор дар бораи бо кор таъмин гардидани мутахассисон изҳор дошт, ки барои донишҷӯёни таҳсили буҷавӣ гоҳо мушкилоти таъмин шудан бо ҷои кор ба миён меояд.
Нисбат ба ин масъала аз раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони донишгоҳ мактуби расмӣ омадааст ва таъмини хатмкардагони буҷавӣ бо ҷойи кор рад карда шудааст. Боиси ташвиш аст, ки мавзӯи мазкур ба донишҷӯёни тариқи квота хатмкарда низ тааллуқ дорад. Давоми 5 соли охир барои 54 нафар тариқи квота хатмкардагон мактуби раддияи ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба донишгоҳ ворид шудааст, ки аз инҳо 18 мактуб ба соли 2018 рост меояд, ки ин ҳолат ташвишовар аст.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр