Дар шаҳри Хоруғ дуюмин Фестивали байналмилалии фарҳанг ва сайёҳӣ таҳти унвони «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад. Ин маърака бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 26 то 28 июли соли равон гузаронида мешавад. Дар ин чорабинӣ меҳмонон аз кишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, Афғонистону Покистон, Амрикову Латвия ва Ҳиндустон ширкат меварзанд.
Ҳадаф аз баргузории фестивал муаррифии табиати зебоманзари кишвар, офаридаҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, ҳаракати мунтазами хатсайрҳои сайёҳӣ, шиносоӣ бо намояндагони касбу кори гуногун, беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар соҳаи мазкур мебошад.
Инчунин, дар Фестивал пешниҳоди барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳо ва намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ низ дар назар дошта шудааст.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр