Нашрияи Омӯзгор

Ситораҳои Улуғбек

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Имсол ба зодрӯзи яке аз ситораҳои дурахшони илми астрономия, арбоби давлатӣ ва маърифатпарвар, олими оламшумул Мирзо Улуғбук 625 сол пур мешавад.

Номи Улуғбек дар радифи бузургтарин симоҳои  илму фарҳанги Шарқ - Ибни Сино, Берунӣ, Ғазолӣ ва Форобӣ дар феҳристи фарҳанги умумибашарӣ сабт гардидааст. Бузургтарин асари илмии Улуғбек таҳияи ҷадвали мукаммале мебошад, ки бо унвони «Зичи Курагонӣ» маълуму машҳур аст.

Муҳаммад Тарағай Улуғбек – набераи Амир Темур, писари Шоҳрух Мирзо 22-юми марти соли 1394 дар шаҳри Султонияи Эрон таваллуд шудааст. Улуғбеки наврас таҳти таълиму тарбияи олимони маъруф, мисли Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддини Кошӣ  ва чанде дигар устодон илмҳои замони хешро аз худ кард. Забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркиро пурра медонист ва ба забони тоҷикӣ шеърҳо низ гуфтааст. Дар илми мусиқӣ низ комил гашта, баъдтар чанд рисолае дар ин соҳа навишт. Дар баҳсҳои илмӣ иштирок намуда, бо зеҳни тезу дониши баландаш ҳозиронро ба ҳайрат гузошта буд. Аммо диққати Улуғбеки ҷавонро бештар илмҳои риёзӣ, бахусус, астрономия ба худ ҷалб намуда буд. Ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш Темур ҳокимияти давлати бузурги таъсисдодаи худро байни писарон ва наберагонаш тақсим карда буд, ки дар ин тақсимот ҳиссаи Улуғбек ҳам буд. Ба Самарқанд писари понздаҳсолааш Улуғбекро ҳоким таъйин кард. Гарчанде Улуғбек расман ҳоким буд, вале зимоми давлатдорӣ ба дасти сипаҳсолори содиқи Темур - Шоҳмалик қарор дошт. Улуғбек мустақилона аз соли 1411 давлати Мовароуннаҳрро идора кардааст. Давраи ҳокимияти ӯ 40 солро дарбар мегирад. Мадрасаи Улуғбек солҳои 1417 – 1420 бунёд ёфт. Бар хилофи қонуну қавоиди он замон дар ин мадраса илмҳои риёзиёт, ҳандаса ва нуҷум таълим дода мешуд. Барои тадрис олимони машҳури риёзидони давр, Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддини Кошӣ ва Алии Қушчӣ ҷалб гардида буданд. Бо иштироки ҳамин олимон солҳои 1428-1429 расадхонаи Улуғбек сохта шуд. Сарчашмаҳои хаттӣ тасдиқ мекунанд, ки расадхона бинои сеошёнаи мудаввар (устувонашакл) буда, баландиаш 30,4 метр будааст. Қисми асосии ин нимдавраи бузург, ки 30 метрро ташкил медод, дар дохили бино сохта шуда, қисми боқимонда (10-12м.) дар чуқурии замин ҷойгир будааст. Асбоби асосии расадхонаро судси фахри (секстант)-и радиусаш 42,2 – метра ташкил медод. Ин асбобро квадрант (тарбеъ) ҳам меноманд. Бо ёрии ин олимон кунҷи байни экватор ва эклиптикаро чен мекарданд, ҳаракати солонаи Офтоб, Моҳ ва сайёраҳоро меомӯхтанд. Собитаҳои маъмули астрономиро дақиқ мекарданд. Маҳсули гаронбаҳои фаъолияти расадхонаи Улуғбек таҳия ва тартиби феҳристи мукаммали астрономии машҳур бо номи «Зичи Курагонӣ» мебошад. Расадхонаро рӯҳониёни мутаассиб баъди ба қатл расидани Улуғбек (октябри соли 1449) вайрону валангор сохтанд. Танҳо қисми зеризаминии расадхона бо тахтасангҳои мармаринаш ки дар он нишонаҳои ададии кунҷҳо ҳаккокӣ шудаанд, боқӣ мондаасту халос. Ҳоло ин қисмати расадхона ҳамчун осорхона нигаҳбонӣ мешавад.

Дар «Зичи Курагонӣ» вазъияти (мавқеъ, координат)-и 1018 ситора дақиқ нишон дода шудааст. Инчунин ҷадвали синусҳо барои ҳар як ҷадвали тангенсҳо оварда шудааст. Ғайр аз ин, дар «Зичи Курагонӣ» масъалаҳои хронологияи халқҳои Шарқ, тақвиму солшуморӣ, тарзҳои муайян кардани координатҳои  ҷирмҳои осмонӣ, назарияи ҳаракати Офтоб, Моҳ ва сайёраҳо дарҷ гардидааст.

Омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти илмии Улуғбек дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии хонандагон ва хештаншиносии онҳо аҳамияти калон дорад.

 

Абдуғаффор НУРМАТОВ,

омӯзгори литсейи

Президентии

шаҳри Турсунзода      


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш