Дар маркази ноҳияи Панҷ ба бинои шуъбаи маориф ворид шуда, мудири шуъбаро суроғ кардем.
-Муаллима дар дафтари кориашон қарор доранд, - гуфт сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Ҳикмат Абдуллоев. Ва тавзеҳ бахшид, ки фардо ҷаласаи мушовараи навбатии Вазорати маориф ва илм баргузор хоҳад шуд. Мудир ба ин ҷаласа омодагӣ мебинад.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мавлуда Боймуродзода моро самимона истиқбол гирифта, иброз намуд, ки имрӯзҳо таъмиру тармим дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо маром идома дорад.
- Бо мақсади аз таъмири хушсифат баровардани бинои мактабҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 178 826 сомонӣ, аз ҳисоби кумитаи падару модарон 303131 сомонӣ ҷудо карда шудааст, - гуфт М. Боймуродзода. Номбурда афзуд, ки то ин дам аз 530 синфхонаю дарсгоҳи фаннӣ 133 синфхона аз таъмир бароварда шуда, дар 377 синфхонаю дарсгоҳи фаннӣ таъмир идома дорад. Ҳамзамон, ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба зимистони имсола дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мудир гуфт, бо ин мақсад дар ҷаласаи шуъбаи маориф директорони муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда шудаанд, ки талаботи воқеии таълимгоҳҳояшонро бо ангишту ҳезум, сӯзишвории дизелӣ ва шишабандии тирезаҳо муайян намуда, иҷрои нақшаи захира кардани ангишту ҳезумро саривақт ба анҷом расонанд. Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби буҷаи маҳал барои ба таври шоиста гузарондани мавсими зимистон ва захираи ҳезуму ангишт 176546 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Бо соҳибкор А. Мирзоев барои хариди 271, 6 тонна ангишт шартнома баста шудааст. Интиқоли ангишт ба муассисаҳои таълимӣ рӯзҳои наздик оғоз хоҳад ёфт.
- Чӣ ҷойи пинҳон кардан, дар кори мо мушкилоту проблемаҳо низ мавҷуданд, ки бартараф намудану ҳалли мусбати онҳо кори дастаҷамъонаи тамоми сокинони ноҳия мебошад, - мегӯяд мудир ва таъкид мекунад, ки айни ҳол 15 муассисаи таълимӣ ба таъмиру азнавсозӣ ниёзи ҷиддӣ доранд. Ба сабаби нарасидани синфхонаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии №43, таҳсилоти ибтидоии №42 ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 хонандагон дар се баст ба таълим фаро гирифта шудаанд. Падару модарони хонандагони муассисаи таълимии №12 аз ҳисоби худ ва ба тариқи ҳашар қисмати вайроншудаи бинои таълимгоҳҳоро азнавсозӣ намуда истодаанд. Норасоии мизу курсӣ ба мушкилии дигар дар муассисаҳои таълимӣ табдил ёфтааст. Айни замон муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба 500 миз ва 1000 курсӣ эҳтиёҷ доранд. Ба таъйиди М. Боймуродзода, сохтмону азнавсозии бинои мактабҳо дар қаламрави ноҳия вусъат ёфта, дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ соҳибкорон ва сокинони деҳот ҳиссаи босазо мегузоранд. Аз ҷумла, бо дастгирии соҳибкорон дар Ҷамоати деҳотиба номи Сайфиддин Кабутов, дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 40 ва 41 синфхона барои 100 ҷойи нишаст, дар мактаби рақами 50 – и Ҷамоати деҳоти «Намуна» синфхонаҳои иловагӣ барои 50 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд. Сохтмони чор синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти асосии №43 дар арафаи анҷомёбист. Ҳамин тариқ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо дастгирии соҳибкорон сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ, муассисаи таҳсилоти умумии асосии №44 9 синфхона, дар мактабҳои рақамҳои 38, 42 ва 29 мутаносибан сохтмони 4, 8, 3 синфхона идома ёфта истодааст. Синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби падару модарони хонандагон ба таври ҳашар бунёд мегарданд. Аз ҷониби соҳибкор Нусрат Ҳақназаров бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 барои 288 хонанда сохта шуда истодааст.
Соли гузашта синфи 11 – ро 1817 нафар хатм намуда, 1282 нафар аз қайди ММТ гузаштанд. Аз ин теъдод 685 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил гардиданд. Имсол бошад, аз 1876 хатмкунанда 1316 нафар аз қайди ММТ гузаштанд, ки ин 70, 5 фоизро ташкил медиҳад. Соли равон тибқи квотаи Президентӣ 128 довталаб ба озмун фаро гирифта шудаанд. Алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ 94 нафар шогирдони таълимгоҳҳои ноҳия таҳсилро идома дода истодаанд. Дар умум, сифати таҳсил ва сатҳи донишазхудкунии хонандагони мактабҳои ноҳия сол ба сол беҳтар мегардад. Таври мисол, дар даври сеюми олимпиадаи вилоятии минтақаи Бохтар аз фанҳои таълимӣ 384 нафар хонандаи синфҳои 8, 9, 10 ва 11 иштирок намуданд ва 58 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Дар олимпиадаи вилоятӣ, дар минтақаи Бохтар байни хонандагони синфҳои 11 аз ноҳия 11 нафар ба даври олимпиадаи вилоят роҳхат гирифта, 6 нафар пирӯзӣ ба даст оварданд. Дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ бошад, хонандаи синфи 11 – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни биология сазовори ҷойи сеюм гардид. Хонандаи синфи 8 – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Манижа Сафарова дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба гирифтани медали нуқра ноил шуд. Дар тайёру омода намудани хонандагон ва иштироки онҳо дар олимпиадаҳо Маркази рушду дарёфти истеъдодҳои назди шуъбаи маориф нақши арзанда дорад. Дар Маркази таҳсилоти иловагии шуъбаи маориф 14 нафар омӯзгор ба 300 хонанда – аъзои маҳфилҳои гуногун машғулият мегузаронанд. Соли равон дар озмуни вилоятии «Тирамоҳи зарин» аъзои маҳфил дар байни 25 ноҳияи вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал гардиданд.
- Мо ба омӯзиши забонҳои русӣ ва хориҷӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, нақша - чорабинии махсус таҳия намудем, - мегӯяд М. Боймуродзода. – Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия дарсҳои иловагӣ дар шакли маҳфилҳои омӯзишии забонҳои англисӣ ва русӣ бо ҷалби 16 - нафарӣ хонандаи болаёқати синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назди шуъбаи маориф курси омӯзиши забони англисӣ ташкил карда шудааст, ки сӣ нафар хонандаро дар бар мегирад.
Айни замон дар таълимгоҳҳои ноҳия 78 нафар омӯзгори ҷавон бо собиқаи кори сесола фаъолият доранд, ки ба онҳо дар асоси имтиёзоти муқарраргардида қарзҳои дарозмуддат пешниҳод гардидааст. Яке аз иқдомҳои муассиру омӯзанда, ки раҳбарияти шуъбаи маориф роҳандозӣ кардааст, омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгорони собиқадору соҳибмактаб дар муассисаҳои таълимии ноҳия маҳсуб меёбад.
Бо ин мақсад таҷрибаи намунавии омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 Гулсанам Холиқова, омӯзгори забони русии мактаби рақами 21 Гулнора Мингбоева, омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи давлатӣ Гулшода Холова, омӯзгори географияи мактаби №10 Рустам Ёров, омӯзгори фанни дифои ҳарбии №21 Бахтиёр Мусулмонов, муовини директор оид ба масъалаҳои тарбиявии мактаби №54 Отахон Туғонов ва мураббияи муассисаи томактабии №2 Малоҳат Тешаева баҳри омӯзиш дар ноҳия паҳн карда шудааст.
Аз нақли мудир маълум гардид, ки дар ноҳия ба масъалаи аз рӯйи равия ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Соли ҷорӣ дар 12 муассисаи таълимӣ 31 равия ташкил карда шуд. Дар маҷмӯъ, 782 нафар хонанда тибқи равия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Аз мудири шуъбаи маориф перомуни таъмини муассисаҳои таълимии ноҳия бо китобҳои дарсӣ, барномаю роҳнамо ва замимаҳои таълимӣ пурсон гардидем. Аён шуд, ки имсол ба ноҳия аз тарафи вазорат 25 621 нусха китоби дарсӣ, 325 нусха китоби бадеӣ, 2094 нусха маводи таълимии ёрирасон ва 236 нусха маводи таълимӣ аз фанни забони русӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия интиқол дода шудаааст.
- Дар масъалаи пардохти маблағи умумии китобҳои иҷораи дарсӣ ягон мушкилие надорем, - мегӯяд М. Боймуродзода. – Мутаассифона, норасоии китобҳои дарсии забони англисӣ барои синфи 4, физикаи синфхои 8 – 9, географияи синфи 9, китобу дастурҳои таълимӣ бо забони ӯзбекӣ ҷой доранд. Раҳбарияти ҳукумати ноҳия ва шуъбаи маориф ба иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» диққати ҳамаҷониба зоҳир намуда, танҳо соли 2019 43 адад компютер, се адад тахтаи электронӣ, се адад видеопроектор харидорӣ ва ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода шудааст. Айни замон таълимгоҳҳои ноҳия бо 792 компютер, 108 принтер, 7 тахтаи электронӣ, 24 видеопроектор таъмин карда шудаанд.
Дар самти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020» мушкилоти зиёде ҷой доранд. Мутобиқи нақша бояд соли 2018 дар ҳафт муассисаи таълимӣ нуҳ кабинети фаннӣ бо маблағи 270 ҳазор сомонӣ, соли 2019 дар нуҳ муассисаи таълимӣ даҳ кабинети фаннӣ ба маблағи сесад ҳазор сомонӣ ташкил карда мешуд. Алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи рақамҳои 10 ва 12 кабинетҳои фаннӣ, ду ҳуҷраи лингофонӣ ва дар гимназияи давлатӣ як кабинети лингофонӣ ташкил карда шудаасту халос. Сабаби асосии таъмин нагардидани барномаи зикршударо мудир дар норасоии маблағ медонад.
- Бо мақсади ташкили самарабахши истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон аз ҷониби шуъбаи маориф як қатор корҳо ба анҷом расонда шудааст, - тавзеҳ дод М. Боймуродзода.- Дар майдончаҳои истироҳатии тобистонаи кӯдакон дар 42 муассисаи таълимӣ ва се муассисаи томактабӣ фароғати наврасон дар се давр гузаронда мешавад. Бо дастгирии шуъбаи маориф ва иттифоқи касаба 33 нафар кӯдаки ятим ва нимятим ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ равон карда шудаанд. Тибқи нақша солҳои 2019 – 2020 хонандагон бояд бо 13 105 ҷуфт сарулибоси мактабӣ таъмин карда шаванд. Дар ин самт шартнома барои дӯхтани даҳ ҳазор ҷуфт сарулибос бо ҶДММ – и шаҳри Бохтар, ҳазор ҷуфт бо корхонаи дӯзандагии «Алфия» ва ду ҳазору понздаҳ ҷуфт бо ташкилоти ҷамъиятии «Бонувон» - и ноҳия ба тасвиб расидааст. Аллакай 7446 ҷуфт сарулибос ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардонда шудааст. Хотиррасон бояд кард, ки хонандагони ятими кулл ва нимятим бо дастгирии шуъбаи маориф ва ширкатҳои дӯзандагӣ бо сарулибоси мактабӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.
Иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳамбастагии муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон дар ноҳия татбиқи худро ёфта, амалу рафторҳои номатлуб аз ҷониби хонандагон ба нудрат ба мушоҳида мерасанд. Соли гузашта 21 амали ҷиноятӣ дар байни ноболиғон ба қайд гирифта шуда буд, имсол бошад, хушбахтона, ягон амали ҷиноятию майдаавбошӣ содир нашудааст. Масъалаи мутолиаи осори бадеӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатандӯзии хонандагон пайваста дар мадди назари шуъбаи маориф қарор дошта, дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» даври ниҳоии сабқати ноҳиявӣ байни омӯзгорон ва хонандагони ғолиби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор ва ҷамъбаст карда шуд. Дар озмун аз 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ 93 нафар ғолиби даври якум иштирок карданд. Дувоздаҳ нафар ғолиб аз байни хонандагон ва 31 нафар омӯзгор ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод гардиданд.
Дар рӯйи мизи кории мудири шуъбаи маориф чашмамон ба нашрияи «Чароғи маърифат» афтид. Мудир зикр намуд, ки бо дастгирии ҳукумати ноҳия ва иқдоми шуъба чопи нашрияи мазкур ба роҳ монда шудааст. Нашрия дар инъикоси фаъолияти муассисаҳои таълимӣ,таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳибмактаб, навигарию дигаргуниҳое, ки дар соҳаи маориф ба амал меоянд ва ташаббусу дастгириҳои соҳибкорони ноҳия дар масъалаи кумак расондан ба муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ маводу матолиби хонданӣ ба табъ мерасонад. Ҳамзамон, дар нашрия намунаҳо аз эҷодиёти назмию насрии устодону омӯзгорони ноҳия ва хонандагон чоп карда мешаванд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»,
Душанбе – Панҷ - Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр