Нашрияи Омӯзгор

Ҳамгироии фанҳо самаровар аст

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Табиатшиносӣ маҷмӯи илмҳо дар бораи ҳодисаҳо ва қонунҳои табиат мебошад. Ба фанҳои табиатшиносӣ физика, астрофизика, космология, биология, кимиё, экология ва геология тааллуқ доранд.

Ҳамаи фанҳои табиат-шиносӣ бо иқтисодиёт робитаи зич доранд ва пешрафти иқтисодиётро таъмин менамоянд.

Омӯзиши ин фанҳо ҷа-ҳонбинии хонандагону до-нишҷӯёнро васеъ гардонда махсусан, омӯзиши фанҳои ихтисосии донишҷӯёни соҳаҳои иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ ва гуманитариро осон мегардонанд.

Бинобар ин, дар нақшаи таълимии ихтисосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва гуманитарии мактабҳои олӣ омӯзиши фанни «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» дохил карда шудааст ва он дар шароити низоми кредитии таҳсилот дар ҳаҷми се кредит, яъне 72 соат омӯзонида мешавад.

Фанҳои табиатшиносӣ прогресси илмӣ – техникиро дар амал ва мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин  менамоянд.

Аҳолии олам рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аҳолӣ зиёда аз 3 миллион афзуд.

Зарур аст, ки зиёда аз се миллион одам бо маводи ғизоӣ таъмин гардад. Масоҳати замини киштукоршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе тағйир аст. Аҳолии зиёдшудаи ҷумҳуриро танҳо тавассути фанҳои табиатшиносӣ бо маводи ғизоӣ таъмин намудан мумкин аст. Бо роҳи баланд бардоштани ҳосилдиҳии заминҳои корам, ёфтани навъҳои нави растаниҳою зироатҳо, зотҳои нави ҳайвонҳо аҳолии зиёдшуда бо маводи ғизоӣ  таъмин карда мешаванд. Баланд бардоштани ҳосилнокии замин, ёфтани навъҳои нави растаниҳою зироатҳо, зотҳои нави ҳайвонҳои хонагӣ тавассути тадқиқотҳои мутахассисони соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ ба даст оварда мешавад. Ҳамин тавр, фанҳои табиатшиносӣ ба пешрафти иқтисодиёт саҳми арзанда мегузоранд. Фанҳои табиатшиносӣ ҳодисаҳои табиатро омӯхта, онҳоро маънидод ва қонунҳои онро муқаррар менамоянд, аз онҳо инсоният самарабахш истифода мебарад.

Масалан, қонуни бақо ва табдилёбии энергия яке аз қонунҳои фундаменталии табиат ба шумор рафта, асоси ҳамагуна мошинҳои ҳароратиро ташкил менамояд. Мошинҳо кори инсонро осон мегардонанд ва аҳамияти калони иқтисодӣ доранд, пешрафти иқтисодиёти мамлакатро таъмин менамоянд.

Танҳо тавассути татбиқи босамари қонуни фундаменталии табиат – қонуни бақо ва табдилёбии энергия норасоии неруи барқро дар ҷумҳурӣ бартараф намудан мумкин аст. Татбиқи қонунҳои ҷараёни доимию тайирёбанда ба пешрафти иқтисодиёт таъсири калон мерасонанд. Амали кори ҳамагуна асбобҳои электроченкунанда, ҳаракатдиҳандаҳою генераторҳо ба қонуни Ампер – таъсири  майдони магнитӣ ба ноқили ҷараёндор асос карда шудаанд. Ҳаракатдиҳандаҳою генераторҳо асоси ҳамагуна мошинҳоро ташкил менамоянд ва ҳамагуна мошинҳо ба пешрафти иқтисодиёт саҳми арзанда доранд. Тадқиқотҳои соҳаи физикаи ядроӣ ва зарраҳои элементарӣ бо инкишофи иқтисодиёт ва пешрафти он алоқаи зич доранд. Ядроҳое, ки шумораи якхелаи протонҳо доранд, изотопҳо ном доранд. Аксарияти изотопҳо дар натиҷаи реаксияҳои ядроӣ ҳосил карда шудаанд. Изотопҳои радиоактив дар хоҷагии халқ татбиқи васеи амалӣ доранд. Масалан, аз изотопҳои радиоактив дар тиб барои табобати касалиҳо  ва муайян кардани табиати беморӣ, дар саноат барои омӯзиши диффузияи металлҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.

Реаксияҳои ядроӣ низ дар амалия ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Таъсири мутақобили ядрои атомро бо зарраҳои элементарӣ ё ядрои дигар, ки ба табдилёбии ядро оварда мерасонад, реаксияи ядроӣ меноманд. Реаксияҳои ядроии таҳти таъсири нейтронҳо ҳосилгардида мароқангезанд. Дар ин реаксияҳо нейтрони безаряд бе афзоиши  суръат, озодона ба ядро дохил мешавад.

Реаксияи ядроӣ бо иштироки нейтрон намуди зерин дорад:

Ин реаксия ҳамеша дар атмосфераи Замин таҳти таъсири нейтронҳои нурҳои кайҳонӣ мегузарад. Карбони дар ин маврид ҳосил шуда   радиоактив мебошад, яъне таҳти таъсири нейтронҳо изотопҳои радиоактивро ҳосил кардан мумкин аст.

Реаксияҳои ядроӣ бо нейтронҳо ҳангоми тақсимшавии ядроҳои вазнин бо ҷудошавии энергияи хеле калон мегузарад.

Ҷудошавии энергияи хеле калон дар реаксияи ядрои зерин ҳангоми тақсимшавии ядроҳои уран низ ба амал меояд: 

Ин энергияи ҷудошударо дар неругоҳҳои энергетикии атомӣ барои ҳосил кардани энергияи электрикӣ истифода мебаранд. Аз гуфтаҳои боло хулоса бармеояд, ки реаксияҳои ядроӣ ҳам аҳамияти илмӣ ва ҳам  аҳамияти васеи амалӣ доранд.

Химия низ яке аз фанҳои табиатшиносӣ буда, таркиб, сохт, хосият ва табдилёбии моддаҳоро бе тағйирёбии таркиби ядрои атом меомӯзад. Яке аз шохаҳои қадимтарини химия металлургия ба шумор меравад ва он ба пешрафти иқтисодиёт саҳми босазо мегузорад.

Илми химия барои фаҳмидани сабабҳои ниҳоии дохили моддаҳо, ки ҳангоми реаксияҳои химиявӣ ба тағйирёбӣ ё ба вуҷуд омадани хосиятҳои нав оварда мерасонад, имконияти васеъ муҳайё менамояд. Инчунин, химия барои таъсиси технологияи пешқадам, истеҳсоли полимер ва нахҳои синтетикӣ, нуриҳои маъданӣ, маҳсулоти доруворӣ, коркарди нафту газ, муҳофизати муҳити зист ва ғайраҳо замина мегузорад.

Қонунҳои химиявӣ низ мисли қонунҳои дигари табиат ба аҳамияти калонӣ иқтисодӣ соҳибанд. Ҳамчун мисол танҳо дар бораи аҳамияти иқтисодии қонунҳои элекролиз-қонунҳои Фарадей маълумот додан кифоя аст.

Мувофиқи қонуни дуюми Фарадей эквиваленти электрохимиявии модда k ба эквиваленти химиявии он   мутаносиб аст:

дар ин ҷо   коэффитсиенти мутаносибӣ буда,   адади Фарадей ном дорад,   - масси молӣ,   - валентнокӣ аст.

Аз ифодаи (1) ва (2) қонуни мутаҳидаи Фарадейро ҳосил мекунем:

 Баробарии (3) қонунҳои якум ва дуюми Фарадейро мутаҳид менамояд.

Ба қонунҳои Фарадей асос карда, дар заводи алюминийи тоҷик истеҳсоли алюминийи тоза ба роҳ монда шудааст.

Махсусан, аҳамияти иқтисодии тадқиқотҳоро дар соҳаи биология қайд кардан зарур аст. Имрӯзҳо селексионерҳо ба мо навъҳои наву ҳосилбаланди растаниҳою зироатҳоро, зотҳои нави чорвои калони шохдор – говҳои гӯштию серширро, навъҳои серҳосилу тезшукуфандаи пахтаро ва пахтаҳои миёнанахи рангорангро пешкаши истеҳсолкунандаҳо карда истодаанд.

Солҳои охир геологҳои тоҷик дар бозёфти канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ ба комёбиҳои беназир соҳиб гардида истодаанд.

Сангҳои қиматбаҳои дарёфтаи геологони тоҷик баъди коркарди хушсифат ба мамлакатҳои дунё интиқол меёбанд, конҳои нави металлҳои қиматбаҳо, нафту газу ангишт кашф шуда истодаанд. Ҳамаи ин бозёфтҳои геологӣ пешрафти иқтисодиёти ҷумҳуриро таъмин намуда истодаанд.

Ҳамин тариқ, фанҳои табиатшиносӣ бо иқтисодиёт робитаи зич дошта, пешрафти онро дар сатҳи зарурӣ таъмин менамоянд. Бинобар ин, омӯзиши фанҳои табиатшиносиро дар мактабҳои таълимоти умумӣ ва олӣ, махсусан барои ихтисосҳои тамоили иқтисодидошта дар сатҳи баланд ба роҳ мондан зарур аст.

 

Ҳамид МАҶИДОВ,

профессори Донишгоҳи

давлатии тиҷорати Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш