Зодаи истиқлолият
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, соли 2012 дар заминаи муттаҳид сохтани Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд.
Донишгоҳ дар муддати кӯтоҳ ба яке аз марказҳои бузурги омодакунии кадрҳои соҳаи молия ва иқтисод табдил ёфта, сазовори ҷоизаҳои байналмилалии соҳавӣ гардид. Муваффақиятҳои донишгоҳ дар самти идора, сифати таълим ва ҷорӣ намудани технологияҳои навину инноватсия буд, ки 22-юми марти соли 2015 дар шаҳри Женева сазовори «Тоҷи тиллоии сифат» (Gold quality Crown) гардид. Дарёфти ҷоизаи мазкур донишгоҳро узви баргузидаи WorldCob ва Ҷамъияти байналмилалии BID намуд. Дар баробари ин 1-уми октябри соли соли 2015 донишгоҳ дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико барандаи ҷоизаи Конфедератсияи ҷаҳонии бизнес BIZZ-2015 гардид.
Сохтори донишгоҳ
Айни замон дар ДДМИТ 5 раёсат, 9 шуъба, 6 факулта, 27 кафед-ра ва 13 бахшу марказ фаъолият доранд. Дар назди донишгоҳ Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Молия” ва Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия ва Парки технологӣ фаъолият мекунанд. Дар донишгоҳ факултаҳои зерин аз рӯйи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, иқтисод ва ҳуқуқи иқтисодиро омода мекунанд:
факултаи молия ва қарз, факултаи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, факултаи иқтисод ва бизнес, факултаи муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, факултаи ҳисобдорӣ ва омор, факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ.
Заминаҳои моддию техникӣ
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дорои 3 бинои таълимӣ буда, дар биноҳои таълимӣ барои як басти таълимӣ ба донишҷӯён 5200 ҷойи нишаст омода шудааст. Соли 2018 бинои нав дар масоҳати 900м.кв., ки дар он барои кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, шуъбаи табъу нашр ва бунгоҳи тиббии донишгоҳ шароити муосири кору фаъолият фароҳам оварда шудааст, ба истифода дода шуд.
Заминаи мукаммали моддию техникӣ шарти асосии баланд бардоштани сифати таълим ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, айни замон дар донишгоҳ зиёда 2000 таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионии гуногуннавъ харидорӣ ва насб карда шудааст, ки дарвоқеъ, дастоварди бузурги муассиса ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, дар донишгоҳ 10 синфхонаи компютерӣ, 2 маркази интернетӣ ва 2 китобхонаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд.
Соли ҷорӣ ду маркази бузурги технологияҳои муосири компютерӣ бо 200 ҷойи нишаст барои қабули имтиҳонҳо ва 1 озмоишгоҳи муосири компютерӣ таъсис дода шуд, ки дар он 20 адад моноблокҳои замонавӣ барои истифода пешниҳод гардидаанд. Ҳамчунин, бо мақсади тақвияти заминаи моддию техникии омӯзиши забонҳо ва технологияи навин марказҳои муосир ташкил карда шудааст. Биноҳои таълимии донишгоҳ бо интернети беноқил “WiFi” таъмин шудаанд, ки устодону донишҷӯён дар раванди таълим ва таҳсил аз он васеъ истифода менамоянд.
Донишгоҳ дорои ду хобгоҳи замонавист ва бунгоҳи тиббию дигар иншооти таълимию варзишӣ ва ёрирасон пурра ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд.
Донишҷӯёни хориҷӣ
Бо тағйир ёфтани мақоми донишгоҳ, ободу зебо гардонидан, такмил ёфтани базаи моддиву техникӣ ва зиёд гардидани таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба масоили ҷалби довталабони хориҷӣ соли 2018 шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба маротиб зиёд гардид. Масалан, агар дар соли таҳсили 2015-2016 ҳамагӣ 5 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба донишгоҳ қабул шуда бошанд, дар соли 2018 ин шумора ба 180 нафар расид. Айни замон дар донишгоҳ 204 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамоянд, (аз ҷумла, аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва аз Федератсияи Россия).
Дар низоми таҳсилоти фосилавӣ 119 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамоянд. Қобили қайд аст, ки бо мақсади ҳамгироии бештар ва тарғиби фарҳангу забони миллӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ курсҳои ройгони омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил карда шуд, ки дар ин курсҳо шумораи зиёди донишҷӯёни хориҷӣ иштирок менамоянд.
Робитаҳои байналмилалӣ
Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳимтарини ташаккули эътибор ва замонависозии равандҳои омодакунии кадрҳои баландихтисос ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, солҳои охир корҳои назаррасу пурманфиат иҷро гардиданд. Аз ҷумла, бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо созишномаҳои ҳамкорӣ баста шуданд. Дар баробари ин, мубодилаи донишҷӯён бо шарикони минтақавӣ, аз ҷумла, бо Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон татбиқ карда шуда, бо шарикони минтақавӣ - Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия барномаи “профессори даъватшуда” низ амалӣ карда шуд. Ба имзо расидани Лоиҳаи грантӣ дар доираи “Барномаи рушди таҳсилоти касбӣ”, сафарбар намудани профессорони донишгоҳ барои хондани лексияҳои кушод, проблемавӣ ва иштирок дар конфронсу семинарҳои илмии байналхалқӣ, аз ҷумла, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастовардҳои дигари донишгоҳ дар самти робитаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд.
Яке аз самтҳои дигари фаъолият дар бахши робитаҳои байналмилалӣ ташкили мубодилаи академӣ ва мубодилаи донишҷӯён маҳсуб меёбад. Ҳамасола донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва магистр дар барномаи мубодила иштирок менамоянд. Маҳз дар доираи ҳамин барнома донишҷӯён ва магистрони донишгоҳ ба донишгоҳҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, ки шумораи онҳо беш аз 40 нафарро ташкил медиҳад. Донишҷӯёни донишгоҳ ба муассисаҳои таълимии Донишгоҳи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Донишгоҳи давлатии Петрозаводск, Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон ва Донишгоҳи тиҷоратӣ-иқтисодии Беларус фиристода шуданд.
Дар соли 2018 бори нахуст таҷрибаи мубодила такмил дода шуда, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ дар донишгоҳи мо ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ин дар низоми таҳсилоти олӣ таҷрибаи бесобиқа аст.
Айни замон Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо 90 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва созмону ташкилотҳои байналхалқӣ созишномаҳои дутарафа дорад.
Ихтисос ва зерихтисосҳо
ДДМИТ аз рӯи 40 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) донишҷӯ қабул менамояд. Дар таълимгоҳ гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ амал менамоянд. Ихтисос ва зерихтисосҳои донишгоҳ фарогири самтҳои зер мебошанд: ҳуқуқи иқтисодӣ, танзими ҳуқуқи молия ва қарз, ҳуқуқи андозу бонкӣ, иқтисодиёти таҳлилӣ, иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, иқтисоди ҷаҳон, молия ва қарз, молия, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, суғурта, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ, бозори фондӣ, менеҷменти молиявӣ, омор, информатикаи иқтисодӣ, иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, менеҷмент, менеҷменти байналхалқӣ, технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт, технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, хадамоти гумрук, таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ, таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ, аудит ва ревизия, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, менеҷменти инвеститсионӣ, идораи ҳайати кадрӣ, логистика, кори реклама, менеҷменти инноватсионӣ, инвеститсияи байналмилалӣ ва иқтисодиёт ва идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ.
Илм ва инноватсия
Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии ДДМИТ барои солҳои 2018-2022 дар самти «Асосҳои назариявӣ ва методологии ташаккули модели индустриалӣ-инноватсионии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» муайян карда шуда, 14 самт, 14 муаммо ва 26 мавзӯъро дар бар мегирад. Дар соли 2018 375 нафар корманди илмӣ-педагогӣ ба корҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб карда шуданд. Умуман, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 161 нафар устодони унвондор ва 250 нафар устодони беунвон, аспирантону унвонҷӯён, доктор аз руи ихтисос (PhD) ва магистрон (дар маҷмуъ-533 нафар) машғуланд.
Дар самти фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва илмию инноватсионӣ низ донишгоҳ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, бори аввал дар таърихи донишгоҳ Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D050000 – «Иқтисодиёт», 6D050900 – «Молия», 6D052000 – «Бизнес – мудирияти соҳибкорӣ» таъсис ёфт. Қобили қайд аст, ки минбаъд кадрҳои илмию педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёти минтақавӣ ва 08.00.10 – Молия, гардиши пул ва қарз рисолаҳои илмии худро дар ҳамин Шӯро дифоъ менамоянд.
Дар маҷмӯъ, дар давоми як соли охир дар донишгоҳ 1522 маводи илмӣ-таълимӣ ба нашр расидаст, ки аз онҳо 761 мақолаи илмӣ, ки 144 мақола дар маҷаллаҳои аз тарафи КОА эътирофшуда, 253 мақолаи дар маҷмӯаҳои конфронсҳои байналмилалӣ чопшуда, 364 мақолаи дар маҷмӯаҳои конфронсҳои ҷумҳуриявӣ чопшуда мебошанд.
Дастовардҳои донишҷӯён
Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни 40 муассисаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҷиҳати баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 таҳти унвони «Фиристода бояд ки доно бувад…» интихоб намудани Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси мизбон бори дигар аз нуфузи баланд ва мавқеи хоса доштани донишгоҳи мо дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дарак медиҳад.
Дар олимпиадаи мазкур аз 40 мактаби олии кишвар 326 нафар донишҷӯ аз рӯйи 13 фан ширкат варзиданд. Аз ҷумла, Пайшанбе Додихудоев, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси андоз ва андозбандии факултаи иқтисод ва бизнес, аз фанни назарияи иқтисодӣ сазовори ҷойи якум, медали тилло ва дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Донишҷӯён Сафия Камбарова ва Жасмин Холова сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра шуданд.
Донишҷӯён Зайнуддин Олимов аз фанни сиёсатшиносӣ ва Муҳаммадшариф Машарипов аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография ҷойи сеюм ва медали биринҷиро ба даст оварданд.
Дар ҷамъбасти ин олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ДДМИТ дар қатори сегонаи беҳтарин ҷой гирифт.
Ободонӣ ва кабудизоркунӣ
Дар саҳни донишгоҳ ливопояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 м баландӣ дошта, нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии кишвар мебошад, бунёд шуд.
Бинои таълимии №3 пурра таъмир гардид ва барои муҳайё сохтани шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳи донишгоҳ таъмири косметикӣ анҷом дода шуд. Хобгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ пурра таъмин гардиданд.
Дар оғози соли хониши 2018-2019 боз як бинои замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, маркази тестӣ, шуъбаи табъу нашр ва бунгоҳи тиббӣ ҷойгир карда шуданд.
Бо ҳадафи ободонии бештар дар дохил ва атрофи биноҳои донишгоҳ зиёда аз 2600 бех гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун ошёни баланди илму дониш ва маърифат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос ҳамеша ба рӯйи хоҳишмандон дарҳои боз дорад ва дар пешрафти самтҳои асосии молиявию иқтисодии мамлакат пайваста ҳиссагузорӣ менамояд.
Таҳияи А.Муродӣ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр