Тибқи нақшаи раёсати маорифи вилояти Хатлон, тобис-тони соли равон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 62 155 нафар кӯдаки ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакони солиму қобилиятнок дар лагерҳои беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ, фароғатгоҳҳои наздимактабӣ бояд фаро гирифта шаванд.
Истироҳати кӯдакону наврасонро дар лагерҳои наздимактабию беруназшаҳрӣ бе сарфи маблағи муайян аз буҷаи маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, ташкилоту муассисаҳо, ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон ва соҳибкорону шахсони саховатманд гузаронидан имкон надорад. Дар ин робита ҷонишини сардори сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Ҳабибулло Раҳимов чунин иброз дошт:
- То имрӯз аз тарафи раёсатҳои молияҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оид ба чорабиниҳои солимгардони кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои тобистона ягон маблағ ҷудо нагардидааст. Аммо мо кӯшиш дорем ва дастур ҳам додем, ки дар рӯзҳои наздик маблағҳои ба ин самт ҷудогардидаро зери назорат гирифта, пардохти саривақтии онро таъмин намоем. Аз рӯзи 17-уми июн басти якуми фаъолияти фароғатгоҳҳо дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оғоз гардид. Дар онҳо, пеш аз ҳама, кӯдакони ятиму бепарастор аз оилаҳои камбизоат ва хонандагони болаёқат ҷалб шудаанд.
Дар хусуси фаъолияти лагерҳои истироҳатӣ-фароғатии назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия М. Орипов зикр намуд, ки тибқи қарори шӯрои шуъбаи маориф ва раёсати кумитаи иттифоқи касабаи маорифи ноҳия дар назди 72 муассисаи таълимӣ ва 7 боғча майдончаҳои солимгардонӣ ва лагерҳои фароғатӣ-таълимӣ дар чаҳор баст ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷумла, ба лагерҳои томактабӣ 350 нафар, наздимактабӣ 570 нафар, истироҳатӣ-меҳнатӣ 220 нафар, варзишӣ-беҳдоштӣ 500 нафар, фароғатӣ – таълимӣ 3950 нафар ва муассисаҳои интернатӣ 558 нафар фаро гирифта мешаванд. Бояд қайд намуд, ки аз 20 – уми июн то 1 – уми июли соли равон дар назди 18 муассисаи таълимӣ басти якуми лагерҳои фароғатӣ – таълимӣ бо фарогирии 3950 нафар кӯдаку наврас гузаронида шуд. Айни ҳол дар назди 18 муассисаи таълимӣ даври дуюми истироҳати хонандагон оғоз ёфтааст, ки фарогирии 1712 нафар кӯдаку наврасро ташкил медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар тамоми истироҳатгоҳҳо хӯроки гарми яквақта, ҷойи бозӣ, китобхононӣ ва сайру гашт барои истироҳаткунандагон ташкил карда шудааст. То ба имрӯз аз тарафи шуъбаи молияи ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ барои истироҳати кӯдакону наврасони ноҳия як сомонӣ ҷудо карда нашуда бошад ҳам, кормандони шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо АВО-и муассисаҳои таълимӣ тавонистанд, ки барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар назди муассисаҳои таълимӣ аз рӯи имкониятҳои мавҷуда бо додани хӯрок кӯдаконро ҷалб намоянд. Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор фаъолияти бошишгоҳҳои истироҳатии хонандагон хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи қарори раиси ноҳия, дар муассисаҳои томактабӣ 970 нафар, муассисаҳои интернатӣ 208 нафар, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 800 нафар, лагерҳои истироҳатӣ-меҳнатӣ 540 нафар, лагерҳои варзишӣ-беҳдоштӣ 280 нафар, лагерҳои фароғатӣ - таълимӣ 2520 нафар, лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрӣ 28 нафар ва дар маҷмӯъ, 7670 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Х. Шоймардонов иброз дошт, ки имсол бо дастгирии раиси ноҳия дар назди осоишгоҳи байниноҳиявии «Насими Фархор», лагер барои 35 нафар хонандае, ки дар ҳаракати олимпӣ фаъол буданд, кушода шуд. Лагери мазкур «Истеъдодҳо» ном дошта, аз ҳисоби буҷаи ноҳия маблағгузорӣ шуда, ба ҳар як истироҳаткунанда ба ҳисоби миёна 350 сомонӣ пардохт карда мешавад.
Солҳои охир ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар ноҳияи Темурмалик низ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Тибқи нақшаи шуъбаи маорифи ноҳия, истироҳати хонандагон дар ду баст ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 5830 нафар кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар муассисаи томактабии №3 истироҳатгоҳи тобистонаи «Шарора» созмон дода шуда, бо воситаҳои аёнӣ, китобу анҷомҳои хониш ва намудҳои гуногуни бозичаҳо таъмин аст. Тибқи иттилои директори муассиса Р.Ҳалимова, лагери мазкур бо маблағгузории падару модарони кӯдакон ташкил карда шудааст. Зимни суҳбат мутахассиси шуъбаи маориф Ю. Ҷалилов гуфт, ки чунин шароит барои истироҳат дар назди 26 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 3456 нафар хонанда лагерҳои тандурустии наздимактабӣ бо маблағи 28 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби АВО-и муассиса ва шахсони саховатпеша ташкил гардидаст.
Дар ноҳияи Муъминобод барои истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Дар 59 муассисаи таълимӣ 5480 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Мутаассифона, имрӯз на аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва на аз тарафи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои лагерҳои хонандагон маблағ ҷудо нашудааст. Ҳамроҳи мудири шуъбаи маорифи ноҳия О. Табарзода аз вазъи истироҳати хонандагон дар чанде аз майдончаҳои тандурустӣ шинос шудем. Дар назди муассисаи таълимии №17 басти дуюми лагери истироҳатӣ-фароғатӣ бо фарогирии 45 нафар кӯдаку наврас фаъолият дорад. Директори муассиса Ҷ. Рауфова иброз дошт, ки барои дарёфти маблағи истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ба соҳибкорони деҳа А. Шарифов ва С. Аъзамов муроҷиат кардем ва хушбахтона, онҳо моро дастгирӣ намуданд... Агар ҳамин гуна истироҳатгоҳҳо дар мазеъҳои хушманзараи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сохта шаванд, мушкилоти истироҳати тобистонаи хонандагон бартараф мегардад.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр