Нашрияи Омӯзгор

Худкушӣ роҳи наҷот нест

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Муфаттиши раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Нуриддинзода изҳор медорад, ки баъзе ноболиғону наврасон, ки аз ҷиҳати рӯҳию маънавӣ дуруст инкишоф наёфтаанд, дар мавриди дучор омадан бо мушкилиҳои ночизи зиндагӣ сустиродагию кӯтоҳандешӣ нишон дода, даст ба ҷони худ мезананд. Аз ҷумла, ноболиғ М.С. ба сабаби халалдор кардани дарс аз тарафи омӯзгор танбеҳ дода мешавад. Муаллим ӯро ду шаппотӣ зада, аз синф берун мекунад. Ноболиғ ба ғазаб омада, худро дар манзили истиқоматиашон меовезад. Ин ҳолат ҳеҷ арзише надорад, ки одам қасд ба ҷони худ кунад. Ҷавон, ки ҳастанд, аз бетаҷрибагию нодонӣ худро ба доми бало меафкананд.

Сармутахассиси раёсати фатво, узви Шӯрои уламои Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшов қайд мекунад, ки мутаассифона, аз тариқи расонаҳо бисёр мешунавем, ки ноболиғон даст ба худкушӣ мезананд. Ба андешаи ман, сабаби ин амали нописанд даст задани наврасон аз ноогоҳияшон сарчашма мегирад. Агар ҷавонони мо аз дину оинҳои неки мо огоҳ бошанду бидонанд, ки Худованд онҳоро барои чӣ офаридааст ва неъмати ҷавонӣ чи қадру чи арзиш дорад, ҳеҷ гоҳ ба ин кори манфуру палид даст намезанад. Сабаби дигараш метавонад бемории равонии кӯдак бошад.

Сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаргул Бухориева дар ин мавзӯъ чунин ибрози андеша кард:

- Даст ба амалҳои номатлуб задани наврасону ҷавонон дар ҷомеаи мо ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Бояд гуфт, ки ин ҳолатҳо сабабу омилҳои зиёд дорад. Мувофиқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ теъдоди ноболиғоне, ки даст ба ин кор мезананд, ба маротиб афзудааст. Ман яке аз сабабҳои онро дар муҳити носолими оила медонам. Боиси ташвиш аст теъдоди оилаҳое, ки аз ҳам мепошанд, рӯз ба рӯз зиёд мешаванд. Ҳангоми ҷудошавии волидон фарзандони чунин оилаҳо зарбаи равонӣ мегиранд. Дар натиҷа ба амалҳое даст мезананд, ки қобили қабул нестанд. Бо сабабҳои ҷой доштани хусумати шахсӣ байни собиқ зану шавҳар яке аз волидони уҳдадор аз пардохти алимент саркашӣ мекунад, ки ба зиндагии шоистаи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад ва кӯдак аз лиҳози иқтисодӣ танқисӣ мекашад. Камбуди иқтисодӣ ба раванди таълиму тарбияи фарзанд таъсир мерасонад. Кӯдакон муҳтоҷи меҳрубонию таваҷҷуҳи волидонанд. Оила ҳамон вақт рисолати худро пурра иҷро карда метавонад, ки солим бошад, яъне ҳам падару ҳам модар дар он бошанд, зеро ки на падар меҳри модариро ба кӯдак дода метавонаду на модар меҳри  падариро. Ҳамон вақт оила солим ҳисобида мешавад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои тамоми аъзои оила дар раванди муносибатҳои оиладорӣ ба таври муносиб ба ҷо оварда мешавад. Танҳо дар ҳамин ҳолат оила метавонад ҳамчун як ниҳоди иҷтимоӣ дар тарбияи фарзанд таъсири мусбии худро расонад. Имрӯзҳо мебинем, ки аксари оилаҳо носолиманду волидон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва кӯдак беназорат аст. Дар ин ҳолат албатта, дар мафкураи холии ӯ ҳар гуна андеша ҷой мегирад. Баъдан зери таъсири омилҳои бегона ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст мезанад. Вақте бача даст ба худкушӣ мезанад, ӯ ҳатто тасаввур намекунад, ки ин роҳ баргашт надорад. Бинобар ин, аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунам, ки пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи фарзанд диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Мо хоҳем-нахоҳем раванди ҷаҳонишавӣ ба оиладории мо таъсири худро мерасонад. Бо мақсади пешгирии чунин омилҳои номатлуб ман пешниҳод мекунам падару модаре, ки соҳиби дониши мукаммал ва иродаи қавиянд, тасмими тавлиди кӯдакро дар оила гирифтаанд, бояд худашон ба таваллуди фарзанд омода бошанд.     

Ба андешаи профессори ДДОТ ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои педагогӣ Бибиҳафиза Маҷидова, кӯдакону наврасони имрӯза аз кӯдакону наврасони 5-20 сол қабл хеле фарқ мекунанд, чунки онҳо ба маълумоти зиёд дастрасӣ доранд. Ба ғайр аз он ки аз атрофиён мешунаванд, рафтори онҳоро мушоҳида мекунанд, аз китобҳо мутолиа мекунанд, ба маводе, ки аз тариқи ВАО ва технологияи иттилоотӣ паҳн мегарданд, дастрасӣ доранд. Муҳокимаронӣ, ҷаҳонбинӣ, хулосабарорияшон хусусияти ба худ хос дорад. Шояд яке аз сабабҳои зиёд шудани даст ба худкушӣ задани кӯдакону наврасон ҳамин маълумоти аз ҳад зиёд бошад. Зиёд шудани хушунату зӯроварии психологӣ ва беэътиноии калонсолон нисбат ба шахсияти онҳо мебошад. Баъзан мебинем, ки меъёри муносибати аксари волидон ин аст, ки кӯдакозорӣ кунанд: дод мезананд, шахсияташро таҳқир мекунанд, дашном медиҳанд, дар байни рафиқон ӯро ноуҳдабаро, нодон ва нотавон эълон мекунанд, ҳамеша кинояю пичинг мезананд, ки ҳамаи ин зӯроварии психологӣ номида мешавад. Кӯдакону наврасон на ҳама вақт имкони тавони ҳифз кардан олами рӯҳию маънавии худро доранд. Бо ҳамин роҳ онҳо мехоҳанд, ки худашонро нишон диҳанд, чонашонро шояд халос кардан мехоҳанд. Баъзан вақт ман бо омӯзгорон, мураббияҳо ва волидоне дучор мешавам, ки бо овози баланд сухан мегӯянд, ҳарфҳояшон таҳқиромез аст, гӯё кӯдакозорӣ меъёри рафтори онҳо бошад. Табиист, ки ин вазъият ба ҳолати психологию равонии кӯдакону наврасон таъсир мерасонад. Маводи намоишӣ низ дар ин замина таъсири зиёд доранд. Пӯшида нест, ки кӯдакони хурд низ аз воситаҳои технологияи иттилоотӣ хуб истифода бурда метавонанд. Тифлакони 2-3-сола бо осонӣ аз телефони ҳамроҳ филмҳои тасвирӣ тамошо мекунанд. Кӯдакони 4-5-сола аз планшет истифода мебаранд. Бачаҳои аз 6-сола боло тарзи истифодаи компютерро ба хубӣ медонанд. Мо наметавонем, кӯдаконро аз технологияҳои иттилооотӣ тамоман дур кунем, аммо бояд раванди истифодаи онро назорат кунем. Имрӯзҳо равоншиносон аз он бонги изтироб мезананд, ки фарзандонамон ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва технологияҳои иттилоотӣ сахт вобаста шудаанд. Кӯдак он чизе, ки дар ҳаёти реалӣ нест, дар интернет мебинад ва барои вай хеле мароқовар аст, ки чӣ натиҷа медода бошад. Баъзан вақт наврасонеро, ки даст ба худкушӣ мезананду атрофиён онҳоро наҷот дода, таъкид мекунанд, ки ин кор мумкин нест, онҳо мегӯянд, ки ман ин корро дар телевизор дидам, дар интернет дидам. Наврасон даст ба худкушӣ мезананд, аммо аз оқибатҳои фоҷиабори он дарак надоранд, ки қасд ба ҷони худ кардаанд. Ба андешаи ман, ҳамаи ин тасаввуроти нодурусти кӯдакон таъсири интернет, маводу иттилооти зиёде, ки аз шабакаҳо мегиранд, мебошад. Бо сабабҳои хушунати оилавӣ низ бачаҳо даст ба худкушӣ мезананд. Ҷойи пинҳон нест, ки дар муҳити суннатии мо зану духтарон зери фишор қарор мегиранд. Баъзан вақт ба шогирдонам мегӯям, ки бинед, писарбачаҳо то 5-6-солагӣ чӣ хеле ки хоҳанд мегарданд, намуди зоҳирияшон ва либоспӯшии онҳо касеро ба ташвиш намеорад. Мо кӯдаконро аз гаҳвора бо одоби муоширати шарқиёнаи худамон тарбия мекунем. Аммо дар маводе, ки наврасон аз интернет ва ВАО мегиранд, баробарии онҳоро, яъне писару духтарро ифшо мекунанд. Шояд ҳамин кор - як эътирозе ба маҳдудияти амалҳои шахсии онҳо, андешаву афкорашон бошад, ки онҳо даст ба худкушӣ мезананд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода мегӯяд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ваколатдор баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан, кӯдакон мебошад. Вақте ки сухан дар бораи худкушии кӯдакон меравад, дар робита бо ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт ва ба инкишофи ҷисмонию равонии ӯ мо кор мебарем. Бо кӯдаконе, ки дар муассисаҳои таълимӣ будубоши доимӣ доранд, оид ба ин масъала маълумот медиҳем. Масалан, шояд кӯдаке мушкилӣ дораду намедонад ба куҷо муроҷиат кунад. Ин проблема метавонад сабаби даст ба худкушӣ задани наврас шавад. Вақте ба кӯдак ҳуқуқ ва вазифаву масъулиятҳояшро мефаҳмонем, ӯ огоҳ мешавад ва медонад, ки ҳангоми пеш омадани мушкилӣ ба куҷо муроҷиат кунад. Дар вохӯриҳое, ки мо дар шаҳру навоҳии мамлакат бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, хусусан бо аъзои комиссияҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ки дар онҳо намояндагони мақомоти дахлдор шомил ҳастанд, аз ҷумла, корҳои дохилӣ, шуъбаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок мекунем, ҳозирин қайд мекунанд, ки синну соли наврасоне, ки даст ба худкушӣ мезананд, касро ба ташвиш меорад. Дар солҳои пеш ноболиғон дар 15-16-солагӣ даст ба худкушӣ мезаданд ва инро мутахассисон ба синну соли гузариш ва хусусиятҳои инкишофи ҷисмонию равонии кӯдакон вобаста медонистанд. Ҳоло бошад, аҳёнан ба назар мерасад, ки бачаҳои аз ин ҳам хурдтар даст ба ин амал мезананд. Бигзор як ҳодиса ҳам бошад, ин омил боиси ташвиш аст ва мутахассисону масъулонро мебояд дар ин самт кор кунанд ва сабабҳои онро дақиқ кунанд, ки чаро хурдсолон қасд ба ҷони худ мекунанд. Дар ин замина шахсан таҳлили амиқ нагузаронидаам, аммо ба андешаи ман, яке аз сабабҳои он таъсири интернет мебошад, зеро дарсади зиёди наврасону ҷавонони мо ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ доранд. Дар баробари ҷиҳатҳои мусбаташ ҷаҳони интернет боз паҳлуҳои манфӣ ҳам дорад. Дар олами маҷозӣ бозиҳое ҳастанд, ки ба равони бачаҳо зарба мезанад, аз қабили «Синний кит». Хушбахтона, таъсири ин бозӣ дар кишвари мо эҳсос нашудааст, аммо дар Ҷумҳурии Қирғизистон чанд ҳолате ба қайд гирифта шуд, ки бачаҳо маҳз зери таъсири ҳамин бозӣ қасд ба ҷони худ карда буданд. Бо вуҷуди он бояд волидон фориғбол набошанд ва ҳузури фарзандонро дар интернет назорат кунанд. Дигар сабабашро ман дар солимии равонии наврасон мебинам. Бояд кӯдак пайваста зери назорати волидон, пайвандон ва омӯзгорон бошад.

Чунонки муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев иттилоъ дод, дар иртибот ба пешгирии масъалаи доғи рӯз тибқи дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24.12.2016, №32/10-121677) дар Вазорати маориф ва илм гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки ба он намояндагони 8 вазорату кумита шомил гардида, кор мебаранд. Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи барнома дар соли 2019 таҳия ва дар ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои корӣ мавриди баррасӣ ва аз ҷониби вазири маориф ва илм тасдиқ карда шуд. Инчунин, фармоиши якҷояи вазирони Вазорати маориф ва илм ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода карда шуд. Тибқи он бояд фаъолияти вазоратҳои маориф ва илм ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти солимии равонии наврасон ҳамоҳанг карда шавад. Ҷиҳати  таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо равоншиносон ва омӯзиши онҳо низ як зумра корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷониби мутахассисони соҳа варақаҳои маълумотдиҳӣ-тарғиботӣ омода гардида, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд. Инчунин, наворҳои видеоии тарғиботӣ омода гардида, тавассути телевизион пахш карда шуд, то наврасоне, ки дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор доранд, огоҳӣ ёфта, тавонанд саривақт ба мутахассисон муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин, ба тасдиқи Р.Мирбобоев дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шарикони рушд, аз ҷумла, Хазинаи кӯдакони СММ-ЮНИСЕФ  дар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар, аз ҷумла, Олмон ва Қазоқистон модели намунавии фаъолияти барномаи “Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо” таҳия ва тасдиқ карда шуд. Ҷиҳати омӯзиши омӯзгорон, роҳбарони синфҳо тренерони миллӣ омода карда шуданд. Мушовир аз Ҷумҳурии Озарбойҷон равоншиносонро муддати 10 рӯз омӯзиш гузаронида, ҷиҳати фаъолияти минбаъда чун тренерони сатҳи миллӣ омода намуд. Омӯзишҳо дар самти таъмини хизматрасониҳои солимии равонии наврасон, аз ҷумла, омӯзонидани 220 нафар равоншинос, муовини директор, роҳбари синф, мушовир, мудири кабинетҳои методӣ ва 200 корманди шабакаи муассисаҳои КАТС (кумаки аввалини тиббӣ-санитарӣ), 100 нафар намояндаи прокуратура, шуъбаи корҳои дохилӣ, аз ҷумла, нозири минтақавӣ ва нозири кор бо ноболиғон доир карда шуд. Бояд гуфт, ки масъалаи қасд ба ҷони худ кардани кӯдакону наврасон масъалаи маҷмӯист. Бо талоши як нафар ё як ниҳод роҳи ҳалли онро пайдо намудан амалест ғайриимкон. Ҳамаи моро мебояд аз як гиребон сар бароварда, баҳри ҳифзи ҷони фарзандонамон, ки ояндаи ин миллату давлат мебошанд, талош намоем.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш