Саидаҳтам Юнусов баъди хатми факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон ғафуров ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба кор омад ва дар андак муддат дар миёни ҳамсолону ҳамкорон ба некномӣ шинохта шуд.
Аз таҷрибаи рӯзгор медонем, ки шуҳратёр шудану ба дили одамон роҳ ёфтан осон набуд. Хоҷа Ҳофиз фармудааст:
Бас нукта ғайри ҳусн
бибояд, ки то касе
Мақбули табъи мардуми
соҳибназар шавад.
Дар донишгоҳ факултаҳо бисёр набуданд ва табиист, ки шумораи устодону шогирдон ҳам кам буд. Он замон донишгоҳи номбурда пас аз барҳам хӯрдан (солҳои 1960 - 1962) дубора барқарор мешуд ва ба омӯзгорони болаёқату донишманд эҳтиёҷ дошт.
Шахсе, ки дар дил меҳри дониш дорад, ба донишҳои андӯхтаи хеш ҳаргиз қаноат намекунад. Бинобар ин, Саидаҳтам Юнусов дар шаҳри дар илму маърифат машҳур Санкт- Петербург рисолаи илмии худро ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илми таърих гашт. Сипас, ба адабгоҳи дӯстдоштааш баргашта, дубора ба таълиму тарбияи ҷавонон пардохт.
Лоиқи зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли таҳсили 2016-2017 дар миёни муассисаҳои таълими олии касбӣ ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Аз ин рӯ, дар чунин муассисаи бонуфуз кор кардан мояи ифтихори ҳар донишпарвар мебошад.
Саидаҳтам Юнусов дар миёни донишмандону шахсиятҳои баруманди доираҳои илмии кишвар ва хориҷ аз он маъруф аст. Ӯ профессори фахрии Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии қазоқистон мебошад. Асарҳои илмиаш, аз ҷумла «Саҳифаҳои таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» ва «Мавқеи таърихии Пешвои асри XXI, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва пойдории сулҳи ҷаҳон», ки ба таърихи бошарафи халқи тоҷик бахшида шудаанд, арзиши баланди илмию сиёсӣ доранд.
Саидаҳтам Юнусов дар корҳои ҷамъиятӣ аз даврони донишҷӯӣ ниҳоят фаъол буд. Бо сухани расо дар симпозиуму конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, аз ҷумла, бахшида ба 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, «Тамаддуни Ориёӣ», «Соли бузургдошти Эмоми Аъзам» ва дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Минск, Новосибирск, Тошканд, Алма-Ато, Боку иштирок намудааст. С.Юнусов дар вазифаҳои гуногун фаъолият карда, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки аксари онҳо имрӯзҳо номзад ва доктори илм мебошанд. Устод дар маҳфилу нишастҳои шаҳри Кӯлоб гули сари сабад буда, эҳтироми хоссае доранд. Ба ин лутфу меҳрубонии шогирдон нисбат ба устод нигариста, кас ба хулосае мерасад, ки муаллимӣ шуғлу касб нест, балки ишқ аст. Чанде пеш устоди гаронмоя Саидаҳтам Юнусов ба синни 70 расиданд. Ба муаллими гиромӣ тандурустӣ, комёбӣ ва умри дароз орзу дорем!
Зафар Мирзоён,
Ёралӣ Содиқов,
омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр