Яке аз муҳимтарин ҳодисаҳое, ки дар пешорӯи аҳли кишвари маҳбубамон қарор доранд, таҷлили 5500 – солагии Саразми бостонӣ мебошад, ки моҳи сентяб-ри соли 2020 ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Чандест, ки дар саросари мамлакат омодагӣ ба ин ҷашни пурифтихор идома дорад. Ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ин муносибат чопи силсилаи мақолаву гузоришу мусоҳибаҳоро ба нақша гирифтааст. Аз ин силсила ҳоло мусоҳибаи ҷонишини сармуҳаррири ҳафтанома Абдурауф Муродиро бо раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода пешкаши хонандагон менамоем.
- Раиси муҳтарам, агар шуморо зарурати ба меҳмоне ба таври фишурда муаррифӣ намудани шаҳри Панҷакент пеш ояд, бештар кадом нуктаҳоро таъкид хоҳед кард.
- Чунин зарурат ба ман пайваста пеш меояд ва ин бароям хушоянду гуворосту бо майли том ва бо ифтихор ба ҳар як меҳмони шаҳр Панҷакенти тамаддуношёну зевари таърихро муаррифӣ мекунам. Ва оғози суханам ёдкард аз гуфтаҳои зерини хеле самимонаву меҳрбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст: «Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадимаву номдори минтақаи Осиёи Марказӣ буда, онро садсолаҳо инҷониб дар қатори Балху Марв, Хуҷанду Кӯлоб, Бунҷикату Ҳисор чун яке аз марказҳои тамаддуни ориёӣ ном мегиранд ва мардумаш низ аз қадим соҳибмаърифату сухандон ва нуктадону сухансанҷ мебошанд». Сипас таъкид менамоям, ки ин шаҳри бостонӣ дар марҳилаи нави таърихи миллат соли 1930 таъсис ёфтаасту ҳоло аз 14 ҷамоати деҳот иборат мебошад ва дар маҷмӯъ, 240 ҳазор аҳолӣ дорад.
Панҷакент дар водии Зарафшон ҷойгир буда, бо вилоятҳои Самарқанд, Сурхандарё, Ҷиззах ва Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад ва масоҳаташ 3,7 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ин шаҳри Тоҷикистони азиз бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, обҳои мусаффо, табиати дилрабо, адибону олимони номвар, мардумони заҳматкашу адабпарвараш дар саросари кишвар ва хориҷ аз он кайҳо боз шуҳратёру маъруф гардидааст…
- Кашфу таҳқиқу баррасии Саразми бостонӣ – мавзее дар оғӯши Панҷакенти кунунӣ обрӯю эътибори ин шаҳри тамаддунгустарро боз ҳам боло бурд, шуҳрати ҷаҳониашро афзуд ва албатта, дар китоби таърихи халқи тоҷик сафҳаҳои заррин илова намуд. Мехостем сухане чанд аз ин боб бигӯед.
- Саразми бостонӣ, ки таҳқиқи бостоншиносии он аз соли 1976 оғоз гирифтааст, аз бозёфтҳои нодири таърихӣ дар нимаи дуюми садаи бист дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, он аз ҷониби Пешвои миллатамон, барҳақ, «хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик» тавсиф шудааст. Кашфи Саразм бо номи муҳаққиқи нахустини он, олим ва бостоншиноси варзида Абдуллоҷон Исоқӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Ин шаҳри бостонӣ 15 километр дуртар аз шаҳри Панҷакент (ба самти ғарб) ҷойгир буда, масоҳати таърихиаш тақрибан 130 гектарро ташкил медиҳад. Дар Саразми бостонӣ нахуст кишоварзӣ ва ҳунармандӣ рушд ёфтааст. Алҳол беш аз 40 намуди машғулияти ҳунари сокинони ин шаҳр муайян карда шудааст. Дар Саразм аз интиҳои ҳазораи чорум соҳаи саноат низ вусъат пайдо мекунад ва он ба яке аз марказҳои коркарди маъдан (металлургия) дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Саразмиён дар коркарди тилло, нуқра, оҳан, мис, сурб ва рӯҳ чирадасту мумтоз будаанд. Аҳли ин шаҳр бо марказҳои дигари рушдёфтаи он замон (дар ҳудуди имрӯзаи Эрону Туркманистону Ҳиндустону Покистону Афғонистон) ҳамкорию робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ ба роҳ мондаанд. Ковишҳо ва бозёфтҳо дар Саразми бостонӣ аз ҷониби олимону бостоншиносон, ки солҳо боз идома доранд, далел ба ҳунару истеъдоди баланд ва иродатмандию заҳматписандии аҷдоди шарафманди халқи тоҷик мебошанд. Нахустшаҳри Вароруд – Саразм яке аз шаҳрҳои меҳварию эътиборманд дар дарозои Роҳи бузурги Абрешим низ будааст.
Бояд гуфт, ки ҳафриёти Саразми бостонӣ беш аз чил сол боз идома дошта бошад ҳам, яқинан, ҳанӯз банди бисёр асрори он нокушуда аст. Идомаи ин ҳафриёт паҳнои таърихи диёрро вусъат хоҳад бахшид ва далелҳову ҳодисоти зиёдеро ошкор хоҳад кард.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу таҳқиқи Саразми бостонӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2001 Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид. Баъдтар – соли 2010 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид карда шуд.
- Маълум, ки соли оянда – 12 сентябр дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5500 – солагии Саразми бостонӣ таҷлил мегардад. Омодагиҳо ба ин ҷашни фархундаву пурифтихор дар кадом сатҳ ҷараён доранд? Ва умуман, ба ин муносибат чӣ тадбирҳое андеша шудаанд?
- Бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни солгарди Саразми бостонӣ дар заминаи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ кумитаи тадорукот дар ҳайати 22 нафар бо роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. Ба қарори мазкур, ҳамчунин, нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашн замима гардидааст. Тибқи он ба муносибати 5500 – солагии Саразми бостонӣ, пеш аз ҳама, ҳафриёти бостоншиносӣ вусъат бахшида мешавад. Таҳияи филмҳои ҳууҷҷатӣ оид ба таърихи Панҷакент ва Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм ба нақша гирифта шудааст. Огоҳӣ дорем, ки то имрӯз Кумитаи телевизион ва радиои кишвар дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо дар бораи Саразм се филми ҳуҷҷатӣ таҳия ва омода намудааст. Айни замон сохтмони бинои бошукӯҳи сеошёна барои осорхона дар ҳудуди ҳафриёти Саразм идома дорад. То имрӯз мавзеи панҷ ҳафриёт пурра рӯйпӯш шудааст ва дар назар аст, ки то ҷашн боз се ҳафриёти дигар рӯйпӯш карда шаванд. Бунёди меҳмонхона бо сабку услуби меъмории шарқӣ ва ороишу нақшу нигори миллӣ босуръат идома дорад. Дар ҳудуди шаҳри таърихии Саразм дукончаҳои ҳунармандӣ, боғистонҳои фароғатӣ, айвончаҳо ва дарвозаҳои кандакоришуда, маҷлисгоҳ, меҳмонхона ва озмоишгоҳ барои олимони бостоншинос низ бунёд карда мешаванд. Роҳҳои атроф ва дохили мамнӯъгоҳ таъмир ва ороста хоҳанд шуд. Дар ҳудуди шаҳри бостонӣ бунёди чанд роҳи махсус бо ҳаракати аспу ароба ба нақша гирифта шудааст. Ба ифтихори ин ҷашни фархунда дар шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент баргузор намудани якчанд ҳамоиши илмӣ ва симпозиуми байналмилалӣ, аз ҷумла, дар мавзӯъҳои «Саразм – оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ», «Нақши Саразм дар таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» дар назар аст. Дар ин чорабиниҳо гурӯҳи калони олимони таърихшинос, мутахассисони ҳафриёти бостонӣ ширкат хоҳанд варзид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар назди мумнӯъгоҳи Саразм ангораи хурди шаҳр (мини - Саразм) – ро офарад, ки амали хеле ҷолиб ва муфид аст.
- Маъмулан, ба ифтихори ҷашнҳо силсилаи хабару мақолаҳо навиштаву китобҳо ба нашр расонида мешаванд. Фикр мекунем, ки ҷашни Саразми бостонӣ низ аз ин ҷиҳат истисно нахоҳад буд.
- Албатта. Табъу нашр дар таҷлили ҷашнҳо омили муҳиму мондагору муассир аст. Шумо огаҳӣ доред, ки чанд моҳ пеш нашряҳои кишвар ба чопи мақолаҳо ба ифтихори 5500 – солагии Саразми бостонӣ оғоз намуданд ва ин тадбири муфид то ба таҷлили ҷашн идома хоҳад ёфт.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки ба ифтихори ҷашн китоби илмии дуҷилдаи «Таърихи Саразм» - ро ба нашр расонад, (бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ). Китоби дигар, ки нашраш ба нақша гирифта шудааст, «Таърихи Панҷакент: аз замони қадим то имрӯз» ном дорад, ки қисмати умдаашро гуфтор дар бораи Саразм ташкил медиҳад. Бознашри китоби нахустмуҳаққиқи Саразми бостонӣ Абдуллоҷон Исоқӣ бо номи «Саразм. Оғози тамаддуни тоҷикон» низ дар назар аст. Бо эҳтимом ва сарпарастии мақомати дахлдори кишвар чопи албоми «Саразми бостонӣ», харитаи ёдгориҳои Панҷакент, буклету роҳнамоҳо, суратномаҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллати мо ба фарҳангу маънавиёт ва ҳифзи мероси ниёгон таваҷҷуҳи махсусу ҳамешагӣ доранд. Аз ин ҷост, ки бо вуҷуди масруфияту пуркориашон ду маротиба мамнӯъгоҳи Саразми бостониро зиёрат намуданд ва барои ҳифзу ободонию омӯзиши он маслиҳатҳои пурқиммат доданд. Вобаста ба ин, яке аз туҳфаҳои пурарзиш ба ҷашни Саразми бостонӣ чопи китоби мусаввари «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари таърихи бостони халқи тоҷик» хоҳад буд.
- Хушбахтона, дар истиқболу таҷлили ҳама гуна ҷашнҳо дар кишвар аҳли маориф нақши шоиста мегузоранд. Бовар дорем, ки аҳли маорифи шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500 – солагии Саразми бостонӣ корҳову ибтикори муфидеро сомон хоҳанд бахшид.
- Воқеан ҳам, дар кулли корҳои мо омӯзгорон неруи асосӣ, раҳнамо ва муттакоянд. Дар татбиқи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни Саразми бостонӣ низ аҳли маорифи шаҳрамон пайваста фаъолият нишон медиҳанд. Гурӯҳи калони кормандони соҳаи маорифи шаҳр то имрӯз борҳо ба мамнӯъгоҳи Саразм омада, ба тариқи ҳашар майдони беш аз 18 гектарро аз алафҳои бегона, сангу хасу хошок тоза карданд, ба бостоншиносон дар таҷдиди ковишҳо мадад расонданд. Ба ибтикори шуъбаи маориф тамоми мактабҳо вазифадор шудаанд, ки ба ҳафриёти Саразми бостонӣ саёҳати хонандагонро ташкил намоянд. Дар таълимгоҳҳои шаҳру деҳот ба ифтихори 5500 – солагии Саразми бостонӣ дарсҳои тарбиявӣ, вохӯриву ҳамоишҳо, озмуни иншоҳои озод, гӯшаҳои «Саразм – оғозгоҳи тамаддун», сабқатҳои варзишӣ ташкил карда мешаванд. Аҳли маорифи Панҷакент, гурӯҳи калони омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯён дар меҳвари намоиши калони идона, ки рӯзи 12 сентябри соли 2020 дар варзишгоҳи марказии шаҳр баргузор хоҳад гашт, қарор хоҳанд дошт. Устодони арҷманди мо дар таҳияву нашри мақолаҳо дар саҳифаҳои нашрияҳои шаҳрию вилоятиву ҷумҳуриявӣ низ бахшида ба ҷашни Саразми бостонӣ хеле фаъоланд. Воқеан, чандест, ки бо истифода аз таътили тобистона гурӯҳе аз донишҷӯён аз мактабҳои олии мамлакат дар ҳафриёти Саразм бо бостоншиносон ҳамкорӣ доранд.
- Раиси муҳтарам, барои чунин суҳбати муҳтавоманду самимӣ ва барои таваҷҷуҳу эҳтироматон ба ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба шумо аз номи аҳли нашрия арзи сипос менамоям.
- Ташаккур. Ҷашни 5500 – солагии Саразми бостонӣ иртиботманд ба ҳар як фарди худогоҳу тамаддунпарвари Тоҷикистони азиз аст. Он бо ҷидду ҷаҳд ва иштироки фаъолонаву эҳтимоми ҳар яки мо дар сатҳи баланд таҷлил хоҳад гашт ва бори дигар таърихи бостониву рангин ва гузаштаи пурифтихор доштани тоҷиконро дар ақсои олам собит хоҳад кард.
Ба ҳайати эҷодии ҳафтаномаи маъруфи аҳли маорифи ҷумҳурӣ – «Омӯзгор» комёбиҳои рӯзафзун таманно дорам.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр