11 июли соли равон нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректори донишгоҳ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода баргузор шуд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ иброз дошт, ки дар 117 кафедраи донишгоҳ 1527 омӯзгор, аз ҷумла, 13 нафар академик, 14 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 172 доктори илм, 516 нафар номзади илм фаъолияти пурсамар доранд, 54, 9 фоизи омӯзгорони донишгоҳҳоро муаллимони унвони илмидор ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар 9 шӯрои диссертатсионии назди КОА ҶТ дар донишгоҳ фаъолияткунанда 6 нафар рисолаи докторӣ, 64 нафар рисолаи номзадӣ, 2 нафар рисолаи доктор Ph.D ва дар 6 шӯрои диссертатсионии назди КОА ФР 7 рисолаи докторӣ ва 48 рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Аз ин шумора 8 рисолаи докторӣ ва 50 рисолаи номзадӣ аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ ҳимоя карда шудааст.
Дастовардҳои бонувони ихтироъкори донишгоҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ назаррас аст. 20-23 июни соли 2019 дар 12-умин Намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон миёни бонувони ихтироъкор номзади илмҳои кимиё, устоди кафедраи кимиёи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳина Султонмамадова соҳиби медали тиллои Ассотсиатсияи ихтироъкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон - «Беҳтарин зани ихтироъкор» гардид. Инчунин, докторанти Ph.D - и факултаи биологияи донишгоҳ Меҳринигори Булбулназар бо медали биринҷии намоишгоҳ – форум сарфароз шуд.
Дар идома ректори донишгоҳ қайд кард, ки ҳамкории байналмилалии донишгоҳ сол аз сол вусъат меёбад. Дар ин давра Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 14 муассисаи илмиву таълимии кишварҳои хориҷӣ қарордодҳои дуҷониба ба тасвиб расонид. Имрӯз донишгоҳ бо 235 муассиса ва созмони илмии байналмилалӣ ҳамкории самарабахш дорад. Табодули устодон низ яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ барои тарғиби забон ва фарҳанги тоҷик дар хориҷи кишвар иқдомҳои наҷибро тақвият мебахшад, ки фаъолияти Маркази забон ва фарҳанги тоҷик дар назди Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва намунае аз он аст.
Бояд қайд кард, ки дар ин боргоҳи маърифат соли равон чандин конфронсу симпозиуми байналмилалӣ ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла, аз 30 июн то 7 июли соли 2019 дар заминаи Маркази биотехнологияи ДМТ «Мактаби тобистонаи микробиологҳои ҷавон» бо иштироки намояндагони 10 кишвари ҷаҳон баргузор гашт.
Дар донишгоҳ соли ҷорӣ беш аз 400 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси донишҷӯ, магистр ва шунавандаи озод таҳсил намуданд ва донишгоҳро соли равон 53 нафар шаҳрванди хориҷӣ хатм карданд.
Дар охир ректори донишгоҳ М. Имомзода ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр