Нашрияи Омӯзгор

Хуҷанд: озмун ҷамъбаст гардид

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 765        Шарҳ: 0

Ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” қадрдонӣ шуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ҷамъбаст гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҳузури ҷоизадорони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” иброз дошт, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар озмуни мазкур дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 1000 нафар иштироки фаъол доштанд.

Аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд ба ҷоизадорони озмун аз рӯйи 4 номиннатсия бо се ҷойӣ аз 800  то 2000 сомонӣ маблағҳои пулӣ ва дипломҳои озмун тақдим карда шуданд.

“Шоҳҷоиза” насиби Сарфарозиддин Иморуд-динов - донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид ва бо маблағи пулии 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Аз рӯйи номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти классикии тоҷик”: Шодмонбибӣ Шарофова– докторанти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ҷои 1-ум, Шоира Олимова – донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, факултаи филологияи тоҷик мақоми дуюм ва Мижгона Умарзода, хонандаи муассисаи таҳсилоти умумии №7 зинаи сеюмро ба даст оварданд.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти муосири тоҷик” Озодаи Саид – хонандаи муассисаи таҳсилоти умумии № 27 ҷои аввал, Аъзамҷон Султонов, хонандаи гимназияи № 4 ҷои дуюм ва Сафияхон Қобилова хонандаи муассисаи таҳсилоти умумии № 9 ҷои сеюмро ба даст оварданд.

Аз рӯйи номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” Лайло Қӯзибоева хонандаи муассисаи таҳсилоти умумии №8 мақоми аввал, Абдуаҳад Аҳадов, хонандаи муассисаи таҳсилоти умумии №10 ҷои дуюм ва Муҳамадёсир Баҳодуров хонандаи мактаби хусусии ғайридавлатии “Ирфон” зинаи сеюмро ишғол намуданд.

Дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти классикии ҷаҳон Манижа Воситзода, донишҷӯи факултаи филологияи руси ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Маҳастии Сангин, хонандаи мактаби хусусии ғайридавлатии “Пӯлотов” ва Ҷамшед Қурбонбоев, хонандаи гимназияи “Кавсар” мутаносибан ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш