Нашрияи Омӯзгор

Ба нашри китобҳо мусоидат бояд кард

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Ба пешвози 30-солагии истиқлолияти кишвар бо дастури  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” далели он аст, ки масъалаи китобдориву китобхонӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ қарор дорад. 

Ташкил намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”  далели он аст, ки масъалаи китобдориву китобхонӣ мавриди таваҷҷуҳи  Президенти кишвар ва ҳукумати ҷумҳурӣ карор дорад.  Мо аз чунин иқдомҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ хушнуд ҳастем ва онро ҳаматарафа дастгирӣ менамоем. Бовар дорем, ки чунин чорабиниҳо ҳатман таъсири мусбати худро ба рушди фарҳангу адабиёт мерасонанд.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  марказҳои фарҳангии якчанд кишвари дунё таъсис ёфтааст. Онҳо китобу нашрияҳои гуногуни худро барои хондан пешкаш намуда, чорабиниҳои гуногун мегузаронанд. Марказҳои фарҳангии Амрико, Маркази иттилоотии Олмон, Бахши фарҳангии Эрон, Маркази фарҳангии Корея китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳоро бо забонҳои англисӣ, олмонӣ, форсӣ, чинӣ ва кореягӣ барои истифода пешниҳод мекунад. Ин марказҳо дар бораи рушду пешрафти кишварҳои худ маҳфилҳо ташкил менамоянд.

Дар баробари ин, мехоҳам барои боз ҳам равнақ пайдо кардани китобдориву китобхонӣ, нашр ва сифати чопи китоб чанд пешниҳоди худро ироа намоям.

Пеш аз ҳама, барои як муддати муайян ҳам бошад, бояд аз чопи китоб ситонидани ААИ (андоз аз арзиши иловашуда) қатъ карда шавад. Тасаввур кунед, ки теъдоди нашри китоб дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 400 - 500 адад аст, бо андоз аз арзиши иловашудаи ин миқдор китоб буҷаи давлат чандон ғанӣ намегардад. Аммо дар ҳолати гузаштан аз баҳри он нархи китоб 18 дарсад поин меравад ва барои хонандагон дастрастар мешавад. Дувум, барои чопхонаҳо имтиёзҳое дар шакли сабук кардани андоз ва паст кардани боҷи гумрукӣ дар ҳолати ворид намудани дастгоҳҳои нав бояд фароҳам оварда шавад.  Ин имтиёзҳо боиси он мегарданд, ки чопхонаҳо дастгоҳҳои замонавӣ ворид кунанд ва китобҳоро бо сатҳу сифати мутобиқ ба замони муосир ба чоп расонанд.

Масъали дигари ташвишовар ин аст, ки аксари фурӯшгоҳҳои китоб дар биноҳои иҷора фаъолият менамоянд ва нархи иҷораи биноҳои хусусӣ  хеле дандоншикан аст. Агар ҳукумат миқдори фурӯшгоҳҳои давлатиро бештар кунад, бо иҷорапулии арзонтар ба фоидаи кор хоҳад шуд.

Таъсиси бозорҳои хурди китоб (ярмарка) дар пойтахт ва маркази вилоятҳо сабаби арзонтар шудани нархи китоб ва рушди соҳа мегардад. Агар ҳукумат барои таъсиси чунин бозорҳо иқдом кунад, кори савобу сутуданӣ мешавад.

  

Мастона Бозорова,

омӯзгори мактаби №73,

шаҳри Панҷакент,


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш