Нашрияи Омӯзгор

Ободонию созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Бо ташаббуси мақомоти иҷ-роияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ, сохтмону азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Танҳо дар соли 2017 барои 3 ҳазор нафар хонанда муассисаҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  дар назди муассисаи таълимии №2 бинои нави таълимии бо воситаҳои нави таълимӣ  муҷаҳҳаз сохта ба истифода дода шуд. Боиси ифтихору дастгирист, ки солҳои охир, аз тарафи хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша барои рушди муассисаҳои таълимӣ, таъмиру азнавсозӣ, харидорӣ намудани воситаҳои аёнӣ ва техникии таълим, мизу курсӣ, ҷиҳозонидани кабинету толорҳои варзишӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин ҷода онҳо кумаку дастгирии худро дареғ намедоранд. Айни ҳол дар асоси Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 480 нафар хонанда дар деҳаи Офтоблиқо, барои 320 нафар хонанда дар деҳаи Сангпар ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар маҳаллаҳои 20-ум ва Абдушукурова бомаром идома дорад.   Дар солҳои 2019 – 2021  сохтмони 9 бинои нави муассисаҳои таълимӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Даҳана, Зиракӣ, Кӯлоб ва Зарбдор  тарҳрезӣ шуда, корҳои ташкилию  омодагӣ аллакай оғоз гардидааст. Бояд қайд намуд, ки то  ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмони 9 муассисаи таълимии типи нав таъмир ва азнавсозии 10 муассисаи таълимӣ,  сохтмони 55 синфхонаи иловагӣ  ва сохтмони 2 боғчаи кӯдакона  барои 200 нафар тарбиятгиранда ба нақша гирифта шудааст.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш