То Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Хоруғ ҳамагӣ як омӯзишгоҳи тиббӣ, омӯзишгоҳи касбӣ – техникӣ ва курси муҳосибии семоҳа барои хоҷагии қишлоқ амал мекарданду халос.
Дар фосилаи чанд соли Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати комили миллӣ дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳи давлатии ба номи Моёншоҳ Назаршоев, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Пажӯҳишгоҳи инсоншиносии АИ Тоҷикистон, Институти биологии «Помир», мактаби таҳсилоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, литсейи Оғохон, мактаби хусусӣ, мактаби Президентии шаҳри Хоруғ, мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон дари худро ба рӯи толибилмон, донишҷӯёну унвонҷӯён кушоданд.
Даҳҳо фарзандони вилоят бо квотаи Президентӣ соҳиби маълумоти олӣ шуда, як қисми дигар дар мактабҳои олӣ таҳсили худро давом дода, зиёда аз 200 нафар донишҷӯ дар мактабҳои олии берун аз кишвар таҳсил доранд. Ҳамчунин, толибилмони вилоят ҳамвора дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишии кишвар иштироки фаъолона доранд.
Дар асоси нақша - чорабинии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 43 иншооти мансуби соҳаи маориф сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр