Нашрияи Омӯзгор

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара

Сана: 2019-07-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Нахуст Пешвои миллат дар деҳаи Шаршар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароити таълимии муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 480 хонанда пешбинӣ гардидааст.

Барои таълиму тарбия шароити муосир фароҳам буда, тамоми синфхонаҳо бо аёнияти таълимӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, компютер ва дастгоҳҳои лабораторӣ таъмин мебошанд.

Бинои нави муассиса дорои 17 синфхона буда, аз ин шумора 5 адади онро синфхонаи фаннӣ ташкил медиҳанд. Синфхонаи компютерӣ бо 30 компютер ва хатти алоҳидаи интернет таъмин буда, ҳамчунин, барои соҳибҳунар намудани толибилмон дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил гардидаанд.

Як синфхонаи алоҳида барои омӯзонидани нозукиҳои бозии шоҳмот ташкил шуда, он бо тамоми дастгоҳ ва аёнияти зарурӣ таъмин мебошад.

Бинои тозабунёди муассисаи таълимӣ ҳамзамон бо толори маҷлис бо 210 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 200 ҷой ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст таъмин мебошад. Китобхона ба адабиёти тозанашр дастрасӣ дошта, толори хониш имконият дорад дар як вақт ба 30 нафар хизмат расонад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои мазкур дорои буғхонаи алоҳида буда, он дар асоси технологияи муосир бунёд ёфтааст ва дар фасли зимистон имконият дорад таълимгоҳро пурра бо гармӣ таъмин намояд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар бо назардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфта, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зебу оро ёфтааст.

Аснои шиносоӣ ва суҳбат Президенти мамлакат хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи самараноки шароити фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои замони муосир ҳидоят карданд.

Сипас, дар саҳни таълимгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва аҳли маорифи ноҳияи Данғара мулоқот намуда, ифтитоҳи иншооти мазкурро ба онҳо табрику таҳният гуфтанд.

Тибқи иттилои масъулин, то таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти Себистон боз чандин иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш