Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф рушд ёфта, заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардид ва омӯзгорони ҳирфаиву донишманд ба таълиму тарбия насли наврас машғуланд. Хонандагони тоҷик имрӯз бо дастоварду ихтирооти хеш ва бо иштироки фаъолона дар озмуну олимпидаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд. Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ рушд ёфтаву кишвари азизи мо макони баргузории озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидааст. Имрӯз аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо озмуну олимпиадаҳои гуногун байни муҳассилини мактабҳои миёна гузаронида мешаванд, ки барои дарёфти хонандагони болоаёқату илмдӯст ва рушду такомули неруи зеҳнии онҳо замина фароҳам меоваранд. Дастовардҳои хонанадагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилаливу ҷаҳонӣ назаррас мебошад. 7-15 июли соли равон дар шаҳри Тел-Авиви Ҷумҳурии Исроил 50-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика «50th IPHO 2019» баргузор гардид, ки дар он довталабон аз 87 кишвари дунё иштирок карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин озмуни пурнуфуз 5 нафар хонанда муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти озмун Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов – хонандагони литсей-интернати тоҷикӣ – русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе мақоми сеюм ва медали биринҷиро ба даст оварданд. Иззатулло Юсуфов, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе сазовори Ифтихорнома гардид.
Шоистаи таъкид аст, ки дар давоми шаш моҳи соли 2019 хонандагони тоҷик дар 15 озмуну олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ соҳиби 200 медал (49 медали тилло, 55 медали нуқра ва 96 медали биринҷӣ) гардиданд.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр