Нашрияи Омӯзгор

Пайвандгари ду халқи бародар

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Хидмати Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ дар ташаккул ва рушду фарҳанги ду халқи бародар–тоҷикону ӯзбекон хеле бузург аст. Соли 1989 дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 100-солагии Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ таҷлил гардид.

Дар он солҳо пажӯҳишгари тоҷик Қиёмиддин Сатторӣ ба водии Фарғона сафар кард ва бо рӯзгору эҷодиёти рангини Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ бештар ошно гашт. Пас аз гузашти 27 сол мо бо ӯ, ки ҳоло корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, мусоҳибае оростем.

–          Қиёмиддин Сатторӣ, он айём чӣ ҳадафе шуморо ба сафари   зодгоҳи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ    таҳрик бахшид?

– Ман хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастам. Ҳамон солҳо дар факулта дар мавриди мушаххас кардани саҳми  Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ дар адабиёти мо баҳсҳои хосса сурат мегирифтанд. Дар ин замина дар ман шавқу рағбате нисбат ба эҷодиёти   Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ   пайдо шуда буд.

Он замон ҳеҷ душворие надошт, ки шумо ба куҷои Иттиҳоди Шӯравӣ сафар мекунед. Пеш аз сафар бо бародарзодаи Ҳамза –  писари Қорӣ Исроил, Аълочии маорифи Тоҷикистон   Ҳодиҷон Ниёзӣ, ки синнаш ба 80 расида буду дар деҳаи Гулзори колхози ба номи Ленини ноҳияи Бохтари ҳамонвақта ҳаёт ба сар мебурд,   шинос шудам. Вай қисса кард, ки сокинони водии Фарғона ҳам солҳои сиюм ба водии Вахш муҳоҷир  шудаанд. Ҳодиҷон Ниёзӣ шахси бомаърифат буд ва барои ман дар бораи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ман соли 1989 ба водии Фарғона сафар кардам.

– Хеле хуб, сафаратон чӣ гуна  оғоз ёфту  чӣ гуна   анҷом пазируфт? 

– Сафари ман  ба шаҳри Қӯқанд–маркази маъмурии вилояти Фарғона иттифоқ  афтод. Пеш аз сафар ба банда Ҳодиҷон Ниёзӣ гӯшрас карданд, ки  дар Фарғона хоҳари  ӯ – Сафиябону ҳанӯз дар қайди ҳаётанд, он кас дар бораи амакашон Ҳамза Ниёзӣ ба шумо маълумоти бештар  дода метавонад.  Бо Сафиябонуи  80-сола дар деҳаи Аввали назди шаҳри  Фарғона  вохӯрдам. Суҳбати мо соф бо забони тоҷикӣ   буд. Сафиябону дар бораи бародари ба ҷон баробараш  – Ҳамза   ҳама чизро медонист.

– Мо, аслан, тоҷикем, бародари ширин, ватанамон Қаротегини Тоҷикистон аст,–рӯ овард ба ман Сафиябону Ниёзӣ. Фарғона сарзамини тоҷикону ӯзбекон аст, ин ҷо тафовут намегузоранд, ки шумо аз кадом миллатед, сокинони водӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ озодона ҳарф мезананд.

– Суҳбат    бо Сафиябону дар бораи   Ниёзӣ ҳамчун шоиру ходими давлатӣ кадом паҳлуҳои ҳаёту эҷодиёти шоирро рӯшан кард?  

- Сафиябону қисса мекарду мегирист, ашки вай аз ғӯрамаргии бародараш буд, ки дар чиҳилсолагӣ аз ҷониби ҷоҳилони замона   ба қатл расида буд. Ин зани нексиришту бофарҳанг  ашъори Ҳамзаро   бо ду забон: тоҷикию ӯзбекӣ мехонд. Дар ҳуҷраи алоҳида ганҷинаи китобро дидам, ки он ҷо китобҳои дар солҳои гуногун ба нашррасидаи Ҳамза Ҳакимзода  Ниёзӣ нигоҳ дош-та мешуд. Ногуфта намонад, ки девони ашъори ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурудаи  шоир соли 1913 тартиб дода шудааст. Ин асар бо номи “Девони Ниҳонӣ” ҳоло дар захираи дастхатҳои шарқии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 8989 маҳфуз аст. Ниҳонӣ тахаллуси адабии Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ аст.

 Падари Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ бо номи Ибни Ямин (1836-1920) дар водии Фарғона бо тахаллуси “Ҳакимча”-и табиб шинохта мешуду шуҳрати зиёде дошт. Ҳамза  соли 1889 аз издивоҷи Ибни Ямини Ниёзии табиби ҳозиқ (дар Бухоро таҳсил кардааст)  ва тоҷикдухтар  Ҷаҳонгул дар деҳаи Таҳигули Фарғона   чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Зодгоҳи Ҳамза гузари Тарақчилики шаҳри Қӯқанд аст. Падару модар баъд аз издивоҷ ин маҳалро макони зист интихоб мекунанд, зеро шаҳри Қӯқанд маркази илму маърифат ба ҳисоб мерафт.

– Шумо ҳангоми  сафар ва мутолиаи эҷодиёти Ҳамза дар ҷое мушоҳида кардед, ки Ниёзӣ тарҷумаи ҳоли худро муфассал навишта бошад?

–Ниёзӣ тарҷумаи ҳоли худро муфассал нигоштааст. Аз падари хеш Ибни Ямини Қаротегинӣ, муҳити адабпарвари Қӯқанд ёдовар шуда, менигорад, ки дар 7-8-солагӣ пораҳои зиёдеро аз “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ғазалҳои Ҳофиз, Саъдӣ, Камол ва Бедил аз ёд медонист. Ӯ соли 1908 ба шаҳри Намангон рафта, дар он ҷо ба таҳсили илм  пардохта,  забони арабиро  меомӯзад. Дар маҷаллаи ӯзбекии «Маориф ва уқутувчӣ» (соли 1925, №7) тарҷумаи ҳоли мухтасар ва намунаи ашъори Ҳамза ба нашр расидааст.

Сафиябону, хоҳари  Ҳамза мегӯяд, ки бобою  аҷдодони онҳо   аз деҳаи Навдонаки Ғарм   (алҳол ноҳияи Рашт) буда, ба водии Фарғона кӯчидаанд.  Банда бо деҳаи Аввал,  Таҳигул ва  чандин маҳали дигар, ки дар он ҷойҳо тоҷикони кӯҳистон  ба сар мебаранд, шинос шудам.

– Акнун дар мавриди эҷодиёти Ҳамза, нақши эшон дар рушди   адабиёти навини тоҷику ӯзбек, ки баъди инқилоби октябр зуҳур кард ва саҳми мондагори  шоир дар таҳкими дӯстиву бародарии тоҷикону ӯзбекон мухтасаран сухан мегуфтед.

– Эҷодиёти Ҳамза гуногунпаҳлу аст. Дар Ӯзбекистон Ҳамзаро асосгузори адабиёти навин медонанд. Вай  шоир ва драматурги маъруфи инқилобӣ буд. Ӯ ҳамагӣ чиҳил сол умр дида бошад ҳам, осори зиёде ба ёдгор гузоштааст. Махсусан, намоишномаҳои ӯ «Бой ва хизматгор», «Найрангҳои Майсара», «Ҷазои туҳматгарон» ба хазинаи тиллоии адабиёти Шӯравӣ дохил шуда буданд. Ин асарҳои саҳнавӣ дар Тоҷикистон солҳои 60-80-уми  қарни гузашта шуҳрати зиёде дошт. Бисёр адибони мо дар пайравии Ҳамза асарҳои саҳнавӣ навиштаанд. Бояд хотиррасон кард, ки саҳми Ҳамза Ҳакимзода дар ташаккули адабиёти Шӯравии тоҷик, бахусус дар драматургия калон аст.

Ӯ дар намоишномаҳои “Найрангҳои Майсара”, “Бой ва хизматгор” характер ва урфу одатҳои ду миллатро меофарад. Ин дӯстиву меҳру муҳаббати самимӣ минбаъд миёни шоирону нависандагони ду халқи бародар бештар таҳким меёбад. Устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҷалил бо адибони ӯзбек Шароф Рашидов, Ғафур Ғулом, Зулфия, Ҳамид Олимҷон, Абдулло Қаҳҳор, Комил Яшин ва даҳҳо дигарон натанҳо робитаи эҷодӣ, балки меҳру муҳаббати беандозаи бародарона доштанд.

Боиси ифтихор аст, ки сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо, ки рӯзҳои  9-10  моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст,  дар муносибатҳои ҳасанаи ду кишвари дӯсту бародар саҳифаи навро боз кард. Фарҳангу ҳунари қадими ду халқи бародар моро боз ҳам наздиктар месозад.

 

Суҳбаторо

Бурҳони Салмон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш