Нашрияи Омӯзгор

Зиндагие ҳамбаста бо накукориҳо

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар ситоиши мардони накукору некном бисёр гуфтаанду навиштаанд, таъкид намудаанд, ки муҳити мо, маҳфили мо, рӯзгорони мо маҳз ба шарофати чунин ашхос мунаввару шукӯҳманд аст. Афроди нек машъалафрӯзи ҷомеаанд ва бо омоли файзбори хеш зиндагиро рангинтару ҷолибтар месозанд, дӯстнавозӣ мекунанд.

Аз ҳамин гуна афрод буд дӯсти азизи мо, инсони шарифу накуниҳод ва хушкирдор Маҳмадшариф Қаразода. Зиндагие дошт рангину баракатбор ва ба коми ҳамагон. Як раҳнаварди муваффақу хоксори ҷодаи маърифату маориф буд ӯ. Пешаи омӯзгорӣ дошту солиёне дар вазифаҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забону адабиёти тоҷик, ҷонишини директори мактаб, директори мактаб, мудири шуъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо камоли масъулият кор карду иқдомоти наҷибу пурсудеро фарҷом бахшид. Як давраи пурбори фаъолияти хешро сарфи кор дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф кард ва дар тақвияту такомули сифату низоми таълиму тарбия дар макотиби ҷумҳурӣ нақше шоиставу мондагор гузошт. Солҳои охир банди фаъолият дар муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми мамлакат буд. Дар ин муассисаи бонуфуз вобаста ба таҳияву таҳрир ва такмили китобҳои тозанашри бадеию таълимӣ хидмати шоиставу арзишманд дошт. Ба як сухан, тору пуди ҳастиаш ҳамбаста бо маорифу маърифат буд ва аз ин ҷост, ки дар суҳбату маҳфили дӯстон низ ҳамеша сухан аз фарҳангу адаб дар забон дошт, маърифатгустарӣ мекард. Ба шеъру шоирӣ муҳаббату эътимоди махсус ва хеле самимӣ дошт, дар баробари нигориши хабару мақолаҳо гоҳ – гоҳе бо таҳрики илҳом шеър ҳам иншо менамуд.

Нахусткитоби ашъораш «Насими ҷонбахш» ном гирифта буду сарсухане дошт мансуб ба қалами шоири номвари кишвар Салимшо Ҳалимшо. Дар ин сарсухани мухтасар, аз ҷумла, омада, ки «ман Маҳмадшарифро ҳамчун шоири хубе ва инсони комиле дарёфтам». Дӯсти шарафмандамон Қаразода, ки баъдтар (дар ду китоби дигари ашъораш) Муродӣ насаб пазируфт, батакрор мегуфт, ки ман ҳаргиз даъвои шоирӣ надорам, вале мехоҳам меҳру муҳаббатамро ба Ватани маҳбуб, ба дӯстону кулли одамони нек, таассуротамро аз тамошои рангрезиҳои зиндагӣ, мушоҳидаҳоямро аз ҳаводиси рӯзгор ва амсоли инҳо то ҷое муассиру дилрас ва баобуранг ифшову иншо бинамоям…

Ӯ ҳамеша чеҳраи шукуфта дошту табассум бар лаб. Ҳамеша банди машғулияте судманд буд ва мекӯшид, ки ҳар рӯзи умраш ба қадри имкон мондагору нақшгузор бошад. Гӯё медонист, ки умр чандон бовафояш несту марги ногаҳониву фоҷеавӣ ӯро дар камин аст. Дареғо, ки чунин марди шарафманду сарбаланд бановақт аз байни мо рафт. Номи некаш ҳаргиз зудуда аз сафҳаи ёдҳо нахоҳад гашт.

Авазбек Ширинбеков,

Хол Холназаров,

Ноилшоҳ Нурализода,

Абдурауф Муродӣ,

Наҷмиддин Салоҳиддинзода

Сипеҳри Ҳасанзод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш