Нашрияи Омӯзгор

Меҳри Ватан

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Ватан, эй модарам, ҷонам. Туро чун модарам дӯст медорам. Ҳар шаб, ки дар канори меҳри ту мехуспам, хаёлам дар батни модар хуфтаам ва ҳар субҳи босафоятро бо шукронаю меҳри беандоза истиқбол мегирам. Дар ҳама ҷо маро бо номи ту мешиносанд.Ҷашни Наврӯзат ҷаҳонӣ гашт. Бо санъати бою рангинат, бо Бӯалӣ Синоят, бо достонҳои Фирдавсиат ва бо девонҳои Ҳофизу Саъдию Бедилат дар ҷаҳон машҳур гаштаӣ, Ватан!

Неъматҳои бебаҳоят, чашмаҳои дармонбахшу босафоят ва гулу гиёҳҳои шифобахшат ба кас ҳар лаҳза илҳоми тоза мебахшанд.

Ман бо ҳар суру ҷашни ту мефахрам ва бо ҳар ранги парчамат меболам, Ватан. Ҳар кафи хокат, ҳар пораи сангат ва ҳар қатраи обат бароям азиз аст, Ватан.

Ба қавли шоир:

Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан

ҳастӣ, бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ

кардан бас аст.

Ҳикоятбону Ализода,

корманди шуъбаи маорифи

шаҳри Роғун

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш