Муаллим, аҷаб номи пуршарафу боифтихорест!
Раҳнамоӣ мекунад мардумро ба сӯи ҳақиқати зиндагӣ омӯзгор. Агар ба олами ҳастӣ бидуни хирад назар афканем, эҳсос менамоем, ки ҳеҷ аст. Зеро олами ҳастиро хирад рангубор медиҳад, на ҷоҳиливу залолат. Хирад аст, ки олам рангину зебост. Хирад аст, ки зинидагӣ ширину гуворост. Хирад аст, ки тафовути байни инсон ва ҳайвонро ба миён овардааст. Муаллим чароғест, ки роҳи зиндагии инсонҳоро равшан месозад. Агар муаллим набошад, ҷаҳон тира мегардад.
Ёд дорам замони ҷанги шаҳрвандиро.
Муаллим ҳаргиз намехост Ватанро дар он лаҳзаҳои душвор танҳо гузорад ва тарки он намояд. Зеро хоки Ватан барои муаллим аз тахти шоҳӣ азизтару хори Ватан аз лолаву райҳони гулистони бегонагон хуштар буд. Дороии муаллим китоб, коғазу давот буду бас.
Муаллим дони меҳру муҳаббатро дар дили шогирдон кишт. Сухан аз ваҳдату бародарӣ, ҳамдиливу дӯстӣ ба миён омад. Хушоянд буданд ин суханони пурмаънӣ. Зеро шогирдон медонистанд, ки ояндаи зебову пурсаодатро на бо роҳи силоҳ, балки бо ваҳдату ҳамдилии мардум метавон бунёд намуд.
Омӯзгор на бо силоҳ, балки бо хиради азалӣ мекӯшид, ба имдоди мардуми азияткашида расад. Нагузошт ҷойи китобро силоҳ гирад. Нагузошт ҷойи донишро хуну ашк гирад. Нагузошт ҷойи саодатро разолат гирад. Нагузошт ин биҳишти рӯи олам ба дӯзахистон мубаддал гардад. Ба Ватан дил бохта буд. Бо садоқат дар ҳифзи ватан истода буд. Бо рафоқат наслҳоро ба ҳам овард. Ва аз ин рӯ, дар садри баланд мақомаш доданд. На ҳама кас ин манзалатро соҳиб мегардад.
Миллати мо бо тамаддунпарвариву фарҳангдӯстиаш дар арсаи ҷаҳон шӯҳратёб гардидааст. Муаллим, ин иршодгари роҳи ҳақиқат ҳамеша ин миллатро раҳнамо буд. Ва мусаллам аст, ки роҳнамоии ин бузургтарин инсон ҳаргиз миллатро ба роҳи хато намебарад.
Сабоҳат Ғуломносирова,
муаллимаи синфҳои ибтидоии
мактаби рақами 10 –и ноҳияи
Роштқалъа
Иловакунӣ
Иловакунии фикр