Нашрияи Омӯзгор

Номи некаш монда дар дил

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Дар деҳаи калонтарини ноҳияи Деваштич - Басманда солҳои пешин баҳри таълиму тарбияи фарзандони деҳ омӯзгорон аз дигар шаҳру навоҳӣ бо роҳхат ба кор фиристонида мешуданд. Соли 1956 фарзанди деҳқони одӣ Бобозоҳид Ёров мактаби миёнаро хатм кардаву барои дуою фотеҳа ба падар муроҷиат кард.

Падар орзуи нахустписарашро, ки ба шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) ба таҳсил рафтанӣ буд, пазируфт ва дастонашро ба рӯйҳояш молида, ба фарзанд барори кор таманно намуд.

Ҳамин тавр, Бобозоҳид Ёров ҳуҷчатҳояшро ба факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии ба номи Кирови шаҳри Ленинобод (алҳол Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) супорид. Дар давраи донишҷӯиаш ин ҷавони масъулиятшинос доимо бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард, дар иштирок ба корҳои ҷамъиятӣ фаъол буд.

Бобозоҳид Ёров соли 1961 бо гирифтани дипломи мактаби олӣ ба зодгоҳаш, деҳаи зебоманзари биҳиштосои Басманда баргашт. Ӯ дуюмин нафар аз деҳа буд, ки он солҳо бо гирифтани маълумоти олӣ шарафёб гардида буд. Нахустин фарзанди соҳибмаълумоти деҳа - Худойдод Бониёзов соли 1959 донишгоҳи мазкурро бо дипломи сурх хатм кардаву дар мактаби деҳаашон кору фаъолият мебурд…

Бобозоҳид бо дилу нияти пок дар мактаби миёнаи ба номи Л.Толстой машғули таълиму тарбия гашт. Илм ва донишҳои азхуднамудаашро дар корҳои ҳаррӯзааш татбиқ мекард. Баъдтар ин омӯзгори ҷавону боистеъдод  директори мактаб таъйин шуду доираи фаъолияташро вусъат бахшид.

Роҳбари донишманду кордони мактаб аз хоҷагии давлатии совхози «Қалъаи дӯст» 7 гектар замин гирифту бригадаи истеҳсолии хонандагонро ташкил намуд. Хонандагон аз замини ба онҳо вобасташуда ҳосили дилхоҳ рӯёнида, ҳамагонро қоил кардаанд. Аз ҳамин ҷиҳат мактаби миёнаи №7-и деҳаи Басманда, ноҳияи Деваштич бо самаранокиву меҳнатдӯстии бригадаи истеҳсолии хонандагонаш ба шарафи иштирок дар Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқ (ВДНХ) – и СССР ноил гашт. Худи Бобозоҳид Ёров ба шаҳри Москва сафар карда, комёбиҳои мактабашро муаррифӣ намуд.  Заҳматҳои сарвари мактаби миёнаи №7, деҳаи Басмандаро бо автомошинаи сабукрави  «ВАЗ-2101» қадршиносӣ карданд.

Бо роҳбарии Б.Ёров он солҳо осорхонаи мактаб таъсис дода шуда, ному насаби иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз деҳаи Басманда аниқу муайян карда, корномаашон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Ҳамасола тақрибан 60-70 нафар хатмкунандаи ин даргоҳ роҳ сӯи донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ пеш гирифта, имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида, ба номи пуршарафи донишҷӯ ноил мегаштанд. Аз ҳамин лиҳоз, шумораи соҳибмаълумотҳо дар деҳа зиёд гашта, онҳо дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият мебурданд.

Устод Бобозоҳид Ёров ҳамчун директори мактаб ва узви фаъоли ҷамъияти «Дониш»-и вилоят дар қатори дигар аъзои гурӯҳи тарғиботчиён ба шаҳру ноҳияҳои вилоят дар вохӯриву ҷамъомадҳо иштироки фаъолона дошт. Хизматҳои шоёну шоистаи устод бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. 18-уми декабри соли 2016 сокинони деҳа 70-солагии таъсисёбии мактаби №7-ро ҷашн гирифтанд. Таклиф шуда буд, ки ин муассиса ба номи устод Бобозоҳид Ёров номгузорӣ карда шавад. Аммо татбиқи ин таклиф 3 сол боз таъхир меёбад. Аз мақомоти дахлдор хоҳиш менамоем, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

 

Ҷумъабойи

Қурбонмуҳаммад,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш